"Ман ватанамро ёд кардам..."

Оё давоми ин ҷумла чӣ буда метавонист?
Чаро нависанда онро давом надод? Оё баъди чунин навиштан вай гирист, хандид, бархосту ба кӯча рафт ва ё сар гузошту хобид? Ин ноз буд ё фарёд? Аз дарду ғам берун омад, аз хурсандии бузург ва ё аз ноумедии як мусофир? Оё дили ӯ аз сардии бегонаҳо танг шуда ва ё аз бемеҳрии худиҳо?
Хулоса садҳо саволи беҷавоб.
Чаро инсон ватани худро ёд мекунад?

"Яке расид ба хотирам,
Калобаҳои модарам..."

Дар ҷустуҷӯи посух ба саволҳои худ ба муаллифи ин суханон, шоири номдори тоҷик Бозор Собир занг задем. Вай аз соли 1993 дар хориҷ аз ватан ба сар мебарад. Дар ин байн ду бор баргашт, аммо он ҷо наистоду боз ба Амрико рафт ва дар авҷи саргаштагиҳо гуфт, шояд ҷояш уқёнуси Ором аст, то он ҷо ором бигирад. Хуб, устод Бозор, шумо мераведу меоед ба ватан ва ба ин номаи кӯтоҳи як ҳамдиёр "ман ватанро ёд кардам" чи мегӯед?

Бозор Собир: "Агар ки пул медоштам, боз рафта меомадам. Лекин ман ҳамон...эҳҳ, охир ман намедонам, он бачае ки ба шумо паём навиштааст, кисту чикорааст, аммо ватан ҳамеша ватан аст ва онро ҳама ёд мекунад. Ҳатто гумон мекунам, ки парандаҳо ватанашонро ёд мекунанд. Ватан муқаддас аст. Шарафу дину мазҳаби одам пеш аз ҳама ватанаш аст ва ёд кардани он ҳатмист. Ҳама ёд мекунад, аз ҷумла ман ҳам бисёр сахт ёд мекунам. Боз ман ки ҳамаи умрам он ҷо гузаштааст. Бачагию ҷавонию дӯстию рафоқату кору...Ин ногузир аст, ки кас ватанашро ёд кунад.
Савол: "Устод, шумо вақте Тоҷикистонро тарк мекардед, навишта будед, ки хостаед дар тирезаи ҳавопаймо ба он хатти бутлон кашед. Навишта будед, на шумо рӯи онро бинеду на он рӯи шуморо..."
Бозор Собир: "Аааа, ҳа-ҳа-ҳа, ҳамин тур буд, дуруст аст, рост аст. Вале аҳволи ману саргузашти ман дигархелтар аст. Ман аз зиндон баромада будам ва пур аз хашму ғазаб будам. Лекин дар ҳамон ҳол ҳам ман гуфтам, ки хостам, лекин накардам, хостам...вале туф накардам. Чунки намешавад. Ҳамон хасу хошокашро ҳам ёд мекунӣ."
Савол: "Устод, шояд муаллифи ин нома касест, ки дар ватан нагунҷидааст. Баъзеҳо мегӯянд, он чи ватан аст, ба ман чи кардааст, ки ман онро дӯст дорам."
Бозор Собир: "Шояд. Аммо ватан наметавонад, хизмати ҳамаро бикунад, нози ҳамаро бардорад ва албатта, дар ин миёна одамони зиёде ҳастанд, ки норозиянд. Ҳама гилае дорад. Ман ҳам аз ватан гила дорам. Аммо шояд ин бачаҳо аз ман ҳам оворатару бадбахттар бошанд. Ва шояд гилаи онҳо бештар бошад. Вале ба ҳар ҳол, хоҳ ки ҷавон бошанд, хоҳ солхӯрда, хоҳу нохоҳ боз дари ин ватанро як рӯз мекӯбанд."

Дар сӯҳбат бо устод Бозор Собир шунидем, ки ватану шарафу номусро дар як саф гузошт. Муҳаққиқи олмонӣ Карл Берне навиштааст, ишқ ба ватан наметавонад нимагӣ бошад. Ҳаркӣ ҳамаи чиро барои он намекунад, чизе намекунад, ҳаркӣ ҳама чизашро ба он намедиҳад, пас чизе намедиҳад.

ХИЗМАТИ ВАТАН

Ба зудӣ даври нави даъват ба сафҳои артиши миллии Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Баҳори имсол аввалин бор гуфтаанд, ки даъват бе зӯровариҳо ва маҷбуркуниҳо сурат гирифт. Дар идомаи барнома гузорише хоҳем дошт, аз як қисми ҳарбӣ дар Тоҷикистон бо як ҳикояти ҳайратовар, вале мавзӯъро аз посухи душизагон ва бонувони тоҷик сар мекунем. Коромӯзи барномаи "Ҳамнафас" Нилуфари Собир аз онҳо пурсид, ба хидмачиёни ҳарбӣ чи назар доранд ва агар онҳо арӯс бошанду интихоб байни домоди сарбоз ва коргар, кадомеро бармегузинанд. Ин тавр маълум шуд, ки аксари духтарони тоҷик ба сарбозон чандон таваҷҷӯҳ надоранд. Онҳо мегӯянд, ҳарбиён ба таъмини оила пурра қодир нестанд ва аксари вақт дур аз хонавода мебошанд. Зане гуфт, вақте сарбозони тоҷикро нишон медиҳанд, аксари онҳо лоғару хурдҷусса ҳастанд ва духтарон ҷавонони тануманду солимро дӯст медоранд. Вай гуфт, ҳукумат сарбозони худро хӯронда ва пӯшонда наметавонад.
Сарлашкари машҳури рус Суворов навиштааст, дар ҷомеае ки бонувон сарбозонро дӯст намедоранд, ё ҷомеа солим нест ё артиш.


САРБОЗ Ё ГАРАВГОН

Ҳамкорам Раҳматкарими Давлат ба яке аз қисмҳои ҳарбӣ сар рафт ва гуфт, мехоҳем бидонем, оё умри сарбозон дар ин ҷо чигуна мегузарад. Аз чӣ бошад, фармондеҳон чандон шод набуданд, ки хабарнигорон, ба ҳаёти дохили қисми ҳарбӣ таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд. Ва сӯҳбат бо сарбозон танҳо дар ҳузури фармондеҳон мумкин буд. Ва онҳо мегуфтанд, вазъашон хуб аст, мушкиле надоранд. Вале дида мешуд, ки либоси онҳо нимадошт ва пойафзолашон даридаву кӯҳна буд. Гуфтанд, аз кӯмак ба селзадагон баргаштаанд ва ба зудӣ сарулибоси онҳо нав хоҳад шуд. Аммо фармондеҳон бо ҳар баҳона аз гуфтугӯ саркашӣ карданд.
Як ҷавони дигар дар кӯчаи Душанбе гуфт, артишро дӯст медорад ва пас аз хатми таҳсил ба хизмати ҳарбӣ меравад. Вале вақте дастгоҳи сабти овоз хомӯш карда шуд, гуфт, аслан ба ин фикр нест, чунки вазъиятро дар артиш медонад ва ба назари вай мо, ҷавонон ба артиш намеравем, моро мебаранд.
Ва аксари ҷавонон дар кӯчаҳои Душанбе дар посух ба саволи ҳамкори мо, Абдураҳими Умарзод, огуфтанд, хизмати ватан қарзи ҳар шаҳрванд аст, онҳо низ омодаанд, ба сафи артиш раванд, вале аввал бояд таҳсил кунанд. Онҳое ки таҳсил мекунанд, гуфтанд, намехоҳанд, дар ду соли хизмат, андӯхтаҳои хешро фаромӯш намоянд ва таҳсилу кори онҳо дар дигар ришта низ хизмат ба ватан мебошад.

ДОСТОНИ ТОҶИКИ ЛУИЗИАНА

Ҳамкори мо дар Ню Йорк, Латифи Латифӣ бо як ҷавони тоҷик ҳамсӯҳбат шуд, ки дар минтақаи тӯфони Катрина шоҳиди рӯйдодҳои сангини Амрико шудааст. Дар оғози сӯҳбат, донишҷӯи тоҷик Рустам Мирзоширинов чигуна ба сокини Луизиана табдил ёфтани худро нақл кард ва сипас ҳолу ҳавои рӯзҳои офатро нақл кард. Рустам Мирзоширинов, донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи Батон Ружи аёлати тӯфонзадаи Луизиана аз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида ташаккур кард, ки як рӯз баъд аз офат, ӯро пайдо карда, аз аҳволаш пурсон шудаанд. Дар Луизиана боз як шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебурдааст, ки кормандони сафорат ӯро меҷӯянд ва акнун худи Рустам низ мехоҳад, ҳамватани худро пайдо кунад. Вай ба воситаи барномаи "Ҳамнафас" ба ҳама ҳамватанон Иди истиқлолияти миллии Тоҷикистонро табрик гуфт ва ба онҳо саломатию хушбахтӣ орзу намуд.