Ба бовари ҳунаршиносон нахустин рақсе, ки инсон анҷом додааст, рақси шикор буда, дар ҷомеаи ибтидоӣ анҷом шудааст. Чӣ гуна ва чаро? Абдураҳмон Назиров ҳунаршинос ва муовини Раиси идораи дастаҳои ҳунарии Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон мегӯяд, одамони ибтидоӣ дар ибодати худ ба нируҳои мавҳум ва пеш аз омодагӣ ба шикор ҳаракатҳои мазмундоре анҷом медоданд, ки метавон онро аввалин рақси инсон номид.
Дар фарҳанги тоҷикӣ рақс бо чанд истилоҳ вобаста ба шароити хоси забон ва таърихӣ баён шудааст. "Рақс, арғушт, арғишт, усул, бозӣ", вале акнун роиҷтаринаш раққосӣ аст. Аммо бино ба бовари бархе аз донандагони таърих дар форси қадим "арғушт" гуфтаанд. Иосиф Брагинский, ховаршиноси маъруф бар ин назар аст, "арғушт" ва "арғуштак" ва ойинҳои рақсӣ дар таърхи эрониён ба ифтихори қаҳрамони достонҳои қадимӣ, аз ҷумла камонкаши номвар Арғаш, ки акунун ба шакли Ораш истифода мешавад ба Авасто бар мегардад.
Ба гуфтаи донишмандони ҳунаршинос рақс хусусан дар унсурҳои он дар зиндагии иҷтимоии мардуми тоҷик ва хоса дар достонҳои ва амалҳои паҳлавон ва қаҳрамонӣ барҷаста бозтоб дорад. Намунаи барҷастаи он дар «Шоҳнома» и Фирдавсӣ тасвир шудааст. Пайванди Гулмурод доктори улум: "Рақс дар гузаштаи бостонӣ анвои гуногун дошта. Монанди рақси пеш аз набард, ки матонат ва нируро нишон медиҳад. Ҳаракати паҳлавонон пеш аз овехтан ба ҳам як рақсест барои озмудани нируи рақиб. Ва рақсҳои орому мавзуни пурмазмун, ки имрӯз, афсӯс намебинем.
Ба гуфтаи ҳунаршинос Абдураҳмон Назиров ва дар маҷмуъ ба эътиқоди бисёре аз донандагони вазъи ҳунар дар шароити кунунӣ, аммо рақси тоҷикӣ ба унвони унсуре аз ҳунари миллӣ бештар дар достонҳои куҳан ва дар хотираҳо боқӣ мондааст. Ва дар шароити кунунӣ рақси миллӣ рушди чандоне надорад. Ба истилоҳи Мӯъмин Қаноат, дар рақси тоҷикӣ ҳаракати дасту по ҳаст, вале умдатан ҳаракати бемазмун. Аз оғои Назиров, ки солҳо коргадони барномаҳои саросарии мардумии "Бӯстон" будааст, иллати инро мепурсам ва ӯ мегӯяд, ки устодони рақс аз саҳнаҳо поин шудаву дар ҷои онҳо устодони нав зуҳур накарданд. Сониян, на танҳо рақс, балки бисёр риштаҳои ҳунару фарҳанги миллии мо дар ҳоли шикаст қарор доранд, зеро афроди тасодуфӣ ва бемоя дар садри ин соҳа нишастаанд.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик, тавре ишора рафт, то зуҳури ислом анвои мухталифи рақс бо ановини мухталиф вуҷуд дошт ва иҷро мешуд. Ба навиштаи профессор Низом Нурҷонов, рақсро ҳам мардон ва ҳам занон иҷро мекарданд. Ҳатто гуфта мешавад, "дует" истилоҳи тоҷикист, ки маънои рақси як зану як мардро дошта ва акси он дар минотурҳои бостонӣ боқист. Як ҳайкалчаи нафиси рақоссаи пеш аз милод дар ҳафриёти Панҷакент кашф шуда, ки ҳоло дар Осорхонаи Эрмитоҷи Русия мебошад. Аммо бо омадани ислом рақси зану мард ҳарду мамнӯъ буда. Ва танҳо баъди барқарории давлати шӯравӣ ва таъсиси Тоҷикистон ойинҳои куҳан дубора то ҷое зинда шуда, вале боз ҳам ру ба вайронӣ ва нобудӣ дорад. Имруз ҳатто назокати рақси занона аз миён рафтааст ва маълум нест, ки ба дурустӣ намешавад ташхис дод, ки ҳамин рақси маъмул мардона аст ё занона. Пайванди Гулмурод мегӯяд, кас дар шигифт мемонад, вақте мардҳо бо ҳаракоти занона мерақсанд ва баракс занон дар саҳна монанди қаҳрамонҳои асотирӣ меҷаҳанду мепаранд.
Лола Кенҷаева, як устоди рақси дастаи машҳури "Зебо", ки мегӯяд баъд аз бист соли кор бознишаста шуда, вале ҳамоно ба наврасон даср меомӯзад, мегӯяд, устоди вай Зебо Аминзода, вақте рақсеро таҳия мекард, таъкид меовард, ки ҳар ҳаракат ва ҳар нигоҳ бояд маънии муайянеро таҷассум кунад. Аммо имрӯз дар рақсҳои рӯи саҳна ва толори сур, ҳаракатҳо ё каммазмунанд ва ё беахлоқона.
Бо вуҷуди ин дастаҳои фаровони рақсӣ пайдо шуда, ҳар кадоме ҳам даъвои эҳёи суннатҳо ва ойини рақсро мекунад. Аммо мушкил ҳамон аст, ки дарки суннатҳо ва ҳадафи рақсро надоранд.
Ҳунаршинос Назиров мегӯяд шоҳиди ҳунарнамои як дастаи ҳунарӣ дар яке аз вилоятҳо буд ва вақте дид, рақс ва ҳаракатҳо маънӣ надоранд, инро ба масъулини даста гуфтаааст ва посухи онҳо чунин буда, ки ин рақси сафед аст.
Яъне мисли шеъри сафед.
Бе вазн ва бе қофия.
Ва, афсӯс, бе мазмун.