Кумитаи назорати молӣ зиёни идораҳо ба буҷаро 55 миллион ҳисоб кардааст

Кумитаи давлатии назорати молиявии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ин ниҳод дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мақомоти мухталифи кишварро ҳудуди 600 маротиба мавриди тафтишу санҷиш қарор додааст ва дар ин замина муайян кардааст, ки муассисоти давлатӣ ба маблағи беш аз 55 миллион сомонӣ, муодили 18 миллион доллари амрикоӣ ба бӯҷаи давлатӣ зарар расонидаанд. Матлубхон Давлатов, раиси кумитаи назорати молиявии Тоҷикистон гуфт, аз ҷониби ниҳоди ӯ фаъолияти молиявии ҳукуматҳои 13 шаҳру ноҳияи кишвар тафтиш гардидааст ва маълум шудааст, ки раҳбарони мақомоти маҳаллӣ маблағҳои бӯҷаро худсарона ба мақсадҳои дигар масраф мекунанд.

«Вақте буҷаро кам ба нақша мегиранд ва он барзиёд иҷро мешавад, ҳокимияти маҳаллӣ, раиси ноҳия аллакай имконият пайдо мекунад, ки маблағҳои иловагӣ аз нақша бавуҷудомадаро ба кадом мақсаде, ки хоҳад, худаш хароҷот намояд, дигар намепурсад вай, харҷномаро худаш муайян мекунад. Як камбуди дигар он аст, ки бисёр масъалаҳо оид ба пардохти кӯмакпулиҳо нисбати пардохти барқу газпулиҳо вуҷуд доштанд, одамҳои набудагиро илова карда ҳамон маблағҳоро аз худ карданӣ шуданд. Вақти пардохти нафақа ва таъин намудани он дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар кам шуд. Маълум гардид, ки ҳатто онҳое, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ба онҳо нафақа навишта, пулашро мегиранд. Ба воситаи чӣ ин корҳо анҷом дода мешаванд? Ҳам ба воситаи бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳам ба воситаи Амонатбанк. Чунки ин ду ташкилот метавонад фақат ҳамин корҳоро амалӣ гардонад. Банк ҳеҷ гоҳ наметавонад гӯяд, ки вай мурдааст, банк ҳамон рӯз огоҳ мешавад."

Раиси кумитаи давлатии назорати молиявӣ бо изҳори таассуф афзуд, дар нисбати ин далелҳо кумитаи мазкур хулосаҳои худро унвонии мақомоти додситонӣ ирсол медорад, вале саривақт ба ҳамаи мактубҳояш посух намегирад.

«На ба ҳамаи он ҳуҷҷатҳое, ки мо ба мақомотҳои интизомӣ ва додситонӣ мефиристем, саривақт ҷавоб мегирем. Масалан, дар соли 2005 мо 149 мактубе, ки ба Додситонии кулл фиристодем, ба 77-тояш ҷавоб гирифтем. Ҳол он ки мӯҳлаташон аз як моҳ гузаштааст, онҳо бошанд, бояд давоми даҳ рӯз ба мо посух диҳанд. Баъзе маводамон умуман беҷавоб мемонанд, вале чӣ бояд кард, мо аз болои прокуратура шикоят карда наметавонем, лекин ба Ҷаноби олӣ менависем."


Матлубхон Давлатов дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди он ки чӣ камбудиҳо дар фаъолияти корхонаи арзизи Тоҷикистон аз ҷониби кумитаи назорати молиявӣ ошкор шудаанд ва дуруст аст, ки алайҳи сарвари собиқи ин муассиса Абдуқодир Эрматов фасод ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, чунин гуфт:

"Аз он гуфтагии шумо ҳам зиёдтар камомад ошкор шудааст. Дар ин бора умуман оид ба далели камомад дар завод парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст ва тафтиши пешакӣ идома дорад нисбати роҳбарияти корхона, муҳосиботи он. Ман боварӣ дорам, он 145 миллион долларе, ки аз ҳисоби зиёд навиштани нархи ашёи хоме, ки ба корхона ворид мешавад ва онро А. Эрматов имзо кардааст, баргардонида мешавад. Ин маблағро ширкати «Ансол», ки бо корхонаи арзизи Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад, пардохт карданист, зеро вай фаъолияти худро дар кишвар давом доданист".

Ҳамзамон Асланбек Саъдуллоев, масъули идораи назорати ҳокимияти давлатӣ гуфт, камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти молиявии се вазорат - кишоварзӣ, энержӣ ва нақлиёти кишвар низ ошкор гардидааст ва инчунин ояндаи наздик тафтиши фаъолияти молиявии Ҳукумати Тоҷикистон низ дар назар аст.