Зарангези Наврӯзшоҳ аз Варзоб Имрӯз, дар Душанбе ҳаво 36 дараҷа гарм аст ва дар кӯчаҳои Душанбе зери нурҳои сӯзони офтоб ба ҷуз донишҷӯёни саргардон аз паси санҷишу имтиҳонҳо дигар касе нест. Гурезон аз ин нурҳои сӯзон як гурӯҳ кӯдакону наврасони тоҷик ба дараи хушманзараи Варзоб рафтанд.
Инҳо хонандагони макотиби миёнаи чаҳор ноҳияи пойтахт мебошанд, ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе ва идораи маорифи шаҳр ба фароғатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Вайсиддин Зайниддинов, сармутахасиси идораи маорифи шаҳр мегӯяд, танҳо дар басти якум зиёда аз 800 кӯдаку наврас ройгон ба истироҳати тобистона фиристода шудаанд. Ба фарқ аз солҳои пешин имсол аксаран кӯдакони ятим ва аз оилаҳои фақир ҳамчунин теъдоди зиёди наврасони душвортарбия, ки дар қайди вазорати корҳои дохила ҳастанд ба истироҳатгоҳ фиристода шудаанд. Ҷаноби Зайниддинов мегӯяд, бо ҷалби ҳарчи бештари наврасони ҷинояткор ба фароғатгоҳҳо метавон то андозае роҳи ҷинояткориро дар миёни ноболиғон гирифт:
« Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, омӯзиши асосҳои техникаи компютерӣ ва боз наврасон ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ машғуланд, ки хонандагон имконияти ба корҳои ношоям даст заданро надоранд дар ин фароғатгоҳҳо.»
Ман аз паи матраҳи ин мавзӯъ аз истироҳатгоҳи Шарора, ки дар Варзоб воқеъ аст, дидан намудам. Наврасон ба гурӯҳҳо тақсим шуда бо мураббияҳои худ ба ҳар гуна бозиҳо машғул буданд, аммо мушоҳида мешуд, ки аз болои наврасони душвортарбия назорати махсус бурда мешавад. Дар дохили истироҳатгоҳ, кормандони милиса ҳам буданд, ки ба ҳар як кору рафтори ин гуна наврасон диққати ҷиддӣ медоданд. Муносибати мураббиён бо наврасони душвортарбия ва машғулиятҳои ин наврасон низ аз дигар хонандагон фарқ мекард. Кароматулло Ҳусейнов, муаллими тарбияи ҷисмонии фароғатгоҳи Шарора мегӯяд, агар як бор кӯдакро ба бозии манфиатовар ҷалб кунӣ вай дигар ба корҳои ношоям даст намезанад.
Мураббиёни ин истироҳатгоҳ дар натиҷаи озмун интихоб шудаанд ва онҳо бояд тавонанд бо ҳама хонандагон бахусус ба наврасони ҷинояткор кор бурда, ба онҳо таъсири равонӣ расонанд ва мавриди тарбия қарор диҳанд. Аммо Гулнора Розиқова, мураббияи ин истироҳатгоҳ мегӯяд барои тарбияи ин наврасон бозича ва ашёҳои зарурӣ нокофӣ аст:
«Хуб мешуд, ки ба лагери мо бозичаҳои рӯи мизӣ меоварданд, мазайкаҳо, ки барои ғундоштани онҳо шуур даркор аст ва пурра таъмин кардани бачаҳо бо бозиҳое,ки шуури онҳоро боло бардорад.»
Худи ноболиғони душвортарбия аз икдоми ба истироҳатгоҳ фиристода шуданашон изҳори хурсандӣ мекарданд. Аксари онҳо барои аввалин бор дар таътил ба истироҳати тобистона омада буданд ва эҳосоти худро чунин баён намуданд. Танҳо чизе, ки дар соатҳои ҳузури ман дар истирохагоҳ наврасон аз он норози буданд, ин набуди имкони оббози дар бассейн буд. Зеро бассейнро он лаҳза дору карда буданд ва наврасон бесаброна мунтазири тоза шудани оби басссйен аз дору буданд.Охир онхо ба лагер маҳз барои оббози омада буданд.