Яке аз мушкилоти аслӣ дар роҳи омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон нарасидани муаллимони ин забон, китобҳои дарсӣ ва фанновариҳои муосир будааст. Ин нукта дар конафронси чаҳоруми муаллимони забони англисии кишварҳои Осиёи Марказӣ, кирӯзи 24 июн дар Душанбе бо ибтикори вазорати маорифи Тоҷикистон ва сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гашт, баён дошта шуд.
Бар асоси маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, феълан дар 3 775 мактаби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон забони англисӣ таълим дода мешавад ва дар 32 синф таълим танҳо ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Бар асоси малумоти ҳамин сарчашма, феълан дар сартосари кишвар 1 243 муаллими забони англисӣ намерасад.
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар доираи барномаи давлатии таҳкими омузиши забони русӣ ва англисӣ, ки барои солҳои 2004 - 2014 таҳия шудааст, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ корҳои чашмрасе анҷом дода шудааст. Ҷаноби Раҳмонов афзуд, аммо барои пиёда сохтани ин барнома, соҳаи маорифи кишвар ба маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ ниёзманд аст. Оқои Раҳмонов ҳамчунин гуфт, яке аз мушкилоти умда дар роҳи пиёда кардани барномаи давлатии таҳкими таълими забони англисӣ ва русӣ беэътиноии падару модаронаст, ки ҳанӯз аз худ камтар ташаббус нишон медиҳанд: "Бояд падару модарон ҳисси масъулияти баланд дошта бошанд ва дар роҳи таълими забонҳои хориҷӣ ба соҳаи маориф кӯмак кунанд."
Парвона Ҷамшедов, раиси иттиҳодияи муаллимони забони англисии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар 1 200 мактаби таҳсилоти ҳамагонии кишвар муаллимони забони англисӣ намерасанд. Парвона Ҷамшедов мегӯяд, сабаби аслии дар навоҳии кишвар нарасидани муаллимони забони англисӣ, маоши нокифояи омӯзгорон ва камбуди шароити таълим дар мактабҳост: "Иллати асосӣ дар камии маоши муаллимон мебошад. Бинед, ки рӯз ба рӯз нархи молу амвол боло меравад. Албатта, имсол маоши муаллимон каме боло рафт ва мо тавонистем як қисми муаллимонро ба мактаб баргардонем, аммо зиндагии муаллимон бисёр сахт аст."
Мавлуда Маҳмудова, яке аз иштирокдорони конфаронси мазкур, мегӯяд, вай беш аз 20 сол аст, ки ба шогирдони мактаби таҳислоти ҳамагонии рақами яки ноҳияи Исфараи вилояти Суғд забони англисӣ меомӯзад ва танҳо ба хотири дилбастгиаш ба ин касб ва ба ин забон натавонистааст, ки ҷойи корашро тарк тарк кунад. Хонум Маҳмудова гуфт: "Тасаввур кунед, ки як дарахт дар як ҷой месабзад, 20 сол самар медиҳад, чӣ гуна мешавад, ки онро канда, дар ҷойи дигар шинонд? Ман касбамро бисёр дӯст медорам ва наметавонам онро тарк кунам."
Бино ба маълумоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ахиран ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати мусоидат ба раҳандозии барномаи давлатии таҳкими омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла,чопи китобҳои дарсӣ, таъмини макотиб ва донишгоҳҳо бо таҷҳизоту фанновариҳои муосир, ва бозомӯзии муаллимони забони англисӣ 2 миллион доллар ҷудо кардааст ва дар ҳоли ҳозир беш аз 200 нафар аз муаллимону хонандагони тоҷик дар Амрико машғули бозомӯзӣ ва таҳсил мебошанд.