Чаро ҷавонон бештар ба насроният майл мекунанд?

Қӯрғонтеппа Латиф бо ситоиш аз дини нави худ мегӯяд: "Дар муқоиса ба дигар адён, дини масеҳӣ ором аст. Дар ин дин тавре нест, ки масалан, баъзан, дар замони муосир ба номи худованд инсонро қурбон созанд. Ин динест, ки инсонро кӯмак мекунад, то ба дигарон ёрӣ расонад ва онҳоро дӯст дорад ва душманонро бубахшад."
Латиф Раҳимов, сокини 25-солаи ӯзбактабори ноҳияи Шаҳритӯс, ки се сол пеш масеҳиятро қабул кард, дар калисои католикҳои рими шаҳри Қӯрғонтеппа хизматчӣ аст ва мегӯяд, масеҳиятро ихтиёран пазируфтааст. Вай меафзояд, дар ноҳияи онҳо теъдоди зиёди ҷавонон ба дини масеҳӣ гароиш доранд ва чанде аз онҳо ин динро ба ҳайси эътиқоди худ пазируфтаанд. Вале, мегӯяд ӯ, бархе аз онҳо ҳарчанд ба ин дин эътиқоди зиёд дошта бошанд ҳам, ба иллати мамониати волидайн ва ҳарос наметавонанд, расман худро масеҳӣ эълом доранд. Ба гуфтаи Латифҷон рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе, ки рӯзҳои намозгузорӣ аст, ҳаддиаққал панҷ нафар ҷавони тоҷику ӯзбактабор ба калисо меоянд. Ӯ меафзояд дар ин калисо мо кӯдаконро аз дину худованд ва пайғамбарамон меомӯзем, вале дар байни мардуми дигар динҳо тарғиб намекунем, тавре ки равияҳои протестантиву баптистии дини масеҳӣ ин корро дар ҳудуди вилоят анҷом медиҳад.
Дар ҳамин ҳол Дания Абдураҳимова, як хонуми тотор, ки 6 сол қабл дини исломро гузоштаву масеҳиро пазируфт ва дар калисои баптистҳои шаҳри Қӯрғонтеппа посбон аст гуфт, дар ибодатгоҳи онҳо низ теъдоде чанд аз мусалмонон, ки тоҷику ӯзбактаборанд, дини масеҳиро пазируфтаанд: "Мо танҳо аз тариқи Китоби муқаддас мардумро ба ин дин ҷалб мекунем. Барои мисол вақте ки мо маросими намозгузориро анҷом медиҳем,ба кӯча ва ё бозор меравем ва бо мардум дар мавриди Худо ва Исои Масеҳ ҳарф мезанем, бо рафтор ва муносибати худ атрофиёнро ба ин дин ҷалб месозем. Ҳамчунин мо китобхонаҳо дорем дар дохили калисо, ки дар фурӯш китобҳои динӣ доранд. Ҳамзамон бо ин мо тасмим дорем, дар шаҳри Қӯрғонтеппа чанд фурӯшгоҳи адабиёти диниву мазҳабиро таъсис диҳем, то мардум аз ҳақиқати ин дин огаҳ шаванд ва ба худо рӯ биёранд. Вале иҷборан мо касеро ба ин ворид кардани нестем."
Хонум Абдураҳимова дар мавриди рӯ овардани худ ба масеҳият гуфт, ман дар зиндагӣ ба як мушкили сангин мувоҷеҳ гашта маҷбур шудам рӯ ба худованд биёрам то ин мушкили ман комилан бартараф шавад ва ба ҳамин тартиб дини масеҳиро пазируфтам. Аммо ӯ дар мавриди нафароне, ки аз дигар адён ба масеҳҳият шомил шудаанд, теъдоди мушаххасеро номбар накард, вале гуфт шумораи онҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин дар ҳолест, ки уламои дини ислом дар минтақа гаравидани ҷавонони мусулмоон ба дигар динҳо ба вижа масеҳиро марбут ба ноогаҳи аз ҳақиқати ислом, камдонишӣ ва бетаваҷҷӯҳии онон ба ин дин ном мебаранд. Ҳоҷӣ Муродҷон Собитзода, ноиби раиси Шӯрои уламои дини Хатлон дар робита ба ин масъала гуфт:
Инро хуб медонем, ки онҳо хона ба хона гашта, китоҳои худро тақсим мекунанд, ваъдаҳои пуливу молӣ мекунанд. Дар ҳақиқат ташвиқи онҳо миёни мардуми вилоят зиёд аст. Агар ин тарғибу ташвиқ набошад ҷавонон аз дини худашон гузашта ба дини бегона рӯ намеоранд. Ин дар ин замонест, ҷавонон аз дину мазҳаби худ хуб огаҳӣ надоранд ва ба пулу моли ночиз дода мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки коршиносони маҳаллӣ низ ҷанбаҳои иҷтимоӣ доштани мушкили гаравидани ҷавонони муслимро ба дигар адён таъкид мекунанд. Абдураҳим Қурбонов, дар бораи кори таблиғгарон ва ё миссионерҳо мегӯяд: "Онҳо дар асл ба ду табақаи ҷавонон --сармоядору камбағалтарин мутаваҷҷеҳ мешаванд, ба ҷавонон аз оилаҳои миёнаҳол кордор намешаванд. Зеро сухани ҷавони сармоядор ба ҳарду табақаи дигар мегузарад ва метавонад чанд нафари дигарро ба дини масеҳӣ ҷалб намояд. Табақаи камбағали ҷавонон, ки бекору бесармояанд, ба каме молу пул дода шуда аз дини худ даст мекашанд." Ба гуфтаи оқои Қурбонов, дар сурати аз сӯи дигар адёну мазоҳиб пуштибонӣ ёфтан онҳо ҳатман он дину мазҳабро ҳарчанд барояш бегона аст, дар як муддати кӯтоҳ мепазиранд.