Бозори хидматрасонии интернетиро дар Хоруғ ширкатҳои "Телеком Технолоҷӣ" ва "Интерком" дар даст доранд, аммо таввасути ширкати "Тоҷиктелеком" Интернет ба хонаҳои мардум дар маркази Вилояти Бадахшон роҳ ёфтааст. Бино ба иттилои муҳандиси шабакаи хидматрасонии "Тоҷиктелеком" дар Хоруғ Латиф Ҳокимбеков бо зиёд шудани компютерҳо дар хонаҳои мардум сафи онҳое, ки мехоҳанд, аз хона ба ҷаҳони Интернет саре бизананд, афзоиш ёфтааст. Айни ҳол таввасути ширкати "Тоҷиктелеком" зиёда аз чил нафар соҳибони компютерҳои шахсӣ аз хона ба шабакаи Интернет пайваст мешаванд.
Латиф Ҳокимбеков мегӯяд: "Дар Хоруғ соҳибони компютерҳои шахсӣ хеле зиёд мешавад ва бештари онҳо кӯшиш мекунанд, аз хидмати ширкати мо истифода баранд, зеро истифодаи Интернет аз хона барои онҳо осонтар аст. Нархи истифодаи Интернет ҳам арзон мешавад, масалан рӯзона як соат истифода аз он ду сомониву чил дирам аст ва шабона бошад барои як соат як сомониву чил дирам пардохт мекунанд."
Маҳмадшо Қадамшоев, як сокини шаҳр мегӯяд, дар Хоруғ марказҳои хидматрасонии интернетӣ мавҷуданд, аммо Интернет дар хона чизи дигар аст. Яке аз истифодабарандагони Интернет дар хонаи Маҳмадшо писарчааш Шакарбеки панҷсола мебошад.
Шакарбек гуфт:"Дар он бозӣ мекунам ва ҳамчунин дар компютер менависам."
Ширкати "Тоҷиктелеком" тасмим гирифтааст, хидматрасонии интернетиро дар навоҳии Вилояти Бадахшон низ раҳандозӣ кунанд. Мутахассисони ширкат алҳол барои фароҳам сохтани истифода дар маркази ноҳияи Рӯшон кор мекунанд.