Рамазон Абдулатифов - сафири нави Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо рӯзномаи «Парламентская Газета» чопи Маскав гуфтааст, ҳар фарди тоҷик, ки дар Русия ба сар мебарад, чун ҳар муҳоҷири дигар дар зери ҳимояти давлат қарор дорад. Рамазон Абдулатифов аз мулоқоташ бо президент Путин ёдовар шуда, афзудааст, Владимир Путин ба ӯ гуфтааст: "Ҳамакнун бархӯрд бо муҳоҷирони тоҷик ҳамин гуна бояд бошад, ҳар фарди тоҷик, ки Русия меояд, монанди ҳар муҳоҷири дигар зери ҳимояти давлат қарор дорад."
Абдулатифов тавзеҳ кардааст: "Агар то ин замон дар Русия муҳоҷирон муҷозот мешуданд, акнун корфармоёне муҷозот хоҳанд шуд, ки муҳоҷиронро чун ғулом кор мефармоянд, ҳаққи кори онҳоро намедиҳанд ва ҳам ба давлат молиёт намепардозанд. Ҳамаи гуноҳро ба сари одамон бор кардан мумкин нест. Танзими муҳоҷират бар ӯҳдаи давлат ва сохторҳои вай аст."
Абдулатифов ҳамзамон гуфтааст: "Дар робита бо раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Андрей Черненко мулоқот доштам. Барои тоҷикон дар Русия панҷ дафтари додани шиносномаи хориҷӣ ифтитоҳ хоҳад шуд. Дар Маскав, Санкт-Петербург ва се шаҳри дигари Русия."
Рамазон Абдулатифов дар сӯҳбати қаблии худ бо оҷонси "Интерфакс" хостори додани ҳаққи баробар ба русҳои муқими Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Русия дар заминаҳои иҷтимоию омӯзиш ва фарҳанг шудааст.
Сафири нави Русия дар Тоҷикистон дар нахустин сӯҳбати худ бо Радиои Озодӣ низ танзими муҳоҷират байни Тоҷикистон ва Русияро дар сархати барномаи кории худ зикр кард. Вай бо мушкил хондани вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба оворагони тоҷик дар Русия эҳтиром қоил шуд ва эълом кард, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти Тоҷикистон ин мушкилро ҳал хоҳанд кард: "Мо хостори он ҳастем, ки тоҷикон дар Русия кор кунанд. Мутобиқан мо хостори ғамхорӣ ба рустаборони Тоҷикистон ҳастем. Мо ин мушкилотро дар ҳамдастӣ бо мақомоти Тоҷикистон ҳал хоҳем кард."
Бино ба оморҳои расмиву ғайрирасмӣ, ҳарсола дар Русия аз 400 ҳазор то як миллион муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Ба гуфтаи созмони "Муҳоҷират ва Ҳуқуқ" - и Маскав аксари онҳо беш аз 10 сол аст, ки дар ҳоли беҳуқуқӣ ба сар мебаранд. Тайи ин солҳо Рамазон Абдулатифов аввалин намояндаи баландпояи мақомоти Русия аст, ки ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро ба сархати барномаи кори худ шомил кардааст. Ин бардошт аз се сӯҳбати пайдарҳами Абдулатифов ҳосил шудааст. Рамазон Абдулатифов, сафири нави Русия дар идомаи сӯҳбат бо рӯзномаи «Парламентская Газета» гуфтааст, ки рӯзи 15 июн вориди Душанбе хоҳад шуд ва дар нахустин рӯзҳо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва мулоқот хоҳад кард.