Варзишгарони тоҷик аз Арабистони Саудӣ чӣ оварданд?

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи чоршанбе аз нахустин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки аз 8-ум то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд, бо ду медал ба шаҳри Душанбе баргашт.
Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, раҳбари дастаи Тоҷикистон, ки ҳамзамон мудири иҷроияи Кумитаи миллии олимпии ин кишвар мебошад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони тоҷик дар ҳафт риштаи варзиш - баскетболу волейбол, варзиши сабук, карате, таеквондо, теннис ва футбол рақобат карданд. Вай афзуд, варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар рақобатҳои гурзандозӣ медали тилло ва Насриддин Ворисов дар таеквондо медали нуқра ба даст оварданд. Вале дастаҳои мунтахаби баскетболу волейбол ва футболи Тоҷикистон дар ҳамаи дидорҳои худ бо рақибонашон мағлуб гаштанд.

Дар нахустин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ варзишгарони 55 кишвари дунё ширкат доштанд ва дар рақобатҳо, ки дар 15 риштаи варзиш сурат гирифт, намояндагони 32 давлат соҳиби медал шуданд. Бозиҳо бо пирӯзии дастаи мунтахаби мизбонон - Арабистони Саудӣ ба анҷом расид. Тими мунтахаби Миср ҷойи дуввум ва дастаи мунтахаби Қазоқистон ҷойи севвумро ишғол карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми 18-умро соҳиб шуд. Вале тими Тоҷикистон аз дастаҳои мунтахаби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ҳамчунин тими Озарбойҷон поён қарор гирифт. Варзишгарони Узбакистон дар ин бозиҳо ширкат накарданд. Дуввумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2009 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор хоҳад шуд.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе