Шурӯъ аз якуми ноябри соли 2005 кӯмакпулӣ, яъне стипендияи донишҷӯёни макотиби оливу миёнаи махсуси Тоҷикистон як баробар боло меравад. Ин ҳарф аз забони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар суханронияш дар нахустин ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои порлумони Тоҷикистон садо дод:
«Ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки бо мӯайян намудани ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ стипендияи донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсусро аз якуми ноябри соли ҷорӣ ба андозаи сад фоиз баланд бардорад.»
Ин ҳарфи раисҷумҳури Тоҷикистон дар зол кафкӯбиҳои намояндагони мардумиро барангехт. Вале бархӯрди худи донишҷӯён ба ин иқдом чӣ гуна хоҳад буд? Ё ин амал худ барои ҷилавгирӣ аз бархӯрде аст? Хуршеди Атовулло - сардабири «Зиндагӣ» - танҳо нашрияи вижаи ҷавонон дар Тоҷикистон мегӯяд, боло бардоштани кӯмакпулӣ сари ҳар чанд муддате аз аввал ҷо дошт, вале то ба ҳадди саддарсада зиёд кардани стипендия шояд ба инқилобҳои рангоранги ахир дар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ иртиботе дошта бошад, зеро муҳаррики таҳаввулот дар ин кишварҳо ҷавонони норозӣ буданд:
«Чун раванд буд, бояд мешуд. Вале ба ин ҳад баланд шудани он шояд як андоза таъсири ҳамон воқеъаҳо бошад. Ин меҳрубониҳое, ки аз ҷониби боло нисбати ҷавонон арзонӣ дошта мешаванд, ин ҳам далели он аст, ки ҳукумат хуб медонад, ки ҷавонон як қуввае ҳастанд, ки аз эҳсоси онҳо, аз ҷавонии онҳо, аз хуни гарми онҳо қувваҳои сиёсӣ метавонанд истифода кунанд.»
Ба андешаи Хуршеди Атовулло, ин иқдом талошест, барои гарм кардани дили ҷавонон ба ҳукумат. Ба андозаи сад фоиз боло рафтани кӯмакпулии донишҷӯён дар пешорӯи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон сурат мегирад. Акнун, аз соли таҳсили 2005 - 2006 камтарин стипендияи донишҷӯи тоҷик 24 сомонӣ, чизе баробар ба ҳашт доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.
Ҷавонони донишҷӯ дар ин маврид чӣ назар доранд?
Гуфтанист, дар охири моҳи майи соли равон баргузории ҳафтаи ҷавонон ва дар чаҳорчӯби он вохӯрии президент Раҳмонов бо ҷавонони кишвар дар назар аст. Ва аммо дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, рӯзи шанбе, 16 апрел, Эмомалӣ Раҳмонов чанд ҳарфи дигари марбути ҷавонону кӯдакони кишвар низ дошт. Яке оид ба ҷалби иҷбории донишҷӯёни риштаҳои омӯзгорӣ ба макотиб барои дарсдиҳӣ тавассути бастани шартномаҳо:
«Ҳамчунин, дар ҳамаи мактабҳои олии омӯзгорӣ низоми сифатан нави тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар асоси шартномае, ки минбаъд дар соҳаи маориф фаъолият кардани хатмкунандагонро таъмин менамояд, ҷорӣ карда шавад. Бас будагист, аз ҳисоби бӯҷети давлат хононда дар қади кӯча баровардан.»
Президент Раҳмонов ҳамчунин аз вазъи ятимону тифлони бепарастор нигаронӣ карда гуфт,
«Онҳоро ба донишкадаҳои мисли литсейу донишгоҳҳои олии низомӣ беҳтаринҳоро ҷалб намоем, он бевосита ҳам ҷои хоб дорад, ҳам ғизо мегирад, ҳам сарулибос дорад, ҳам тарбияи хуб мегирад ва оянда яке аз фарзандони ба нангу номуси миллати тоҷик шуда ватанашонро ҳимоя мекунанд. Ва духтарони ятим, дар қади кӯча намемонанд, зери по намегарданд, ба дигар корҳои носолим даст намезананд.»
Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, дар назар аст, барои дастгирии ятимон як бунёди ҷамъиятӣ таъсис шавад. Ҳамчунин, боз кардани як литсей - интернати ятимон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст. Ва боз, Эмомалӣ Раҳмонов раванди ҳолинаи ба фарзандӣ хондани ятимонро бисёр мураккаб арзёбӣ кард ва гуфт, ин раванд бояд ба ҳадди имкон осон карда шавад, то ятимон бо тарбияи оила фаро гирифта шаванд.