Марги хазандае, ки умдатан камбизоатонро мебарад

Ин суруд нест. Ин навҳа аст. Навҳаи Шаҳло Исломова, ки рӯзи ҷанозаи хоҳар нола доштааст ва онро Қиёмиддин Муродов, ҳамдеҳаи Шаҳло ба фиттаи сабт гирифтааст. Қиёмиддин сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, фоҷиаи Шаҳло аз даҳон ба даҳон мегардад. Фоҷиаи васл ва марг, фироқу орзу. Фоҷиаи гулдухтаре, ки мехост, пираҳани арӯсӣ ба бар кунад: "Ӯ бисёри бисёр духтари хушрӯ буд. Аммо вақте, ки касал шуд, модараш барои овоза нагаштани бемории духтар ӯро дуздида, деҳа овард, то ба шавҳар бидиҳад." Тибқи иттилоъи расмии маркази мубориза алайҳи сил дар Хатлон, тӯли соли 2004 дар вилоят 1693 мариз ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин теъдод тақрибан нисф зиёди онҳо зан будаанд.

Ва аммо вазъ дар асл чӣ гуна аст?
Ҷӯрахон Исмоилов - сардухтури бемористони амрози сили минтақаи Кӯлоб мегӯяд, тӯли соли 2004 610 нафар бемори сил дар ҳамин беморхона бистарӣ шудаанд. Дар водии Кӯлоб 10 беморхонаи марази сил фаъол аст ва тақрибан дар ҳамаи онҳо мардум бистарианд. Духтур Исмоилов меафзояд, беш аз нисфи маризон зан будаанд, занҳое, ки усулан то 5-7 кӯдак доранд.

Ҷӯрахон Исмоилов мегӯяд, охири соли 2004 12 ноҳияи водии Кӯлоб ба барномаи созмони байналмилалии тандурустии "ДОТС", ё худ Барномаи табобати кӯтоҳмуддати таҳти назоратии сил пайвастаанд. Тибқи ин барнома, ба маризон доруворӣ ройгон мерасад. Аммо ин барнома дар кишвар муваффақ нашуд. Зеро ба тавре ҷаноби Исмоилов мегӯяд, сил марази иҷтимоист ва барои аз байн бурдани он сатҳи зиндагонии мардумро бояд боло бурд:
"Сил аз қадимулайём муайян аст, ки марази иҷтимоист. Барои ин касалро аз байн бурдан, доруворӣ кофӣ нест, балки одам бояд саривақт хӯроки серғизо хӯрад, либоси гарми мавсимӣ пӯшад, бо варзиш шуғл варзад, ки ин имкониятро аксари мардуми деҳот надоранд!"

Аҳмадхон Олимов, мудири шӯъбаи табобатии ҳамин бемористон мегӯяд, марази сил рӯ ба афзоиш аст. Тӯли се моҳи ахир 80 нафар мариз ба қайд гирифта шудаанд, ки бори аввал ба бемористон муроҷеъ шудаанд. Аксари онҳо зан буданд ва аксари ин занҳо бонувони деҳотӣ. Зиндагони сангин дар деҳот сафи маризони силро афзоиш додааст. Тибқи иттилоъи расмӣ, ин мараз дар Балҷувон, Муминобод, Фархор ва Ҳамадонӣ зуҳур карда, дар Кӯлобу Восеъ афзоиш меёбад.

Барои ошноӣ бо вазъ мо озими чанд деҳаи водӣ шудем. Деҳаи Учқуни Восеъ, ки мардум онро ҳамчун Ун рӯи об муаррифӣ мекунанд, мошини моро ғамзадаву мотамбор пешвоз гирифт. Кулбаҳои пасту заҳ ва гилину сарду намкашида пеши назар саф кашидаанд. Кӯдакони нимаурён ва мардону занҳои мариз. Солхӯрдагон ба чашм намерасанд. Аз нигоҳи мо маънӣ бардошта, роҳбалад гуфт, ки ин мардум ба пиронсолӣ намерасанд ва беҳуда мо солхӯрдагонро меҷӯем.

Дар Тоҷикистон шояд кам касеро метавон дарёфт, ки аз вазъи хатарбори ин деҳа воқиф набошад. Барфимоҳ Раҳимова, ки бар шиддати дард аз пой ва даст маҳрум мондааст мегӯяд, бештари сокинони ин деҳа, ки 800 нафаранд, занҳои бевамондаанд. Зеро мардон дар ин деҳа зиёд умр намебинанд. Ва ин занҳо худ маризанд.
Розиқова Раъногул 30 рӯз пеш шавҳарро аз даст додааст. Марди хона маризи сил буд ва то оихрон лаҳза кори саҳро мекард. Хонум Раъногул, модари 7 фарзанд аст. Ӯ медонад, ки умри тӯлонӣ нахоҳад дид, зеро сахт мариз аст. Ягона дилгармии Раъногул ба зиндагонӣ фарзандонанд, ки аз паёмади кори ишон мушавваш аст.

Ӯ мегӯяд, "Ягона умеди мо ба президент Раҳмонов аст. То ӯ наояд ва аз ҳоли зори мо бохабар нашавад, ҳеч кас барои мо хасеро рӯи хасе намегузорад. Ягона дилгармии мо ба Раҳмонов мондааст!"

Саъбагул Қудратова соли панҷ аст, ки бемори бистарист. Ӯ мегӯяд, дар оила 5 мариз аст. Ӯ, шавҳар ва ду духтару як писараш. Хонум Саъбагул медонад, ки ҳамаи онҳо агар вазъ оҷилан ва ба таври бебозгашт тағйир наёбад, маҳкум ба марганд. Ягона коре, ки дар ҳаққи ин мариз ҳукумат кард, ин аст, ки маъоши бознишастагии ӯро аз 5 сомонӣ то ... 7 сомонӣ боло бурданд.

Ва аммо вазъ дар дигар навоҳиву дигар деҳот ҳам бад аст. Ва агар то замони наздиктарин мавзеъи кӯҳманзари Кӯлоб, дар бастагӣ ба табиат ва ҳавои мусоид мавзеъи бидуни сил муаррифӣ мешуд, пас имрӯз аз ин мавзеъ маризон ва дар аксари маврид бонувон ба беморхона меоянд.
Қутосбӣ Нозимова, сокини деҳаи Мумандиёни Муминобод дар 50 солагӣ мариз шудааст. Ӯ мегӯяд, то ҳамин сол дар ин деҳаи кӯҳманзар сил мушоҳида нашуда буд: "Ман ягона нафарам, ки касал шудаам. Чум, намедонум, чӣ ба ин касал дар деҳаи мо пайдо шидастай."

Гулбарг Қурбонова, сокини деҳаи Кафтархона мегӯяд, дар деҳа аксари сокинон мубтало ба сил будаанд, ки бештари онҳо занонанд: "Болнисаи ун ҷо ҳам пурай. Мардуми мо қариб 60 фоизуш касалай, касеро парво нестай."

Қиссаи Фирӯза Назарова сокини Навободи Восеъ, боз ҳам риққатовар аст. Ӯ тӯли як сол ба чанд мараз печидааст: "Аввал грипп шудам, баъд домана ва баъд табларза ва баъди ҳамаи уно сил."
Ва аммо қиссаи Шаҳло, ки бо навҳаи ӯ гузоришро шурӯъ кардем, боз ҳам ғамбортар аст. Модар, ки ӯро дуздида, ба хона овард, то домод аз бемори арӯсаш хабар набарад, ва Шаҳло чодари арӯсиро бубинад, ба мақсад нарасид. Қиёмиддин мегӯяд, қабл аз домод марг Шаҳлоро бурд.

Дар фиттаи ахире, ки Қиёмиддин дорад, ин навҳаи Шаҳло сабт аст:
Гашнича дарав кардуму бастум банча,
Э дар ҳасрати зиндагӣ сӯхтум оча!
Танум, ки ба дарди сил гирифтор шидай,
Танҳо мондуме ай ма рӯ гардонд бача!


Ва аммо фоҷиаи Шаҳло ахири кор нест. Табибон мегӯянд, духтарони ҷавон, ки умед ба зиндагонӣ доранд, бо ҳар роҳу восита маризии худро аз ҷавонон пинҳон мекунанд. Зеро онҳоро арӯсӣ нахоҳанд кард. Модарон низ, аз ҳамин усул кор мегиранд. Ва аммо Саъбагул Қудратова модари ду духтари мариз ва кулли мусоҳибони ман, ба масал теъдоди ночиз, муште аз хирвор буданд, ки перомуни моҷарои сил бепарда сухан гуфтаанд.

Дар маҷмӯъ вақте ҳамин гузориш омода мешуд, дар беморхонаи Кӯлоб 152 нафар, бо шумули 75 зан бистарӣ буданд. Ҳамзамон дар беморхонаҳои Нунҷавмаст, Кафтархона, Восеъ беш аз 100 мариз бистарианд, ки аксари ишон занони кӯдакдор, ҳомила ва тифли ширхора доранд, ки билкулл аз сӯҳбат сари марази сил худдорӣ кардаанд.