Оғози спартакиадаи донишҷӯёни Тоҷикистон

Дар мусобиқоти донишҷӯёни шаҳри Душанбе, ки дар пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд, беш аз ду ҳазор варзишгар аз 16 макотиби олӣ ширкат хоҳанд кард.
Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи тарбияи бадан ва варзиши шаҳри Душанбе, зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дуввумин бозиҳои варзишии донишҷӯёни тоҷик ба ҷашни 60-солагии Ғалаба бар фашизми Олмон бахшида шудааст. Вай афзуд, донишҷӯёни шаҳри Душанбе дар 11 риштаи варзиш рақобат хоҳанд кард ва дар айни ҳол мусобиқот оид ба се намуд - баскетболу волейбол ва футболи хурд шурӯъ шуд.
Тибқи низомномаи бозиҳо, иброз дошт раҳбари кумитаи варзиши пойтахти Тоҷикистон, мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот аз рӯи шумораи медалҳои ба даст овардаашон муайян карда мешавад. Ба гуфтаи Алимуҳаммад Мирзоев, ғолибони мусобиқоти шаҳрӣ барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии бозиҳои донишҷӯёни
Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки аз 23-юм то 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, роҳ хоҳанд ёфт.
Назруллоҳи Латиф, Душанбе