Чеҳраи ҳафта - академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, яке аз муаллифони "Фарҳанги забони тоҷикӣ"

Модари ман дар забони модарӣ
Ҳар ду ҷилди сабзи фарҳанги дарист.

Бозор Собир


"Фарҳанги забони тоҷикӣ", ки ҳанӯз соли 1969 дар Маскав ба чоп расида буд, баъди 36 сол, бо иловаи тақрибан 20 000 вожаи нав барои чоп омода шуда ва қарор аст, дубора дар Теҳрон нашр шавад. Нашри аввали "Фарҳанги забони тоҷикӣ" дар солҳои 60 ва 70-уми садаи гузашта инқилоберо дар роҳи рушди забони тоҷикӣ ва дар наҳзатҳои милливу зеҳнии Тоҷикистон ба бор оварда буд ва акнун як инқилоби дигареро аз нашри дуввуми ин китоб умедворанд.
Раҳматкарими Давлат бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, яке аз муаллифон ва муҳаррирони аслии нашри аввали Фарҳанги забони тоҷикӣ ба гуфтугӯ нишаст ва агар он сӯҳбатро шунидан мехоҳед, ин ҷоро "панҷа занед".