Паноҳандаҳои Тоҷикистон паноҳандагӣ меҷӯянд

Бино ба иттилоъи Кумитаи паноҳандагони афғон дар шаҳри Хуҷанд, 35 хонавода аз ҷумлаи паноҳандагони афғон, ки дар ҳоли хозир дар маркази устони Суғд ба сар мебаранд, аз ҷониби давлати Канада барои зисти доимӣ дар ин кишвар пазируфта шудаанд. Даъвати ин паноҳандагон ба Канада дар доираи як барномаи ин давлат, ки ба ҳазор хонаводаи афғонӣ замони режими Толибон дар Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳгоҳ ҷуста, макони зист пешниҳод кардааст, дар ҳамдастӣ бо Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон сурат мегирад.

Аммо ба гуфтаи Тоҳири Бодғисӣ - сарвари Кумитаи паноҳандагони афғон дар Хуҷанд, дархости бархе аз оилаҳои афғони сокини Сугд барои зист дар Канада ахиран зимни сӯҳбати ниҳоӣ бо кормандони идороти визадиҳии ин кишвар рад шудааст: «Иллаташ ҳамин буда, ки тибқи қарори қаблии давлати Канада танҳо он афғонҳое, ки то моҳи марти соли 2004 дар Тоҷикистон ба ҳайси паноҳанда сабти ном шудаанд, даъват мешаванд. Аммо он касоне, ки баъди ин мӯҳлат вориди Тоҷикистон шудаанд, ба ҳисоби довталабон дохил нашудаанд.»
Ба иттилоъи Тоҳири Бодғисӣ, дар феълан дар Хуҷанд 54 оилаи афғон бо беш аз 220 нафар, зиндагӣ мекунанд. Аксари кулли ин хонаводаҳо, ба гуфтаи вай, дар миёнаҳои солҳои навадуми асри гузашта, замони сари қудрат расидани режими Толибон тарки Афғонистон кардаанд.

Ҳасан Алӣ - як тан аз паноҳандагони афғони сокини Хуҷанд, аз ҷумлаи нафаронест, ки кишвари Канада барои даъвати вай ба кишвараш ризоят додааст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан дар кишвараш ба ҳайси устоди Донишгоҳи политехникӣ ва муддате низ ҳамчун корманди вазорати тиҷорати Афғонистон адои вазифа мекард ва дар соли 1997 чун нишони эътироз аз режими Толибон ҳамроҳи ҳамсар ва 2 фарзандаш Афғонистонро тарк гуфт. Оқои Ҳасаналӣ сабаби тарки Тоҷикистон ва хостори зист дар Канада шудани худро чунин шарҳ медихад: «Ягона мушкили мо ин буд, ки мо наметавонистем аснод ва мадорики дуруст ба даст биёварем, ки зиндагии осуда дошта бошем ва ба кишварҳои дигар озодона сафар намоем. Дар Тоҷикистон мо наметавонистем, ба ҳайси як шахси комилҳуқуқ озода ба кору фаъолият машғул шавем.»

Аз оқои Ҳасаналӣ пурсидам, оё кадом сабаб ва ё мушкилот монеъ барои бозгашти вай ба ватани аслиаш - Афғонистон шудааст? Вай гуфт: «Ман аз нигоҳи мафкуравӣ бо режими Толибон мухолиф будам ва кишварамонро тарк намудем. Аммо ҳоло ҳам вазъ дар Афғонистон ба таври дақиқ рӯшан ва маълум нест. Ҷанг идома дорад. Агар ҷанг намебуд, эхтиёҷ ба кӯмаки низомии кишварҳои дигар вуҷуд намедошт. Мо ҷабрдидаи ҷанг ҳастем, аз ҷанг фирор кардем ва то замоне, ки дар Афғонистон вазъ оддӣ нашавад, ҳеҷ алоқае надорам, ки дубора ба ин кишвари ҷангзада баргардам.»

Вале Тоҳири Бодғисӣ - дигар аз паноҳандагони афғон вилояти Суғди Тоҷикистонро ҷойи зисти доимии худ пазируфтаааст. Ӯ аз ин ки Афғонистон тарзи идораи раисҷумвуриро пазируфта ва раисҷумҳур низ интихоб шуда, изҳори хушнуди кард ва ин иқдомро як қадами чашмрас ба сӯи бунёди давлати озоду демократӣ дар кишвараш арзёбӣ намуд. Аммо вай мегӯяд, ватанаш - Афғонистонро дар ҳоле дидан мехоҳад, ки зимоми ихтиёри тамоми корҳо дар дасти одамони қаламбадаст бошад, на силоҳбадаст: «Хубтар мешуд, агар дар Афғонистон кор ба дасти аҳли кор супурда шавад, онҳое, ки таҳсилддида ва босавод ҳастанд, сари қудрат биёянд. На касоне, ки туфангдор ҳастанду ҷинояткор ва дасташон ба хун олуда аст. Агар чунин нафарон сари қудрати Афғонистон бошанд, дар Афғонистон як давлати ором ва боиқтидор ба вуҷуд намеояд.»

Чаҳор сол қабл теъдоди расмии паноҳандагони афғон дар вилояти Суғд беш аз 600 нафар гуфта мешуд. Давоми солҳои ахир қисмати умдаи онҳо бо кӯмаки Комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргаштанд. Аммо қисмате аз онҳо низ Суғдро ба қасди кишварҳои дигари муштаракулманофеъ ва ғарбӣ тарк гуфтаанд.