Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав
Як ҷилд рубоиёти Умари Хайём дар як китобфурӯшии шаҳри Маскав бо нархи 22 ҳазору 641 рубли русӣ, муодили 746 доллару 5 сент фурӯхта шуд. Ин охирин ҷилд аз шумори ду ҳазор нусхае буд, ки интишороти «Белый город» ва ё «Шаҳри сафед»-и Маскав интишор кардааст. Ин ҷилд фарогири рубоиёти Умари Хайём ва гулчине аз ашъори Маликушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҳаким Низомии Ганҷавӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст. Китоб бо панҷ кило вазн, бо муқоваи ороста аз матоъи нодир ва оби тилло, дар 600 саҳифа беш аз 20 наққошии форсиро фаро гирифтааст. Дар охири ҷилд акси нахустин тарҷумони рубоиёти Умари Хайём ба забони инглисӣ дар садаи нуздаҳ Эдвин Фитсдҷералд, ҳамроҳ бо рубоиёт бо расмулхати ороишии инглисӣ, бо хатти китобии инглисӣ, бо наққошиҳои хоси инглисӣ ҷой дода шудааст. Вале ин китоб нахустин талоши нашри эҳдоии рубоиёти Умари Хайём нест. Дар ин силсила рубоъиёти Умари Хайём тайи як соли ахир се даъфа, бо теъдоди 6 ҳазор ҷилд чоп шудааст. Нашри дуввум 14 ҳазору 641 рубл, муодили 500 доллар ва нашри якум беш 150 доллар арзиш дошт.
Мураттиби китоб Владимир Бутрамиёв мегӯяд: «Рубоиёти Умари Хайём нахустин китоб аз силсилаи нави интишороти «Белый город» аст. Мо дар сари ин силсила Умари Хайёмро интихоб кардем ва имрӯз метавон гуфт, дар интихоби худ иштибоҳ накардем. Китоб хонанда ва муштарии худро пайдо кард. Ишқ ва алоқаи фаровони хонандаи рус ба Умари Хайём ангезандаи аслии интихоб буд. Мо барои ин муҷаллад тарҷумаҳоеро интихоб кардем, ки то соли 1917-и қарни гузашта дар Русия анҷом шудаанд ва он замон сухан қадру қиммати бештар дошт. Барои ороиш ҳам кори заҳматталаби тӯлонӣ анҷом шуд. Мо барои нашри чунин ҷилди гаронбаҳо барои тӯҳфа пеш аз ҳама Умари Хайёмро интихоб кардем. Интихоби Хайём итифоқӣ набуд. Ҳисобшуда буд. Агар Хайём якум намебуд, ҳатман дуввум мебуд."
Владимир Бутрамиёв дар муаррифиномаи китоби оростаи худ навиштааст: "Умари Хайём, исми хос дар таърихи башар аст. Зинаи вижаи таърих аст, на он таърих, ки бо сол, садсол, даврон ва қурун ба шумор меоранд. Умари Хайём дар таърихи башар зинаи махсус, зуҳур аст." Владимир Бутрамиёв аслан нависанда аст. Ороиш ва тартиби китоб пешаи дӯстдоштаи вай аст. Китоби қимматбаҳои Умари Хайёмро дар ҳамдастӣ бо писар ва духтараш ороиш додаст. Дар тақвият ба гуфтаҳои Владимир дар мавриди Умари Хайём метавон афзуд, солҳои ахир дар китобфурӯшиҳои Маскав гӯшаи вижаи рубоиёти Умари Хайём пайдо шудааст. Ҳамин шабу рӯз, танҳо дар як китобфурӯшии бузурги хиёбони Твер, дар ҳошияи Кремл, 23 нусхаи рангобаранги рубоиёт ва рисолаҳои Умари Хайём дар фурӯш аст.
Тайи як ҳамойиши бузургдошти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ, ки соли гузашта дар Маскав бо иҷтимоъи донишмандони Русия, Эрон ва Тоҷикистон баргузор гардид, гуфта шуд, Умари Хайём пас аз Александр Пушкин дар Русия дуввумин суханварест, ки беш аз ҳама интишор мешавад ва аз ҳар адиби дигар бештар муштарӣ ва алоқаманд дорад. Дар чопи осор ва аҳволи Умари Хайём беш аз ҳафтсад интишороти Русия ба ҳам вориди сабқат шудаанд ва дар ин сабқат феълан парчами пирӯзӣ дар дасти интишороти «Белый город» ва тартибдиҳандаи муҷаллади нави Умари Хайём, хонаводаи Бутмариёвҳо қарор дорад.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав