Ба вазъи муҳоҷирони тоҷик пардохтани рӯзномаи "Новая Газета"

Рӯзномаи "Новая Газета", чопи Маскав менависад, мақомоти милисаи пойтахти Русия 4 моҳ пеш дар таърихи 9 июн, асноди сабти иқомати Абдулҳамид Абдулрашидов, зодаи деҳаи Арақчии ноҳияи Варзобро медаронанд ва ӯ дар як они воҳид ба як муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил меёбад. Ин гуноҳ Абдулҳамидро ба кунҷи боздоштгоҳи рақами 7-и шаҳри Маскав мебарад. То оне ки ӯ ба азобу машаққати зиндон тоб наоварда, дар таърихи 9 сентябр, дар рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон даст ба худкушӣ мезанад. Ва аммо мақомоти милиса баъди ҳамагӣ ду ҳафтаи дар бемористони ёрии таъҷилии ба номи Склифосовский табобат гирифтани Абдулҳамид илоҷи ҳалли масъалаи вайи ранҷурро танҳо дар ихроҷи осемасаронааш аз ҳудуди Русия мебинанд.

Иля Кригер, муаллифи мақола мегӯяд: "Мавридҳои нав ба нави нақзи ҳуқуқи башар, ки дар Маскаву шаҳрҳои дигари Русия дида мешаванд, барои ман ҳайратовар нест. Ба назари ман, давлатҳои Тоҷикистону Русия аслан коре ба аҳволи мардуми оддии худ надоранд. Онҳо дар дасти сиёсатмардони вақт амсоли як бозичаанд. Ва барномаи боз ҳам шадидтар кардани низоми равуо барои афроди хориҷӣ дар ҳудуди Русия низ ба назари ман ин ҳақиқатро бори дигар собит мекунад." Қозии додгоҳе, ки ҳукми ихроҷи Абдулҳамид Абдулрашидовро содир кард, ба "Новая Газета" гуфтааст, ки онҳо тибқи план мукаллафанд, то 90 дарсади тоҷикони боздоштшударо ҳатман ҳукми ихроҷ диҳанд.

Каромат Шарифов, раиси маркази иттиллотии созмони "Диаспора" дар шаҳри Маскав муносибат ба кулли муҳоҷирони дастгиршудаи тоҷик дар боздоштгоҳҳои марбут ба хадамоти муҳоҷирати Русияро таҳаммулнопазир номида, ва ҳам аз гуристоне дар минтақаи Кузминки ёд мекунад, ки ба гуфтаи вай, аз гӯрҳои муҳоҷирини тоҷики кушташуда баланд шудаааст. Оқои Шарифов мегуяд, ҳамчунон дар ҳоли беҳуқуқӣ ба сар бурдани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба фоидаи бархе масъулони давлатӣ дар ҳар ду кишвар аст, ки чунин ҳолро ба як манбаъи даромади худ табдил додаанд. Ба ақидаи Каромат Шарифов, фақат бо шиносномаи хориҷӣ муҷоз шудани равуо ба Русия аз соли оянда вазъи бе ин ҳам бади муҳоҷирони тоҷикро дар он кишвар бадтар хоҳад кард: "Зиёда аз 1 милён мардуми Тоҷикистон дар Русия ҳаст. Аз 1 январи соли 2005 даровардани шиносномаҳои хориҷӣ оқибати тамоман бад дорад. Инҳо намераванд аз ин ҷо, ҳарчанд дар азобу машаққат бошанд ҳам. Инҳо медонанд, ки агар аз ин ҷо раванд, чанд сар кӯдаки ӯ дар Тоҷикистон бенон хоҳад монд. Вазъи онҳо, боз мегӯям ки,баъди 1 январ бадтар хоҳад шуд."

"Новая Газета" менависад, муҳоҷири тоҷик ҳатто дар охирин рӯзи мусофирати худ маҷбур аст, фақат барои расидан то пойи ҳавопаймои Маскав-Душанбе ба мақомоти бешумори истода дар роҳ ва дохили фурудгоҳи Домодедово баробар ба як қиммати дигари чиптаи парвоз ё худ то 200 доллар ҳаққ пардозад. Ва ҳатто як сержанти милиса, то даме ки аз муҳоҷирони тоҷик ҳаққе барои кисаи худ наруёнад, метавонад ба ҳар баҳона ин мардумро аз парвоз нигоҳ дорад, навиштааст "Новая Газета". Каромат Шарифов мегуяд, чунин тарзи номуносиби бархурд бештар аз ҳама дар қиболи муҳоҷирон аз Тоҷикистон дида мешавад, чунки аз нигоҳи ӯ, ба фарқ аз намояндагони ақвоми дигар шаҳрвандони тоҷик дар Русия аз ҳимоят ва пуштибонии камтар бархурдоранд.

Дар мулоқоти қарибулвуқуъи руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия баҳси масъалаи муҳоҷират низ матраҳ аст, вале раиси созмони "Диаспора" мегӯяд, ба натоиҷи ин мулоқот зиёд хушбин нест. Ба ақидаи ӯ, то даме, ки созмонҳои иҷтимоии тавонову коромад ва бо ҷалби шахсиятҳои саршинос ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар Русия напардозанд, вазъи ин мардум ба гунае, ки ҳаст, боқӣ хоҳад монд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ мегуяд, омода ҳаст ҳаддалимкон дар амри таъсиси чунин созмон мусоидат кунад. Аммо Боғшоҳи Лашкарбек, раҳбари созмони "Нур", як созмони дигари муҳоҷирини тоҷик дар Маскав мегуяд: "Вале муттаасифона мо натавонистем, то имрӯз як созмони муттамарказ ташкил диҳем, аз хотире, ки ба ин кор бояд яке аз ашхоси хеле лаёқатманд ҷалб шавад, ки вазни сиёсӣ дошта бошад ҳам дар байни ҷомиа ва ҳам дар мақомоти Русия. Мушкил ин аст, ки ҳама ба номзадии як кас мувофиқат намекунанд."

Созмони "Диаспора" ахиран ба ташкили як маркази иттилоотӣ барои муҳоҷирони тоҷик шуруъ карда, тасмим гирифтааст, феҳрасти асомиву нишонии куллия муҳоҷирини тоҷики муқими он кишварро таҳия кунад. Аммо, мегуяд оқои Шарифов, иҷрои ин амр вақту нируи зиёд ва маблағе ҳангуфт мехоҳад. Раиси созмони "Диаспора" мегӯяд, бо кӯмаки мақомоти давлатии Тоҷикистон иҷрои ин барнома зудтар муяссар мешуд, вале агар ҳатто мақомот ба ёрӣ нарасанд, ин созмон кореро, ки оғоз кардааст, дар нимароҳ нахоҳад гузошт: "Ин кор бояд 10 сол пеш мешуд.Аз рӯзи пайдо шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия."