Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
Дар ивази барканорӣ аз вазифа ва боздошти қумандонони ҳомии Раҳмонов ҳар чӣ бештар дар ҳалқаи иттифоқчиёни президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов афроде ҷамъ меоянд, ки аксари кулли онҳо аз зодгоҳи худи ӯстанд. Ин нукта дар гузориши Созмони байналмилалаии Буҳроншиносӣ, ки дар бораи вазъи ахири сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар таҳлиле анҷом додаст, ҷой дорад. Ин гузориш дар авоили ҳамин ҳафта ба нашр расид.
Аксари коршиносони тоҷик иқдоми Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар мавриди боздошти Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва аз вазифа барканор кардани Қурбон Чолов, Саидшоҳ Шамолов ва бархе аз фармондеҳони собиқи оппозитсиюн ба монанди Маҳмадрузӣ Искандаров, Сарабек Муродов, ки бо лакаби "Шайх" маълум аст, ба сурати умум коҳиш додани мизони қумандонсолорӣ ва силоҳсолорӣ дар ҷомеа медонанд.
Ва гуё бо беранг шудани нуфузи қумандонони собиқ Фронти Халқӣ ва фармондеҳони пешини оппозитсиюн, ки аз роҳи саҳмияи 30 дар сада ба ҳукумат пайвастаанд, роҳро барои афроди осоиштаи дигар, ба истилоҳ мутахассис мекунад.
Аммо намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба ин боваранд, ки агар воқеан ба ҷои қумандонсолорӣ як ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ пеш ояд хуб аст, вале вазъи амалии Тоҷикистон нишон медиҳад, ба мансабу вазифаҳо тақрибан наздикони Раҳмонов ва аксаран хешонвандони он ҷалб шудаанд.
Муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, дар ҳақиқат ҷойи андеша ҳаст, ки раванди боздошту барканорсозии қумандонон чӣ дар пай хоҳад дошт: «Масъала он аст, ки дар ивази қумандонсолорӣ ҷомеаро чӣ фаро хоҳад гирифт. Кадом систем ва кадом фазо. Агар дар ивази он воқеан шахсиятҳои мадании дорои афкори пешрафта ва муосир бошад, ҳеҷ мушкил надорад, аммо агар ба ҷои қумондонсолорӣ пулсолорӣ ва ё Худо накарда ягон гурӯҳҳои дигаре, ки чандон қобилият ва салоҳияти идораи ҷомеа ва давлатро надоранд, пас ин маънои онро дорад, ки фарқи зиёде нахоҳад кард. Ҳатто баъзан таҷриба нишон додааст, ки аз ҷомеаҳои авторитарӣ ва тоталитарӣ ҳамон қумондонсолорӣ бартарият дорад.»
Аммо Қурбон Восиев - мушовири раиси ҷумҳур дар умури иҷтимой ва робита бо ҷомеа гуфт, ҳарчанд намояндагони бархе аз ҳалқаҳои сиёсӣ масъалаи барканорсозии қумандононро ба ин маъно шарҳ медиҳанд, ки гуё ба ҷои қумандонсолорӣ таборсолорӣ пеш хоҳад омад, иштибоҳ аст: "Ин ҷо масъала дигар аст. Ҳафт сол аз даврони нооромиҳо мегузарад ва бояд нуфузи қумандонон ва силаҳшӯрон коҳиш дода шавад, то ин ки ҷомеа тавонад, гомҳои ҷиддӣ дар роҳи расидан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ муваффақ шавад. Дар замони худ Ғаффор Мирзоеву Чоловҳову ҳаминҳоро силоҳ пешоҳанги ҳамон ҷомеа карда буд. Акнун 13 сол сипарӣ гардид. Мана ман дирӯз дар телевизор дидам, як нафар силаҳшӯрро ки вертолёт, ҳеликуптари шахсӣ дорад, шашсад ҳазор доллар. Ҳамамон дар ин Ватан шарик ҳастем, як Ғаффор-Седой наметавонад, ки тамоми манфиат ба коми вай бошад. Хизмати ин шахсон дар аввал шояд буд, албатта аммо мо тамоми умр наметавонем, ки тамоми манфиъат ба коми якчанд силаҳшӯр бошад.»
Аммо муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов мегуяд, агар аз дидгоҳи сиёсати кадрии Раҳмонов ба масъалаи барканор ва боздошткунии қумандонон назар кунем, мебинем, ки президенти Тоҷикистон танҳо ба хотири ҳарчӣ бештар ҷалб намудани наздикони худ ба мансабҳо, даст ба ин гуна иқдомот задаст.
Вай меафзояд, президент баъд аз заиф сохтани ҳузури як қумандон дар ин он идора ё корхона дафъатан аз наздикони худ ё аниқтараш яке аз ҳамтабори худро масъул мегузорад: «Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба мансабҳои давлатӣ, хусусан он мансабҳое, ки ба молия ва моликият робита доранд ва ё худ сарчашмаи дороӣ мебошанд, албатта авлод ва хешу табори президент низ бештар аст. Ва ин бадтар аз қумондонсолорӣ мебошад.»
Дар ҳамин ҳол Созмони бӯҳроншиносӣ дар гузориши худ менависад, ҳамчуноне ки дар оғози соли 2005 интихоботи парлумон истодааст, Раҳмонов мехоҳад, бо барканорсозии қумандонон ва намояндагони собиқ оппозитсиюн мавқеи худро пойбарҷо созад. Аммо намояндагони нерӯҳои мухолиф ба Раҳмонов мегӯянд, президент Раҳмонов бо ҷалби наздикони худ ба вазифаҳои калидӣ ва сарфи назар намудани баланси минтақавӣ дар сиёсати кадрии худ дар пешорӯи интихоботҳо танҳо обрӯи худро коҳиш медиҳад.