Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе Дар 11 рӯзи сипаришуда аз моҳи август бар асари 45 ҳодисаи ронандагӣ дар ҷодаҳои Тоҷикистон 15 нафар кушта ва ҳудуди 50 нафар захмӣ шудааст. Бар асоси иттилоъи Идораи бозрасии нақлиётии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар як моҳи ахир мизони риоят нашудани қоидаи роҳ афзуда, дар як ҳафтаи ахир теъдоди он ба 17 450 маврид расидааст.
Гуфта мешавад, теъдоди кушташудагон ва маҷрӯҳон бар асари садамаҳои нақлиётӣ чанд дар сад бештар аст, зеро коршиносон омори расмиро марбут бар асноди дар раёсати бозрасии нақлиёти сабтшуда медонанд ва мӯътақид бар онанд, дар ҳар сурат чанд дар сади ин садамҳо дар аснод сабт нагаштааст.
Хуршед Шарифов, навбатдори шӯъбаи омодасозии раёсати бозрасии нақлиётии Тоҷикистон гуфт, теъдоди садамаҳои нақлиётӣ ва бар асари онҳо маҷрӯҳу кушташудагон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳафт моҳи соли 2003 афзудааст: "Аз 31 июл то 8 август дар ҷумҳурӣ аз тарафи ронандагон 17450 қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми 11 рӯзи моҳи август дар натиҷаи садамаҳо 15 нафар ба ҳалокат расида, 45 нафар маҷрӯҳ шудаанд."
Коршиносони мустақил иллати аслии баланд рафтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистонро ба сатҳи пасти дониши ронандагии афроди соҳиби нақлиёт, аз ҷумла бе омӯзиш харидорӣ кардани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ марбут медонанд.
Ба эътиқоди онҳо дар макотиби таълими қавоиди автомобилронии ин кишвар бар ивази 50-100 доллари амрикоӣ ҳуҷҷати ронандагиро осон харидорӣ кардан имкон дорад. Аммо дар чанд макотиби таълими қоидаҳои автомобилронии Душанбе ин хулосаи коршиносонро рад ва аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.
Дар хамин ҳол Шариф Аминов, корманди бозрасии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе бар он аст, афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар бештарини вақт ба қоидавайронкунии пиёдагардон марбут будаву ҳеҷ гоҳ бо ронандае рӯ ба рӯ нашуда, ки асноди автомобилронии худро бе таълим харидорӣ карда бошад.
Оқои Аминов гуфт: "Бисёре аз садамаҳо бо қоидавайронкунии пиёдагардон ба амал меояд. Пиёдагардон ҳангоми ҳаракат чароғаки сурхро нигоҳ намекунанд, аз назди мошин, ҷойҳои мамнӯъи роҳ мегузаранд."
Ин дар ҳолест, ки аксари пиёдагардон низ иллати афзудани садамаҳоро бар қазияи ноогаҳии мардуми соҳибнақлиёт аз қавоиди ҳаракат дар ҷодаҳо марбут донистаанд. Саид Камолов, як сокини шаҳри Душанбе 75-80 дар сади ронандагони автомобилҳои Тоҷикистонро бехабар аз қавоиди ҳаракат дар ҷодаҳо донист: "Ба андешаи ман, аксари садамахо бо гунохи ронандагон сар мезанад, зеро тахмин 75-80 фоизи онҳо ҳуҷҷатҳои ронандагии худро наомӯхта харидаанд ва аз қоидаҳои ҳаракати роҳ бехабаранд."
Аммо назари Алихон Раҷабов, ронандаи мусофирбари хатти сайри 19 дар шаҳри Душанбе хилофи иддаои оқои Камолов буда ва ӯ дар рух додани садамаҳои автомобилӣ пиёдагардон, хосатан мусофирони нақлиётро муттаҳам мекунад: "Мусофирон дар ҳар ҷое хоҳанд маршруткаро нигоҳ медоранд. Мо бояд аз рӯи қоида дар истгоҳ нигоҳ дорем, аммо мусофирон инро намефаҳманд ва агар манъ накунем, бо мо ҷанҷол мекунанд."
Оқои Раҷабов ҳамчунин афзуд, шояд афроде бошанд, асноди худро харидаву бе таълим дарёфт карда бошанд, аммо барои ронандагони нақлиёти мусофирбар ин ғайриимкон аст. Ба гуфтаи ӯ, афроди молик бар унвони ронандаи нақлиёти мусофирбар, вақти имтиҳон масъулияти сангинеро бар дӯш доранд.
Тоҷикистон як кишвари умдатан кӯҳистонӣ буда, танҳо ҷодаҳо равобити манотиқи онро таъмин мекунанд. Ва ба ин далел мардуми ин кишвар барои доштани автомобил таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд, ки афзоиши солонаи ин қабил нақлиёт ҳаракатро дар ҷодаҳо ба мушкил рӯ ба рӯ карда ва теъдоди садамаҳоро низ афзудааст.