Сайёфи Мизроб аз Бешкент
Қисмате аз аз муҳоҷирини ихтиёрӣ, ки ду сол қабл аз Бадахшон ба Бешкент кӯч баста буданд, дубора минтақаро тарк кардаанд. Гуфта мешавад, сабаби фирори мардум аз ноҳия адами оддитарин шароит барои зист аст.
Дар деҳаи Бешкент-2 бадахшониён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки соли дуввум аст, азоби алими беобӣ мекашанд. Дар мавриде, ки ҳарорати ҳаво то 40-50 дараҷа гарм аст, ин мардум ҳатто оби ошомиданӣ надоранд. Онҳо мегӯянд, ки «Мо ҳар субҳ, соати 4 аз хоб хеста, барои оби нушокӣ меравем, ки 13 километр дур аст. 7-8 соати мо дар ин роҳ мегузарад. Бо аробаву чалакҳо об мекашем. Бо пушт об меорем. Дар ин наздик оби ошомиданӣ умуман нест.»
Занҳои солхӯрда, ки аксарияти муҳоҷиринро ташкил медиҳанд, мегӯянд, барои шустушуй ҳам об надоранд ва атфол дар ин деҳа ҳафту даҳрӯзаҳо оббозӣ намекунанд, ки ин боисии рӯ задани амрози мухталиф мегардад: «Чиркинем мо, ҳама чиркинем. Об, ки нест, аз куҷо оббозӣ кунем. Бо ин беобӣ аз ҳайвон фарқ надорем. Одам, ки оби нӯшокиву об барои оббозӣ надошта бошад, оё одам аст??? Агар вазъ ҳамин тавр идома ёбад, мо ҳама меравем. Пиёда ҳам бошад меравем.»
Аз ҷониби дигар аҳолии офатзадаи Роштқалъаро моҳи августи соли 2002 аз мавзеъи хеле сарди Тоҷикистон ба як минтақаи гармтарини кишвар интиқол додаанд. Дар натиҷа ин мардум на танҳо имкони ба роҳ мондани хоҷагиҳои худро надоранд, балки ҳамакнун соли дуввум аст, ки дар тобистон аз хона берун намеоянд. Онҳо мегӯянд, ки «Гармии ин ҷо тоқатфарсост. Мо аз хона баромада наметавонем. Мо дар такхонаҳо ҷой мегирем ва танҳо оби яхчол мехӯрем. Аз ин рӯ ҳама касал шудаем. Аммо пул барои табобат надорем. Нафаронеро мефиристонем, ба Душанбе, ки аз хешу табор пул орад ва мо бо он пул худро камубеш шифо мекунем.»
Бадахшониён аз ҳамагуна имконият истифода бурда, минтақаро тарк мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин чо истодан намехоҳанд. Онҳо фарзандони худро ба Русия ба муздурӣ мефиристанд, ки бар ивази пули маъоши онҳо мошин кироя кунанд ва аз минтақа кӯч банданд.
Бешкент-2, ки тибқи дастури ҳукумати марказӣ бояд ба мавзеъи «Замини навкорами Тоҷикистон» табдил меёфт ва бар асари таблиғу ташвиқи матбуот барои мардуми нодори Бадахшону Кӯлоб як қишлоқи тиллоӣ таллаққӣ мешуд ва садҳо оила худро ба ҳар роҳу восита ба ин мавзеъ зада буданд, ҳамакнун барои муҳоҷирони ихтиёрӣ ба як зиндони тафсону вахим табдил ёфтааст. Беш аз 300 оила, ки ба минтақа омадаанд, дар гаравгонии фақру нодории хеш қарор доранд.
Ва аммо дар мавриде, ки беобӣ сабаби фирори муҳоҷирон аз минтақа шудааст, обҳои хеле барзиёди зерзаминӣ низ мардумро аз ин ноҳия иҷборан пеш мекунанд. Ин об - оби шӯр аст, ки бар асари он на танҳо муҳоҷирин, балки сокинони қаблии Бешкент ҳхам фирор кардаанд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, то соли 2003 бар асари болоравии обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон 80.000 га замин корношоям шуд.
Ба назар мерасад, ки обҳои шӯр дар баробари тахриби заминҳои корам ҳамзамон вазъи сиҳати аҳолиро хатарзо кардаанд. Дар Бешкент бар асари болоравии сатҳи оби зерзамини хонаву ҳаволии муҳоҷирони ихтиёрӣ зери об мемонад. Маҳсулоти кишоварзон хароб ва боғу роғи онҳо талаф меёбад.
Муҳоҷирон мегӯянд, тӯли ду соли ахир, ки дар Бешкент будаанд, наметавонанд ҳатто як дарахт сабзонанд. Онҳо мегӯянд, ба дурустӣ, ки ҳукумат ба онҳо замини «президентӣ» ҳам додаасту замин барои кишт ҳам. Аммо бар асари болоравии оби зерзаминӣ, ё худ закоб аз ин замин ягон ҳосил барнадоштаанд. Ин дар мавридест, ки муҳоҷирон барои сузишворӣ, кишт ва тухми то 2000 сомонӣ сарф кардаанд.
Гуфта мешавад, обҳои зерзаминӣ ба тадриҷ хоҷагиҳоро хароб мекунанд. Барои аз шӯразор эмин мондани хоҷагиҳо ҳукумат бояд тавассути насосҳои обгир минтақаро бо оби тоза таъмин кунад. Ҳукумат барои тармими насосҳо пул намедиҳад.
Ва аммо дар деҳаи Навободи ноҳияи Қубодиён, ки оби пок дорад, муҳочирон як зиндагии орому осишта доранд. Холмуҳаммад Наботов - муовини раиси хоҷагии Бадахшон мегӯяд, «Мо дар 50 гектар замин пунба киштем ва ҳосили хуб руёнидем. Қариб 18 сентнер аз ҳар гектар. Ҳамаи бадахшониҳо, ки муқими ин мавзеъ шудаанд, замини наздиҳавлигӣ доранд ва гандумкорӣ ҳам мекунанд.»
Худи муҳоҷирони бадахшонӣ ҳам мегӯянд, усулан бо кишоварзӣ шуғл доранд ва ягон нафар ин деҳаро тарк накардааст.
Ва аммо дар деҳаи Бешкент-2, ки дар он муҳоҷирони кӯлобиву бадахшонӣ ба сар мебаранд, кишоварзон маъоши моҳона ва дастмузди пунбаи чидаро нагирифтаанд. Як зани солхӯрда мегӯяд, ки «Маро порсол фиреб карданд. Соли аввали муҳоҷират ба ман пул доданд, вале соли гузашта пахта чиндам, пул то ҳол нагирифтаам.»
Аксари бадахшиҳои муҳоҷир мегӯянд, бар ивази заҳмат дар пунбазор дастмузди маъош нагирифтаанд.
Вазъ дар кӯчаи Лоҳутии деҳа, ки муҳоҷирони кӯлобӣ ба сар мебаранд, бадтар аст. Як мард, ки бар сар тоқии чакани куҳан дошт, мегӯяд, барои онҳо зиндагонии хуб, хонаву дари обод ваъда карданд. Аммо дар воқеият онҳоро кулбаҳои бе фарш ва бе бом интизор будаанд. Ӯ мегӯяд, «Хонаҳои мо на дар доранд, на тиреза, на шифер ва на пол. Хонаҳоро мо бо даст андова кардаем, ки хеле заҳ ва бӯгинанд.»
Ва аммо муҳоҷирони кӯлобӣ бозпас нарафтаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар зодгоҳашон ҳам ҳаво хеле гарм аст. Онҳо дар Кӯлоб замин надоранд. Онҳо ба ин тафси тобистон тоқат мекунанд ва умед доранд, ки ин замини шӯразор, ки ҳукумат ҷои қишлоқи тиллоӣ пешкашашон кардааст, рӯзе не, рӯзе обёрӣ мешавад. Дунё ба умед!
Ва аммо ҳавои гарм, ки муҳоҷирони кӯлобиро нигоҳ медорад, барои помириҳо тоқатфарсост. Онҳо худро ҳатто ба кӯча намезананд. Танҳо шом то субҳ барои бадахшиён соатҳои ҳаловат ва фароғат аст. Дигар гармии тобистон онҳоро ба такхонаҳои заҳ ва наздики яхчол мекашад.
Дар навоҳии Носири Хусрав -- Бешкенти қаблӣ, Шаҳритус ва Қубодиён, ки муҳоҷирин ба сар мебаранд, обҳои зерзаминӣ тӯли як соли ахир беш аз 3.500 гектар заминро хароб кардаанд. Аз минтақа на танҳо муҳоҷирон фирор мекунанд. Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳамакнун се деҳаро сокинонаш комилан тарк кардаанд. Деҳоти матрук барои масъулин дастгоҳи нави таблиғотӣ шудааст. Онҳо пайваста аз тариқи телевизион ва радиои кишвар сухан гуфта, даъват мекунанд, ки мардуми камзамин ба ин минтақа метавонанд кӯч банданд ва дар ин деҳот, ки соҳибони қаблӣ ҷуз бунёд, ё худ таккурсӣ дигар ҳамаро канда бо худ бурдаанд, метавонанд, хона созанд. Аммо масъулин боре ҳам нагуфтаанд, ки бо кадом сабаб мардум дар собиқ деҳоти ободи хешро партофта фирор кардаанд.