Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
Тибқи омори расмӣ, дар соли гузашта бар асари ҳаводиси табиӣ ҳудуди 9 ҳазор манзили маскунӣ дар минтақаҳои Тољикистон хароб шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, тайи чор моҳи соли ҷорӣ 120 маврид обхезӣ мушоҳида шудааст, ки низ ба киштзорҳо, роҳҳо ва хутути иртиботӣ хисороти зиёде ворид кардааст. Гармшавии ҳаво, тағйири иқлим ва асари он ба муҳити зист мавзӯи як нишасте буд дар шаҳри Душанбе, ки Барномаи тавсеаи СММ доир кард.
Ба назари мутахассисон иллати аслии боронравиҳои беш аз ҳадди маъмул ва обхезиҳо ба гармшавии бемавриди ҳаво ва обшавии бо суръати пиряхҳо вобаста мебошад. Ин дар ҳолест, ки аксари кулли пиряхҳо, ки манобеи обии минтақа аз онҳо сарчашма мегирад, дар куҳистони Тоҷикистон ҷой дорад. Абдулҳамид Қаюмов, мушовири масоили зисмуҳитии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, як сабаби тағйири номуносиби иқлим партовҳои саноатист. Ва Тоҷикистон дар ҳоле мутаҳаммили хисорот аз тағйири иқлим дар кураи замин мешавад, ки партовҳои саноатии бисёр андаке дорад: "Ин яке аз нишондодҳое аст, ки боду ҳаво тағйир ёфта истодааст. Ва он чизҳое, ки мо имрӯз мебинем, барои мо ғайричашмдошт аст. Мувофиқи Конвенсияи тағйироти иқлим, давлатҳое, ки таъсир мерасонанд ба иқлим дар сатҳи глобалӣ бояд онҳо чорабинии зиёд бинанд. Масалан Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ сифру аз сад як фоизи партовҳоро ба атмосфера ҳосил мекунад, ки яке аз ҷойҳои охирин, яъне 100-умин ҷойро мегирад. Аммо Амрико ва Русия қариб аз нисф зиёди партовҳоро хориҷ мекунанд, ки ин асосан сабаби тағйироти иқлим аст. Инро эффекти гӯрхонаӣ ва ё "парниковые эффекты" меноманд."
Гуфта мешавад, тағйири иқлим ба олами наботот ва ҳайвонот низ таъсири чашмгире гузоштааст. Ба назари мутахассисон, тайи чанд соли охир бемориҳои мухталифе бар асари дигаргун шудани обу ҳаво мушоҳида шудааст, ки хоси ин минтақаи ҷуғрофӣ нестанд ва ё бемориҳои дигаре, аз ҷумла бемориҳои вогирӣ афзоиш пайдо кардааст.
Профессор Қаюмов, ки гузориши мазкурро муаррифӣ мекард, дар ин замина гуфт: "Бар асари тағйири ғайримунтазираи иқлим, имкони афзоиши афсурдагии ношӣ аз гармзадагӣ вуҷуд дорад. Афсурдагие, ки метавонад боиси коҳиши тӯли умр ва афзоиши бемориҳои қалбӣ шавад. Ҳамчунин афзоиши босуръати дамои ҳаво боиси коҳиши фишори муназзами кислород мешавад, ки чунин вазъ барои афроди мубтало ба бемориҳои қалбӣ фоҷеабор аст."
Ба гуфтаи мутахассисон, як далели афзоиши бемории табларза ё маляриё низ маҳз гармшавии номусоиди иқлим аст. Дар ҳамин ҳол Неъматулло Сафаров ҳамоҳангсози Конвенсияи СММ оид ба анвои биологӣ ва амнияти биологӣ мегӯяд, хисороти ношӣ аз афзоиши дамои ҳаво ба олами наботот ва ҳайвонот дар панҷоҳ соли охир, бештар аст аз мизони хисоротест, ки дар тӯли чандсад соли гузашта ворид шудааст. Оқои Сафаров мегӯяд: "Имрӯз кам касе бовараш меояд, ки дар минтақаи Хатлон, Суғд ва Душанбеи кунунӣ чунон ҷангалзори анбӯҳе вуҷуд дошт, ки 300 сол қабл дар он ҷо ҳатто шеру паланг зиндагӣ мекард. Аммо тағйири иқлим ва муносибати бебандубори инсон бо муҳити зист боиси аз байн рафтани анвои нодири ҳайвонот ва наботот шудааст. Аз ҷумла дар тули панҷоҳ соли охир дар Тоҷикистон се намуди нодири ҳайвонот ва 16 намуди рустанӣ комилан нобуд ва 226 намуди рустанӣ ва 162 намуди ҳайвонот дар ҳоли нобудӣ қарор доранд."
Коршиносони Сандуқи ҷаҳонии муҳити зисти СММ пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2050-уми мелодӣ бар асари афзоиши дамои ҳавои кураи замин ҳазорҳо адад пиряхҳои бузургу кӯчак дар кӯҳистони шарқи Тоҷикистонро хатари обшавӣ таҳдид мекунад. Ин коршиносон ҳамчунин пешниҳод кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз паёмади фоҷеабори ин ҳаводис бояд барномаи вижае барои ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон таҳия шавад.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, Барномаи рушди СММ ду тарҳи вижаеро бо ҳадафи таъмини амнияти биологӣ ва ҷилавгирӣ аз тағйири иқлими минтақа рӯи даст гирифтааст.