Шаҳлои Гулхоҷа дар Душанбе
Ба ақидаи коршиносон солҳои ахир аҳли эҷоди кишвар аз қабили нависандагону рассмон ва бастакорон барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон кам асар эҷод мекунанд. Аксарият ҷавононро ба он гунаҳкор месозанд, ки онҳо на ба мутолиаи китоб, балки ба хондани мақолаҳои маҷаллаҳо дар мавриди зиндагиномаи ин ё он шахс, ки аксаран дар як услуб навишта шудааст, бештар мароқ доранд, аз ин ҷост, ки сатҳи дониши насли ҷавон костааст. Бархе дигар бар инанд, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Тоҷикистон анқариб китоби дилчасп барои ҷавонону наврасон ба табъ нарасидааст. Пас ҷавонон китоб намехонанд, ё нависандагон чун солҳои пешин китобҳои ҷолиб наменависанд? Мо посухи ин суолро аз масъулини Иттифоқи Нависандагон ҷӯё шудем.
Ҳикмати Раҳмат, мушовири раиси Иттифоқи Нависандагон мегӯяд, нависандагон имрӯз ҳам қудрати эҷоди асарҳои хубу ҷолибро барои хурдсолону ҷавонон доранд, аммо набуди маблағ ва ҳавасмандӣ онҳоро дилмонда намудааст: "Манфиати моддӣ, ки надорад, хоҳиши китоб навиштан ҳам намемонад. Донед, ки ҳамин китобатона шумо менависед, зуд харидор ҳаст, шумо аз ин манфиати моддӣ ҳам мебинед, он вақт бо шавқи зиёдтар менависад он нависанда."
Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистон мегӯяд, эҷодкорони ҳақиқӣ, аз қабили Абдумалик Баҳорӣ , Ҷӯра Ҳошимӣ, Азизи Азиз, Наримон Бақозода ва дигарон, ҳамеша дар паи эҷоди асарҳо барои кӯдакону наврасон буданд ва ҳастанд, аммо камбудӣ дар фаъолияти нашрияҳост: "Азбаски нашрияҳои мо асарҳо барои бачагонро кам ба табъ мерасонанд ва агар ба табъ ҳам расонанд, нархашон гарон аст, ё дар саросари ҷумҳурии мо интишор намеёбанд, аз ҳамин лиҳоз мо гумон мекунем, ки ин асарҳо аз ҷониби нависандагон навишта намешаванд. Камбудии асосии мо дар нашр нашудан ва интишор наёфтани онҳост. Як китоби ҳикояҳо дорам ,ки "Зароффа чӣ мегӯяд" ном дорад ва соли гузашта бо теъдоди бист ҳазор нусха чоп шуд. Мутаасиффона, ман онро дар ягон фурӯшгоҳ надидам, дар дасти ягон хонанда надидам. Мегӯянд, чоп кардему дар анборҳои мо хоб аст ва барои чӣ хоб аст, маълум нест."
Вале рассоми халқии Тоҷикистон Юсуф Сангов, ки ҳамзамон вазифаи муовини раиси Иттиффоқи рассомони Тоҷикистонро ба дӯш дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз намоишгоҳи онҳо на ин ки ҳамарӯза ҷавонону наврасон дидан менамоянд, балки 80 фисади расмҳои намоишгоҳ маҳсули эҷоди ҷавонон мебошанд: "Ҳамин мебинанд, ки дар намоишгоҳ чӣ аст. Вақте, ки мебинанд, баъд мегӯянд, ки ин ҷо як аҷоиб будааст, ин ҷо як хушрӯгӣ будааст, ин ҷо як ҳаёт будааст. Ва инро шунида, ман хурсанд мешавам. Бовар кунед, ба назари ман, агар имрӯз дар ҳама ҷо компютер бошад, лекин ин корҳое, ки дар намоишгоҳи Иттифоқи Рассомон гузошта шудаанд, корҳои дастӣ мебошанд. Ва бештари муаллифони онҳо одамони худод ҳастанд. Ҳар шахсе, ки меҳнати худашро дӯст медорад, хоҳед-нахоҳед вақт ҳама чизро ҷо ба ҷо мекунад."
Ба гуфтаи оқои Сангов, он расмҳое, ки аз ҷониби рассомони ҷавон пешниҳод мегарданд, табиати Тоҷикистон ва симои халқи тоҷикро таҷассум менамоянд. Ва боиси хушбахтист, ки аксар вақт маҳсули эҷоди онҳо ба таври зарурӣ қадр карда мешавад. Аз ҷумла чанде қабл 3 асари рассоми 23-солаи тоҷик Салтанат Саидова, дар намоишгоҳе, ки дар Фаронса баргузор шуд, аз миёни 6 ҳазор ширкаткунанда, дар қатори 100 нафар рассоми беҳтарин соҳиби мукофот гардид.