Дар шаҳри Маскав нахустин студияи хусусии як синамогари муҳоҷири тоҷик ба кор шурӯъ кардааст ва қасд дорад, дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд филм ба навор бигирад. Муассиси студияи хусусӣ ,синамогар Ҷамшед Раҳмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав, ҳамзамон бо эъломи ин хабар, тавзеҳ кард, омодагиҳои ибтидоӣ барои наворгирии филм дар бораи Аҳмадшоҳ ба анҷом расид ва ҳамчунин мавод ҳам фароҳам шудааст.
Ҷаамшед Раҳматов афзуд: "Ман ба таҳияи филм бо хости пайвандони Аҳмадшоҳи Масъуд иқдом кардам. Моҳи декабри соли гузашта ба ҳангоми наворгирии як филми мустанад дар дараи Панҷшер, аз гуруҳи мо чунин дархост шуд ва мо онро пазируфтем." Наворгирии филми Аҳмадшоҳи Масъуд дар кӯтоҳмуддат шурӯъ хоҳад шуд.
Ҷамшед ҳамчунин гуфт: Ин филми нахустини мо нест. Филми нахустине мо ба навор гирифтем, дар бораи рузгори муҳоҷирони Афғонистон дар Русия буд. Аз он ба баъд мо филми дигареро ба навор гирифтем, ки аз вазъи дохилии имрӯзаи Афғонистон ҳикоят мекунад. Мавзӯъи марказии филм таҳавуллоти ахири Афғонистон пас аз шикасти режими Толибон мебошад. Ҳар ду филм ҳанӯз ҳам дар дасти кор аст ва дар ояндаи наздик ба тамошобинон тақдим хоҳанд шуд."
Ҷамшед Раҳматов гуфт, студияи хусусии мо «Ориёно» ном дорад ва ду сол муқаддам ба кор шурӯъ кардааст. Қароргоҳи мо дар студияи Мосфилм воқеъ аст. Ман бо ҳамдастӣ бо як идда аз ҳамватанони ҳунарманд Бахтиёр Худоназаров, Марям Юсуфова ва дигарон, ки феълан дар Маскав ба сар мебаранд, кор мекунем. Дар оғоз заъфияти молӣ имкон надод, мо кори худро ба зудӣ тавсеъа бахшем, вале мушкил як андаке рӯшан шудааст ва пешоруро равшан мебинем.
Ҷамшед Раҳмонов, бо арзи салом ба шунавандагони Радиои Озодӣ гуфт, ки аз 15-солагӣ дар студияи «Тоҷикфилм» кор кардаам ва солҳои навад, ду сол роҳбарии ин студияи собиқадорро бар ӯҳда доштам. Дар аҳди Шӯравӣ ба ҳайси мушовир дар студияи филмбардории Афғонистон, дар Кобул ифои вазифа кардаам.
Ҷамшед Раҳмонов, узви Иттиҳодияи синамогарони Русия ва Тоҷикистон, аз шумори садҳо ҳунармандони муҳоҷири тоҷик аст, ки берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд ва эҷод менамоянд. Дар китоби ҳолномаи синамогарони Русия акнун ҳунармандони тоҷик аз нигоҳи шумора дар мақоми чорум ё панҷум қарор доранд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав