Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Ҳайдар Қосимов, Неъмат Қаробоев, Исмат Шарифов. Ин ва даҳҳо фарди дигар бо ҷонфидоӣ ва қаҳрамониҳои худ ифтихори миллати тоҷик гардидаанд. Раҳмон Қурбонов - ноибраиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе арқоми марбут ба саҳми тоҷикистониён дар ғалаба бар фашизмро меорад: «Дар давраи ҷанг аз як худи Тоҷикистон 260.000 нафар барои муҳофизати Ватан сафарбар карда шуданд, 64 нафар каҳрамони Иттифоқи Шуравӣ шуд, 60.000 кас аз ҷанг барнагашт.»
Абдулло Табаров соли 1941 ҳабдаҳ сол дошт, ба тозагӣ омӯзишгоҳро хатм карда буд ва дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Кӯлоб дарс мегуфт. Ӯ ба ёд меорад, пас аз ду моҳи оғози ҷанг ҳамаи муаллимони ҷавонро чамъ карданд ва ба дасташон даъватнома ба ҷанг супориданд: «Повестка доданд, ки соат сеюним чорай, фардо соати панҷ меоед. Фардо омадем, аз вамон колхози Молотови совети деваи Пушёни он вақт Кӯлоб ва ҳозир ба ноҳияи Восеъ итоат мекунад. Фардо омадем, чор асп доданд, шаш хар доданд, 73 нафаррро пиёда ба Душанбе бурданд.»
Карим Мингалиев ҳангоми ба ҷанг даъват шуданаш ҳамагӣ ҳаждаҳ сол дошт. Тӯли чор соли ҷанг Карими чавон тамоми азобу кулфатҳои давраи ҷангиро паси сар кард ва зинда монд. Имрӯз Карим Мингалиев сарварии шурои собиқадорони ҷанги пойтахти Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Ӯ мегӯяд, сафи аъзои ин шӯро сол то сол ба маротиб кам мегардад: «Чор сол пеш дар як худи шаҳри Душанбе 8000 иштирокчии ҷанг буд. Имрӯз ҳамагӣ 750 нафар мондааст.»
Карим Мингалиев мегӯяд, хурдсолтарин ширкаткардаи ҷанг имрӯз дар синни ҳаштод аст. Ва касе намедонад, ки соли оянда Иди ғалабаро боз чанд каси дигар таҷлил намекарда бошанд. Вале ҳамин теъдоди рӯз аз рӯз камшавандаи собиқадорони ҷанг, имрӯз танҳо дар арафаи Иди ғалаба ба ёди давлат меояд. Ҷанговароне, ки замоне идеали ҷавонони шӯравӣ маҳсуб мегардиданд, барои насли ҷавони имрӯз дигар ба на бештар аз мӯйсафедони фартути оддӣ табдил гардидаанд. Сари синаи Абдулло Табаровро беш аз бист медалу нишон зеб медиҳад, аммо бобои Абдулло онҳоро дигар танҳо дар Рӯзи ғалаба ба сари синааш меовезад: «Мана якташ ба ман гуфт, ин оҳани бисёра чӣ кашол карда мегарди?, гуфта таъна кард. Бачаи 14-15 сола буд. Яктои дигаш гуфт, шумо гадоед.»
«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст». Имрӯз ин шиор дар тамоми кӯчаву хиёбонҳои Душанбе овезон аст. Ва ин шиор танҳо чанд рӯзаке овезон хоҳад буд, ки ҳамроҳ бо гирифтани он, собиқ муҳофизатгарони Маскаву Сталинград, озодкунандагони Аврупои Шарқӣ то соли дигар ба ҳоли худ вогузор хоҳанд шуд. Имрӯз ин ҷанговаронро дар ватанашон дар як сол танҳо як маротиба ба ёд меоранд. Ва аммо дар он шаҳрҳое, ки ҷанговарони тоҷик барои ҳимоят ва озод карданашон ҷони худро додаанд, худро зери танк партофтаанд, бо баданашон мили тӯпи душманро пушонидаанд, имрӯз набераҳои онҳо дар зери мушту лагад ва аз зарби корду ханҷарҳои неофашистҳои ин шаҳрҳо ҷон медиҳанд.
Ҳумойюни Шаҳриёр аз Душанбе