Ҳаводиси Узбакистон, фоҳишагарӣ ва густариши СПИД дар Тоҷикистон

Ҳаводиси ахиран дар Узбакистон рухдода, меҳвари аслии навиштаҳои нашрияҳои Тоҷикистон дар ин ҳафта буд. «Рузи Нав» руйдодҳои ахири давлати ҳамсояро ба риштаи таҳлил кашида, бо истинод ба фикри баъзе коршиносон сар задани ин ҳодисаҳоро чун ҷиҳод бар зидди Ислом Каримов - раисb ҷумҳури феълии Узбакистон номидааст. Аммо фарзияи дигари пешовардаи муаллиф бо истинод ба бархи дигари коршиносон он аст, ки ҷони мардуми Узбакистон аз бедодгариҳои милисаҳо ба лаб омадааст ва сабаби аслии ҳамла маҳз ба милисаҳоро чунин маънидод кардааст. Коршиносе гуфтааст, «Оқибати фишор ба мардум, оқибати буғӣ кардани ормонҳои мардум, оқибати ба мардум рухсати ширкат дар ҳаёти сиёсии кишварро надодан ҳамин аст.» Аммо ташаннуҷи вазъ дар Узбакистон ба ҷамоҳири ҳамсояи он, ба вижа ба Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад расонд? Фахриддини Холбек - муаллифи матлаби «Рузи Нав» мегуяд:
«Баъд аз ин ҳукумати Узбакистон баҳонае меёбад, ки барои интиқоли молу мавод ба Тоҷикистон ва қаторҳои Тоҷикистон боз маҳдудиятҳои дигаре ҷорӣ кунад, ки бе ин ҳам маҳдудиятҳояш хеле зиёд аст. Ва ин ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ба фикрам таъсири манфии худро хоҳ нохоҳ мегузорад.»
Хидмати ҷинсӣ дар Тоҷикистон маъмулан дар маконҳои тафреҳӣ, ба мисли тарабхонаву барҳо, дискоклубҳо, саунаҳо ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад. Бар иловаи ин, макони хидматрасонӣ ҳатто автомобилҳо гаштаанд. Дар натиҷаи як чорабинии ахири ниҳодҳои масъули шаҳри Душанбе 500 духтари танфуруш боздошт гардид. Ношири ин хабар ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» масъалаи танфурушии духтарони ноболиғро дар суҳбате бо Шавкат Исмоилов -раиси кумитаи ҳифзи тартибот, дифоъ ва амнияти Маҷлиси Намояндагон ба миён гузоштааст. Шавкат Исмоилов гуфтааст, ағлаби кулли ноболиғони танфуруш аз оилаҳои бехона, носолим, фақир ва ятимхонаҳо мебароянд. Шавкат Исмоилов омили аслии зуҳури ин падидаи номатлубро дар фақри таҳаммулнопазир ва хушунат дар оила дидааст. Танфурушон ҳамчунин ба гуруҳи осебпазир ба гирифтории маризии ВИЧ-СПИД дохил мешаванд. Маризии ВИЧ-СПИД, ки дар Тоҷикистон бо суръати ваҳшатнок густариш меёбад, дар як матлабе дар «Азия Плюс» баррасӣ гардидааст. Муаллифи он Гулчеҳра Мансурова бо истинод ба Маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди СПИД навиштааст, имруз суръати афзоиши маризони ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон шадидан нигаронкунанда мебошад. Агар дар соли 2000 танҳо 11 ҳодисаи гирифтори СПИД қайд шуда буд, пас моҳи марти соли ҷорӣ ин рақам ба 170 расидааст ва ҳол он ки арқоми расмӣ воқеияти ҳолро нишон намедиҳанд. Муаллиф аз забони Аъзамҷон Мирзоев - раиси Маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди СПИД ва ҷилавгирӣ аз густариши он менависад, на танҳо муътодону танфурушон гирифтори СПИД мешаванд, балки имруз назди гинеколог ё духтури дандон рафтан низ хатари мубталои ин маризӣ гардиданро дорад. Имруз, гуфтааст ҷаноби Мирзоев, на тифли навзоди ҳафтрузаву на пири ҳафтодсолаи қоматхамида аз сирояти СПИД эмин нестанд.
«Неруи Сухан» таърихи пайдоиш ва нашри нахустин рузномаи мустақил дар Тоҷикистон «Чароги Руз»-ро аз муассиси он Додоҷони Атовулло пурсон шудааст. Додоҷони Атовулло дар посух ба суоле оид ба вазъи имрузаи сиёсии Тоҷикистон гуфтааст, президент Эмомалӣ Раҳмонов се шонси каҳрамони миллии Тоҷикистон шуданро дошт. Ду тои онро аллакай аз даст дод. Шонси саввуми Эмомалӣ Раҳмонов аз ширкат дар интихоботи раисҷумҳурии соли 2006 даст кашидан аст. Додоҷони Атовулло гуфтааст, имруз ҳукумати Тоҷикистон ягон лоиҳаи берун кашидани ҷомеа аз вартаро надорад.
«Рузи Нав» пурсише гузаронидааст, бо суоли «Ба чӣ хандидан мехохед?» Академик Раҳим Масов дар посух ба ин суол гуфтааст, тамоми зиндагии мо театр шудааст, театри як актер. Ва ин ҳама хандаовар аст. Рузноманигор Самариддин Асозода ба пурсиши «Рузи Нав» чунин посух додааст:
«Хандаи талхи ман аз гиря ғамангезтар аст,
Корам аз гиря гузаштааст, аз он механдам.»