Ин ид шоми 18-уми апрел фаро расида, бо ёдоварӣ аз таърихи озодшавии яҳудиён аз итоати мисриён шурӯъ мешавад.
Қисмати бузурги сокинони Тоҷикистон аз иди Песах ё Иди Пок хабар надоранд ва ҳам намедонанд, ки ин ид ба чӣ шакле таҷлил мешавад.
Вале як гурӯҳи кӯчаки яҳудиёни Тоҷикистон, ки умдатан дар пойтахти ин кишвар ба сар мебаранд, дар якҷоягӣ аз рӯзи Песах таҷлил карда, онро аз ҷумлаи идҳои кӯҳан ва гиромии яҳудиён медонанд.
Михаил Абдураҳмонов, хохом ё раввини танҳо канисаи яҳудиён дар Душанбе, Песах ё Иди покро "иди озодӣ" донист ва гуфт, ки сарчашмаи ин ид аз замони озодшавии яҳудиён аз ғуломӣ ё итоати мисриён, дар бештар аз се ҳазор соли пеш об мехӯрад.
"ВАҲДАТИ ЯҲУДИЁН"
Ҷаноби Абдураҳмонов мегӯяд, қавми яҳуд то замони озод шуданаш аз бардагии мисриён, тӯли тақрибан чаҳорсад сол дар итоати онҳо қарор доштааст.
Вай афзуд, “ин идро барои он таҷлил мекунем, ки мардуми яҳудӣ аз бардагии мисриён раҳо шудааст. Пас аз ин раҳоӣ, яҳудиён ҳамчун қавми алоҳида шинохта шуданд. Вақте Худованд китоби Тавротро мефиристад, онҳо аз ин китоб пайравӣ мекунанд. Бино бар ин, ҳар сол мо ин идро таҷлил мекунем.”
Аз ин рӯ, дар оғози ин ид аҳли хонаводаи яҳудиён дар атрофи як миз нишаста, пеш аз ҳама аз таърихе ёдоварӣ мекунанд, ки онҳоро ба даврони хеле пеш, замони ғуломӣ ва пас аз он замони озодии яҳудиён мебарад.
Ёдоварии ин сафҳаи таърих яке аз муҳимтарин нукоти иди Песах дониста мешавад ва гуфта шудааст, ки ҳар кадом насли яҳудӣ бояд ба ин сафҳаи таърих оқилона бингарад ва эҳсос кунад, ки ин рӯзҳои ғуломӣ ва раҳоиро худи ӯ аз сар гузаронидааст.
РӮЗИ НИЁИШ, РӮЗИ ИСТИРОҲАТ
Таҷлил аз рӯзи Песах ё Иди Поки яҳудиён тӯли тақрибан шаш рӯз идома мекунад. Рӯзҳои Иди пок барои мардуми мазҳабии қавми яҳуд рӯзҳои ниёшу ибодат аст. Аммо барои қисмате дигар, ки худро мардуми муосир ё замонавӣ мепиндоранд, ин рӯзи истироҳат аст ва онҳо вақти холигияшонро бо аҳли хонавода ва дӯстону наздиконашон сипарӣ мекунанд.
Баъзе аз коргоҳҳо дар Исроил, маркази яҳудиёни ҷаҳон, дар ин рӯзҳои ид то нисфирӯзӣ ва гурӯҳе дигар аслан дари худро то замони хатми Иди пок қуфл мезананд.
Хохоми танҳо канисаи яҳудиён дар Душанбе мегӯяд, Иди Пок ё Песахро яҳудиён аксаран дар ҳузури аҳли хонавода таҷлил мекунанд. Вале ӯ гуфт, бино бар сабаби он ки бештари яҳудиён дар Тоҷикистон кӯҳансолу ниёзманди кӯмаканд ва наметавонанд хони идонае биороянд, онҳо ҳудуди панҷоҳ хонаводаи яҳудиро ба каниса даъват карда, идро дар атрофи як миз ва бо ба ҷо овардани ибодат таҷлил мекунанд.
ҚИССАИ НОНИ БЕНАМАК
Михаил Абдураҳмонов, ки бо барномаи Оини мадоро сӯҳбат мекард, гуфт, дар рӯзҳои Песах хони идонаи онҳо ранги дигаре мегирад ва дар болои он аслан нони бенамакро мегузоранд.
Ин нони бенамак, ки ба талаффузи яҳудиён мата ё мато номида мешавад, аз нони одие, ки мардум ҳамарӯза тановул мекунанд ва он дар таркибаш хамиртуршу намак дорад, тафовут доштааст.
Ҷаноби Абдураҳмонов мегӯяд, дар тӯли рӯзҳои Иди Пок ҳар як яҳудӣ аз хӯрдани нонҳои одӣ даст кашида, танҳо нони бенамакро тановул мекунад.
Вай сабаби нони бе намак хӯрдани қавми яҳуд дар рӯзҳои Песахро ин гуна шарҳ дод: “Замоне яҳудиён аз ғуломии мисриҳо озод шуда, аз кишвари онҳо хориҷ мешуданд, барои нон кардан имконият надоштанд. Бино бар ин, танҳо ордро бо об омехта карда бар рӯи сангҳо мегузоштанд ва онро хушк карда мехӯрданд. Аз ҳамон вақт ба мо расм шудааст, ки дар рӯзҳои Песах нони хушккардаи бенамакро бихӯрем.”
... ВА ОБИ АНГУР
Ҳамон тавре ки пешвои яҳудиёни Тоҷикистон эълон дошт, барои таҷлил аз иди Песах, барои онҳо аз Маскав ҳудуди 200 кило аз нони хушккардаи бенамак, мата ё мато, фиристода шудааст.
Абдураҳмонов мегӯяд, як бахши ин нони бенамак дар канисаи яҳудиён дар Душанбе ҳифз шуда, қисми дигари он барои яҳудиёни шимоли Тоҷикистон фиристода шудааст.
Яҳудиёни Тоҷикистон мегӯянд, ҳамчунин дар рӯзҳои таҷлил аз иди Песах онҳо оби ангур менӯшанд, ки ин низ ба унвони ҳадя ба онҳо аз Маскав омадааст. Михаил Абдураҳмонов мегӯяд, нӯшидани оби ангур аслан ҳатмӣ нест ва нафароне, ки тавони бардошти онро надоранд, онро наменӯшанд.
Вале ҳамон гунае ки ӯ гуфт, барои ҳар як нафар яҳудӣ дар рӯзҳои Иди Пок то чаҳор пиёла оби ангур дода дода мешавад.
Ҳар кадом насли яҳудӣ бояд ба ин сафҳаи таърих оқилона бингарад ва эҳсос кунад, ки ин рӯзҳои ғуломӣ ва раҳоиро худи ӯ аз сар гузаронидааст...
Вале як гурӯҳи кӯчаки яҳудиёни Тоҷикистон, ки умдатан дар пойтахти ин кишвар ба сар мебаранд, дар якҷоягӣ аз рӯзи Песах таҷлил карда, онро аз ҷумлаи идҳои кӯҳан ва гиромии яҳудиён медонанд.
Михаил Абдураҳмонов, хохом ё раввини танҳо канисаи яҳудиён дар Душанбе, Песах ё Иди покро "иди озодӣ" донист ва гуфт, ки сарчашмаи ин ид аз замони озодшавии яҳудиён аз ғуломӣ ё итоати мисриён, дар бештар аз се ҳазор соли пеш об мехӯрад.
"ВАҲДАТИ ЯҲУДИЁН"
Ҷаноби Абдураҳмонов мегӯяд, қавми яҳуд то замони озод шуданаш аз бардагии мисриён, тӯли тақрибан чаҳорсад сол дар итоати онҳо қарор доштааст.
Вай афзуд, “ин идро барои он таҷлил мекунем, ки мардуми яҳудӣ аз бардагии мисриён раҳо шудааст. Пас аз ин раҳоӣ, яҳудиён ҳамчун қавми алоҳида шинохта шуданд. Вақте Худованд китоби Тавротро мефиристад, онҳо аз ин китоб пайравӣ мекунанд. Бино бар ин, ҳар сол мо ин идро таҷлил мекунем.”
Аз ин рӯ, дар оғози ин ид аҳли хонаводаи яҳудиён дар атрофи як миз нишаста, пеш аз ҳама аз таърихе ёдоварӣ мекунанд, ки онҳоро ба даврони хеле пеш, замони ғуломӣ ва пас аз он замони озодии яҳудиён мебарад.
Ёдоварии ин сафҳаи таърих яке аз муҳимтарин нукоти иди Песах дониста мешавад ва гуфта шудааст, ки ҳар кадом насли яҳудӣ бояд ба ин сафҳаи таърих оқилона бингарад ва эҳсос кунад, ки ин рӯзҳои ғуломӣ ва раҳоиро худи ӯ аз сар гузаронидааст.
РӮЗИ НИЁИШ, РӮЗИ ИСТИРОҲАТ
Нони бенамак, ки ба талаффузи яҳудиён мата ё мато номида мешавад, аз нони одие, ки мардум ҳамарӯза тановул мекунанд ва он дар таркибаш хамиртуршу намак дорад, тафовут доштааст...