Ниёзи ҷомеа ба таҳаммулпазирӣ

Таҳаввулоти ҷаҳони араб водор мекунад, ки миёни давлатҳо ва ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ фарҳанги таҳаммулпазирӣ таҳкими бештар пайдо кунад.
Ин матлаб дар як нишасти байналмилалӣ бо ширкати масъулини давлат ва намояндагони ҷомеаи маданӣ дар шаҳри Душанбе садо дод.

Абдуҷаббор Раҳмонов-вазири маорифи Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст ба хабарнигорон гуфт ҷомеа ва давлати Тоҷикистон, ки авоқиби сангини як ҷанги шаҳрвандиро шоҳид будааст ба фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазирӣ алоқамандии бештар зоҳир мекунад.

Оқои Раҳмон афзуд дар пайи иттифоқоти рухдода дар бархе аз кишварҳои арабӣ, масъалаи таҳкиму густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва тақвияти сулҳу субот на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми минтақа аҳамияти
Абдуҷаббор Раҳмонов-вазири маорифи Тоҷикистон
бештар касб кардааст: «Ҷомеаи имрӯза, вазъи кунунии авзои ҷомеа моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша таҳаммулпазир ва сабур бошем. Ба ҳамаи мушкилоте, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, бо назари воқеӣ нигоҳ кунем ва коре кунем, ки мушкилоти сиёсӣ рӯбарӯ нагардем ва ҷомеаамонро боз ҳам обод гардонем. Вазъи на танҳо кишварҳои Шарқи Миёна, умуман авзои имрӯзаи ҷомеа моро ба таҳаммулпазирӣ даъват менамояд ва мо бояд он арзишҳое, ки дар гузашта буд инро миёни ҷавонон таблиғ кунем».

Аммо масъалаи тақвияти фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон бар тирагӣ ва печидагиҳои равобити ин кишвар бо ҳамсоякишварҳо ишора мекунанд. Сардии равобити Тоҷикистон бо Ӯзбакистон, ки ҳамакнун на танҳо дар сатҳи ҳукуматҳо, балки дар миёни ҷавомеъи ин ду кишвар низ ба таври аланӣ баҳсу баррасӣ мешавад аз адами як чунин фарҳанг гувоҳӣ медиҳад.

Раҳмон Ӯлмасов-таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки сардӣ дар муносиботи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба эҷоди як фазои номуносиб ва носолим дар миёни ҷомеаи ин кишварҳо сабаб шудааст. Дар ҳоле, ки мегӯяд оқои Ӯлмасов, вазифаи ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ аз ҷумла
созмонҳои иҷтимоӣ дар чунин шароит ин аст, ки фарҳанги сулҳу гуфтугӯ ва таҳаммулу сабрро миёни мардум таблиғ ва ташвиқ кунад.

Ӯ мегӯяд: «Таҳаммулгароӣ бояд дуҷониба бошад. Мо на танҳо натавонистем афкори умумиро на танҳо дар дохили худ , балки дар кишварҳои ҳамсоя низ иваз намоем. Мутаассифона дастгоҳҳои таблиғии кишвари ҳамсоя аз мо беҳтар фаъолият мекунанд.»

Ба бовари коршиносон, равобити Тоҷикистон дар ин авохир бо дигар кишварҳои минтақа аз ҷумла Қирғизистон баъди муноқишаҳо дар марзи шимолии ин кишвар бо Қирғизистон ва ба хусус Русия низ ба тирагӣ гароидааст.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи ин коршиносон, ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат бо рақибони сиёсии худ дар дохили кишвар низ бархӯрд ва муносибати созишкорона надоштааст. Коршиносон таъкид мекунанд, ки ба хотири таҳкими фарҳанги сулҳ ва таҳаммулпазирӣ давлати Тоҷикистонро зарур аст, ки шеваи ҳамкории худ бо ин гурӯҳҳоро бознигарӣ кунад.