Размоиши тактикӣ алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло

Водии Рашт (Акс аз бойгонӣ)

Амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло дар Самсолиқи ноҳияи Нуробод оғоз шудааст.
Сокинони ноҳияи Нуробод, хоса мавзеи Самсолиқ, субҳи имрӯз шоҳиди як амалиёти низомӣ, парвозу рокетандозии чархболҳои низомӣ буданд.
Давлати Тоҷикистон пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997, тавонистааст куллия раҳбарони мухолифон ва фармондеҳони онҳоро ё моил, ё зиндон ва ё зимни амалиёт нобуд кунад...


Ба гуфтаи манобеи бархе аз фармондеҳони собиқи мухолифин ва атрофиёни Мирзохӯҷа Аҳмадов, ин иқдом амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ бар алайҳи гуруҳи мусаллаҳи Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, аз фаромндеҳони пешини мухолифи давлат аст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, дар амалиёти мазкур нерӯҳои собиқи мухолифи давлат, аз ҷумла Мирзохӯҷа Аҳмадов низ ширкат доранд. Ҳадафи ин амалиёт маҳв ё боздошти боқимондаҳои гурӯҳи мусаллаҳест, ки дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон даст доштанд.

АМАЛИЁТ Ё ТАМРИН?

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ
Аммо мақомоти марбутаи Тоҷикистон аввал ҷой доштани ҳар гуна паврози ҳавопаймо ва тирандозиро дар шарқи кишвар рад карданд, вале баъдтар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, амалиёте, ки бомдоди имрӯз дар шарқи Тоҷикистон оғоз шудааст, машқи тактикии зидди терористии ҷузвутомҳои артиш ва вазорати дохила дар минтақаи мазкур аст.

Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз ин машқҳо, бо таваҷҷӯҳ ба ҳаводиси соли гузаштаи водии Рашт, боло бурдани маҳоратҳои ҷангии нерӯҳо дар муқобила бо гурӯҳҳои мусаллаҳ мебошад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД дар ин замина гуфт: "Дастаи таъйиноти махсуси милиса ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва воҳидҳои дигари таъсисшуда, амалиёти махсуси тактикӣ доир намуда истодаанд. Ҳадафи он санҷиши омодабошии ҳайати шахсии ҷузвутомҳои мустақар дар ҳамон минтақа аст."



САДОИ ДИГАРБОРАИ ГУЛӮЛАҲО ДАР РАШТ


Ба ҳар сурат, шарқи Тоҷикистон дубора садои гулӯларо шунид, шоҳиди парвоз ва тирандозии ҳавопаймоҳо шуд. Дар ҳоли таҳияи ин гузориш маълумоти бештаре роҷеъ ба ин амалиёт ва тамрини зиддитерористӣ дар минтақаи Рашт ироа нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ду соли пеш низ, вақте амалиёт алайҳи гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёевро дар ноҳияи шарқии Тавлидара оғоз карданд, онро зери унвони амалиёти «Кӯкнор-2009» панаҳ дода ва пеш мебурданд. То рӯзе, ки Мирзо Зиёев боздошт ва ё кушта шуд. Он гоҳ амали ин гурӯҳро талоши табадуллоти зидди давлатӣ унвон карданд.

Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон аз поизи соли гузашта алайҳи нерӯҳои Мулло Абдулло амалиёти густардаи худро оғоз карда буданд. Ин амалиёт баъд аз ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон ва кушта шудани 25 сарбоз дар дараи Камароб оғоз шуда буд.

ТАНҲО МУЛЛО АБДУЛЛО

Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло
Мақомоти Тоҷикистон масъулияти ҳамлаи Камаробро бар дӯши Мулло Абдулло, Алии Бедакӣ, аз фармондеҳони собиқи мухолифон вогузор намуданд ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро низ дар ҳамдастӣ ба он ду нафар муттаҳам эълон карданд.

Аммо пас аз як ҳафта Мирзохӯҷа Аҳмадов дубора бо нерӯҳои давлатӣ пайваст ва алайҳи ҳамроҳони собиқи худ ба мубориза пардохт. Дар моҳи янавар мақомот аз кушта шудани Алии Бедакӣ хабар доданд. Аммо баъдтар нашри як навор шубҳаву гумон дар мавриди аввал боздошт ва баъд кушта шудани Бедакиро доман зад.

Бо ин ҳол, Мулло Абдулло ва бархе аз аъзои гурӯҳаш ҳамчунон дар озодӣ ба сар мебаранд ва мақомот бо вуҷуди талошҳо муваффақ ба пайдо кардани изи пои онҳо нашудаанд. Ӯ дар соли 1997 шароити созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифонро напазируфт ва ба ҷанги худ идома дод. Аммо баъдтар бино ба хабарҳо ба Афғонистон ва Покистон паноҳанда шуда буд. Шабаҳи ӯ аз ду сол ба ин ҷониб дар шарқи Тоҷикистон гашту гузор дорад.

Давлати Тоҷикистон низ пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 тавонистааст куллия раҳбарони мухолифон ва фармондеҳони онҳоро ё моил, ё зиндон ва ё зимни амалиёт нобуд кунад. Магар Мулло Абдулло, ки бо гузашти 16 сол аз имзои сулҳ то кунун ба набарди худ камокон идома додааст.