Додгоҳ, "Ҷумҳурият" ва радди шикояти Зойиров

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъвои Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ алайҳи "Ҷумҳурият"-ро бесос донист.
Раҳматилло Зойиров аз додгоҳ хоста буд, ки рӯзномаи "Ҷумҳурият", нашрияи президенти Тоҷикистон, ҷавобияи ӯро нашр ва инчунин барои зиёни маънавӣ ба ӯ ҷуброни пулӣ пардохт кунад.
Ҳалномаи додгоҳ ба нафъи нашрияи расмӣ ва алайҳи даъвои раиси як ҳизби мухолиф, гумонҳо бар сари ҷонибгароии додгоҳҳо дар қазияҳои матбуотро бештар ҷониби яқин мебарад...


Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, аз болои ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят хоҳад бурд.

ЗОЙИРОВ РОЗӢ НЕСТ

Вай мегӯяд, дар мақолае, ки таҳти унвони "Зойиров ба осиёби кӣ об мерезад?", дар таърихи 12-уми феврали соли 2010 нашр шуда буд, мавриди тӯҳмат ва таҳқир қарор гирифтааст. Дар ин мақола ба сурати ғайри мустақим талош шудааст, ки аз Раҳматилло Зойиров чеҳрае монанд ба омили нуфузии Узбакистон тасвир шавад.

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ
Ҷаноби Зойиров аз додгоҳ дархост карда буд, ки "Ҷумҳурият"-ро ба нашри ҷавобияи ӯ ва пардохти зарари маънавӣ водор кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин мақола дар ҷараёни корзори интихоботи парлумонии соли гузашта ба обрӯи ӯ таъсири сӯъ расонидааст. Аммо додгоҳ даъвои Раҳматилло Зойировро роҷеъ ба тӯҳмату таҳқир ва инчунин нашри посух рад кардааст.
Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, аз чунин ҳалномаи додгоҳ розӣ нест: "Додгоҳ дар мурофиа дид, ки "Ҷумҳурият" барои исбот далел пешниҳод карда натавонист. Якум, ин ки "Ҷумҳурият" ба таври расмӣ ба додгоҳ пешниҳод кард, ки Ализода мегуфтанӣ муаллифро намешиносад ва суроғаашро ҳам намедонад. Баъд гуфтанд, ки гӯиё ба муҳоҷират рафтааст, боз гуфтанд, ки мақоларо ба почтаи электронӣ фиристодааст. Баъд дар мурофиа намоядаи "Ҷумҳурият" дар додгоҳ ваъда кард, ки радифро нашр мекунанд ва ҳатто рӯзаш таъйин буд, ки рӯзи шанбе бояд нашр мекарданд. Вале пас аз як ҳафта намояндаи рӯзнома омада гуфт, ки роҳбарият розӣ нашуд, зеро аз боло супориш шудааст. Яъне онҳо ӯҳдадории дар мурофиа гирифтаашонро иҷро накарданд. Акнун додгоҳ ба нафъи онҳо ҳалнома баровард, ман ба додгоҳи кассатсионӣ шикоят мебарам."

ДОДГОҲ ВА НАШРИЯҲО

Ин дар ҳолест, ки сардабир ва намояндаи "Ҷумҳурият" дар додгоҳ аз ҳар гуна изҳори назар дар ин маврид худдорӣ намуданд.

Баъд аз содир шудани қарори додгоҳи кассатсионӣ ё таҷдиди назар, ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳукми иҷро дар хоҳад омад. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва хоса қозие, ки ҳалномаро ба нафъи "Ҷумҳурият", нашрияи президенти Тоҷикистон, акнун содир кардааст, дар як моҳи пеш алайҳи нашрияи мустақили "Миллат" ҳалномаи дигареро содир карда буд, ки бар асоси он ин нашрия бояд 1 ҳазору 500 сомонӣ ба нафъи Вазорати кишоварзӣ пардохт кунад.

Қабл аз он ҳам ин додгоҳ нашрияи "Пайкон"-ро барои пардохти ҳудуди бештар аз 200 ҳазор сомонӣ ба нафъи идораи давлатии "Тоҷикстандарт" водор намуда буд. Инчунин даъвои як мақоми вазорати корҳои дохилӣ, ки акнун дар курсии муовини вазорат нишастааст, низ алайҳи нашрияи "Азия-Плюс" низ дар дасти баррасии ин додгоҳ аст.

ТАЪСИРИ МАҚОМОТ

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ
Соҳибназарон мегӯянд, содир намудани ҳалнома ба нафъи нашрияи президент ва бар алайҳи раиси ҳизби мухолифи ҲСДТ наметавонад бидуни таъсири мақомоти иҷроия сурат гирифта бошад. Зеро ба гуфтаи коршиносон, дар ин маврид оддитарин талаботи Қонуни матбуот, яъне ҳаққи ҳатмии шаҳрванд ба ҷавоб гуфтан дар мавриди иттиҳом алайҳи худаш воридшуда дар матбуот, аз сӯи додгоҳ нодида гирифта шудааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин маврид мегӯяд: "Талаботи Қонун ин аст, ки дар ҳамон ҳаҷм, ҳамон саҳифа бояд раддия нашр шавад. Албатта, вобаста ба мақоме, ки "Ҷумҳурият" дорад ва он нашрияи расмии президенти Тоҷикистон аст, ин масъала то додгоҳ норафта ҳалли худро пайдо мекард. Аммо вақте ки қазия ба додгоҳ расид, мутмаин нестам, ки додгоҳ ба далелу бурҳони ҷонибҳо мунсифона баҳо дода тавонад."

ТАРАФГИРИИ ДОДГОҲҲО

Ҳамчунин, дар додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе низ баҳси се қозии додгоҳҳои Тоҷикистон бо се нашряи мустақили "Озодагон", "Фараж" ва "Азия-Плюс" идома дорад, ки хостори пардохти 5 миллион сомонӣ ҷуброни маънавӣ аз сӯи нашрияҳо шудаанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбии муқими Душанбе ва ташаккулҳои журналистӣ бо изҳори нигаронӣ аз парванда алайҳи нашрияҳо, онро истифодаи додгоҳ чун асбоби фишори давлат ба озодии матбуот унвон кардаанд.

Аммо акнун ҳалномаи додгоҳ ба нафъи нашрияи расмӣ ва алайҳи даъвои раиси як ҳизби мухолиф, гумонҳо бар сари ҷонибгароии додгоҳҳо дар қазияҳои матбуотро бештар ҷониби яқин мебарад.