Мошинбозори Қӯрғонтеппа, аз "Жигули" то "Мерседес"

Аз 13 сабукраве, ки дар мошинбозори Қӯрғонтеппа ба фурӯш рафт, як ададаш сохти Шӯравӣ ва боқимонда истеҳсоли кишварҳои ғарбӣ ва Ҷопон буданд.
Поинравии қиммати мошинҳо дар бозор, ки ҳар сол дар моҳҳои марту апрел ба мушоҳида мерасад, ҷавонони орзуманди сабукрави арзонро ба мошинбозор меорад.
Дар мошинбозори Қӯрғонтеппа бештар сабукравҳои сохти Олмону Ҷопон, назири "Опел", "Тойота", "Мерседес" ва "Нексия" ба фурӯш гузошта шудаанд...


Дар ин бозор, маъмулан, онҳое, ки азми муҳоҷирати корӣ доранд ё дар оғози мавсими киштукори баҳорӣ ниёз ба маблағ доранд, воситаҳои нақлиётиашонро ба фурӯш гузоштаанд.

"ОПЕЛ": БАҲОИ АРЗОНУ БЕНЗИНИ КАМТАР

Мошинбозори шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар зимн, ба сабаби фаровонии мошин дар бозор, қиммати он дар қиёс бо тобистону тирамоҳ, арзонтар шудааст. Султон Сулаймонов, ҷавоне аз шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, сабукрави дилхоҳашро пас аз як моҳи ҷустуҷӯ дар мошинбозори маҳаллӣ ниҳоят дарёфт.

Вай бар ивази чаҳор ҳазор доллари амрикоӣ мошини тамғаи "Опел-Астра-Ҷи" харидорӣ кард. Султон мегӯяд, ҳоло дар миёни ҷавонони маҳаллӣ маҳз ҳамин марка ё тамғаи мошин, ба истилоҳ, дар мӯд аст: "Ба фикри ман, дар тамоми ҷумҳурӣ ҷавонони имрӯза ба мошини тамғаи "Опел" таваҷҷӯҳ доранд. Калонсолон ҳам ҳоло ба ҳамин навъи мошин бештар ҳавасманданд, зеро сӯзишвориро кам харҷ мекунад, зоҳиран зебо аст ва ҳоло нархаш дар бозор дастрас шудааст. Агар дар чанд моҳ пеш ин хел мошин 5-7 ҳазор доллар нарх дошт, ҳоло аз ҳазор то се ҳазор доллар арзонтар шудааст."

КИҲО "ЖИГУЛИ" МЕХАРАНД?

Мошинҳои истеҳсоли Шӯравӣ, ки акнун аз ҷумлаи мошинҳои камхаридоранд...
Чунин ба мушоҳида расид, ки дар мошинбозори Қӯрғонтеппа низ бештар аз ҳама сабукравҳои сохти Олмону Ҷопон, назири "Opel", "Toyota", "Mersedes" ва "Nexia" ба фурӯш гузошта шудаанд. Масъулони бозор мегӯянд, қиммати ин гуна мошинҳо феълан чандон баланд нест.

Сабукравҳои гароннарх, одатан ё ба бозор роҳ намеёбанд ё ба мошинбозори шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд, зеро дар Қӯрғонтеппа "харидор"-и сарватманд намеёфтаанд.

Вале дар баробари мошинҳои хориҷӣ, дар мошинбозори Қӯрғонтеппа ҳамчунин сабукравҳои тамғаҳои гуногуни Жигули, ВАЗ-2109 ва 2199 низ зиёд ба чашм мерасанд. Ҳарчанд қиммати ин қабил мошинҳо хеле арзон аст, дар гирди сабукрави сохти Шӯравӣ асосан мардони миёнасолу мӯйсафедон ҷамъ меоянд.

"МАЗЗА"-И МОШИНҲОИ ШӮРАВӢ

Мерседесе, ки "зӯр"-и на ҳама кас ба он мерасад...
Мирзоҷон Сафаров, марди солманде, ки мошини советии "Жигули-01"-ашро ба фурӯш гузоштааст, мегӯяд, агарчӣ ҷавонон аз хариди сабукравҳои сохти Шӯравӣ парҳез мекунанд, ронандаҳои таҷрибадор нерӯ ва арзиши чунин мошинҳоро аз сабукравҳои хориҷӣ боло медонанд: "Ин мошинҳои хориҷӣ, ки нав ба бозорҳо роҳ ёфтаанд, мошинҳои сохти Шӯравӣ ҳоло аз мӯд хориҷ шудаанд. Аммо маҳз ҳамин мошинҳои советӣ бақувватанд, ҳатто дар талу теппаҳо ҳам хазида боло мешаванд. Мошинҳои навбаромад хеле нозуканд, наметавонанд. Ҳамин одамони калонсоле, ки "мазза"-и мошини сохти Шӯравиро чашидаанд, ҳамеша аз ҳамин навъи сабукравҳо истифода мекунанд. Масалан, ба ҳамин Жигулии "06", ки соли 1986 истеҳсол шудааст ва ба "Opel"-и соли бароришаш 1997, бингаред. Якумӣ агар ҳазор доллар нарх дошта бошад, дуввумӣ аз ду ҳазор доллар гаронтар. Аммо мошини Шӯравӣ аз он қавитар аст, оҳанаш пӯсидагӣ нест. Одамони таҷрибадор инро хуб дарк мекунанд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки устоҳои таъмиргари мошин ва бархе ҷавонони огоҳ мегӯянд, ҳарчанд қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири сабукравҳои хориҷӣ шояд гаронтар бошад, аммо онҳо аз ҷиҳати бехатарӣ ва харҷи ками сӯзишворӣ беҳтар аз мошинҳои сохти Шӯравӣ будаанд.

АЗ 500 ТО 14 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Сироҷиддин, таъмиргари ҷавони мошинҳои сохти хориҷӣ, мегӯяд: "Мошинҳои Шӯравӣ назар ба дигар мошинҳои хориҷӣ сӯзишвориро бисёр сарф мекунанд. Агар мошини аз ҳама камхарҷтарини советӣ – ВАЗ 2109-ро гирем, дар 100 километр роҳ то 9-10 литр бензин сарф мекунад. Аммо мошинҳои хориҷӣ, хусусан Опел, ки ҷавонон бештар хушдораш ҳастанд, максимум 6-7 литр бензин "мехӯранд". Барои ҳамин, ҷавонон, бавижа ҷавононе, ки имкониятҳои молиявиашон маҳдуду "камбағалранг" ҳастанд, ба ҳамин "Опел"-у "Нексия"-ҳои зебову арзон шавқу ҳавас доранд."

Ба ин тартиб, якшанбе, ки дар миёни мардум ҳамчун рӯзи мошинбозор маъруф аст, танҳо як мошини сохти Шӯравӣ ба фурӯш рафт, ки онро марди солманде бар ивази 500 доллари амрикоӣ аз худ кард.

Воқеан, ин арзонтарин мошини фурӯхташуда дар мошинбозори Қӯрғонтеппа буд. Аммо гаронтарин мошини ҳафта дар бозор сабукрави маркаи "Мерседес-600" буд, ки 14 ҳазор доллар арзиш дошт. Ҳарчанд ҷавонони зиёде дар гирди ин мошин ҷамъ меомаданд, "Мерседес" ба фурӯш нарафт.