Вазорати маориф иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷаҳониро, далели беҳбуди вазъи таълиму тарбия хонд.
Ба гуфтаи масъулини ин вазоратхона, имсол теъдоди иштирокчиёни озмунҳои фаннӣ нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст.
Далели ин иштироки 850 нафар хонанда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва 21 ҳазор нафар дар озмунҳои фосилавӣ, ки тариқи технологияи муосири иттилооти коммуникатсионӣ ё интернетӣ доир гардид, мебошад.
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки дар озмунҳои фосилавӣ, 6 ҳазор нафар ғолиби озмун шуданд ва барои иштирок дар озмунҳои фосилавии байналмилалӣ роҳхат гирифтанд.
ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЗМУНҲОИ ҶАҲОНӢ
Ба гуфтаи вазири маориф, "аз теъдоди ғолибони иштирокчии озмуни фосилавӣ 133 нафар ба Туркия ва 33 нафар ба шаҳри Екатеринбурги Русия ҷиҳати иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ сафарбар шудаанд. Соли ҷорӣ иштироки хонандагон дар озмунҳои байналмилалӣ ҳам афзоиш ёфтааст. Агар ду-се сол пеш хонандагон танҳо аз Душанбе дар озмунҳо иштирок мекарданд, ҳоло аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳам иштирок мекунанд."
Саидаи Фазл, яке барандагони озмунҳои "Омӯзгори беҳтарини сол", муаллифи китоби дарсӣ ва ҳамзамон пажӯҳишгари соҳаи маориф дар сӯҳбат ба "Озодӣ", фаъолшавии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаро тасдиқ карда, афзуд, ки сол то сол афзоиш ёфтани теъдоди иштирокчиён ва озмунҳо, боис ба ҳавасмандии хонандагон ва устодон шудааст.
Хонум Саидаи Фазл меафзояд, яке аз омилҳои ҳавасамандӣ барои таълим ва пешравии хонандагони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ, ин бидуни маҳдудият қадр кардани довталабон мебошад, ки наврасонро боз ҳам дилгармтар мекунад.
Вай аз таҷрибаи кории хеш мегӯяд: "Кашфи истеъдод ё хонандаи лаёқатманд ба кори омӯзгор ва падару модар бастагӣ дорад. Агар омӯзгор бо усулҳои хос ва кӯшишҳои инфиродӣ таваҷҷӯҳи шогирдонро бедор карда тавонад ва дар паҳлӯи ин падару модар ба қадри истеъдод ва талошҳои фарзанд бирасад. Ҳатто барои фарзанд таълими иловагиро фароҳам орад, таълими фарзанд самар медиҳад."
ЯК ҚАДАМ БА ПЕШ, ДУ ҚАДАМ БА ҚАФО?
Солҳои қабл шикояти устодон ва наврасон тариқи расонаҳо дар мавриди ба таққаллуб роҳ додани дастандаркорони озмунҳо ба нашри мерасид. Соли гузашта вазири маориф тариқи матбуот ба истилоҳ ваъда дода буд, ки раванд ва шаффофияти озмунҳоро зери назорат мегирад.
Наргис Қамчинова, яке аз омӯзгорони соҳибтаҷриба, мегӯяд, пешравиҳои вазорати маориф мисли "як қадам ба пеш ва ду қадам ба қафо" аст. Хонум Қамчинова аз таҷрибаи кории хеш қисса кард, ки баъзан тақаллуб дар озмунҳо боис ба дилсардии наврасон мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто иштибоҳҳое, ки дар китобҳои дарсӣ ҳастанд, боис ба номуваффақии хонандагон мешаванд: "Дар шаҳри Душанбе дар назди мактаби 60, озмуни фанни ҳуқуқ доир шуд, як модар писарашро аз Данғара овард. Вақте хонанда ба саволҳо ҷавоб дод, аъзои ҳакамон нодуруст гуфта баҳои манфӣ доданд. Вақте писарбача китобро овард, ки дар китоб чунин посух аст, аъзои ҳакамон гуфтанд, ки дар китоб хато рафтааст ва ин хатои китобӣ боис ба ҷойи севвум гирифтани писарбача шуд. Ба ӯ ҷойи севвумро доданд. Агар вайро дар қатори аввал мегузоштанд, ин қадар дилшикаста намешуд. Бо чашмони пури ашк ба модараш гуфт, ки ҳатто таҳсилро мепартояд. Медонед, чӣ қадар дардовар аст. Вақте гуфтанд, ки барои тақаллуб ва наврасро фиреб додан ба вазорати маориф муроҷиат мекунем, гуфтанд, ки вазорат ҳам одами мо аст."
НИЁЗИ ХОНАНДАИ ДЕҲОТӢ ЧИСТ?
Таҳлилгарон мегӯянд, иштироки фаъоли хонандагон дар озмунҳо ба фаъолияти литсейҳои муштарак ва гимназияҳо бастагӣ дорад, ки дар он маъмулан афроди доро бо пардохти маблағ, таҳсил мекунанд.
Эраҷи Амон, таҳлилгари ҷавон бар ин назар аст, имрӯз насли деҳот, яъне хонандагони деҳот аз ҳамагуна фарогирии таълимӣ ва ҳаққи зиндагии шоиста дар канор мондаанд.
Ҷаноби Амон, меафзояд, ки вазири маориф барои коллеҷҳо теъдоди мушаххаси довталаб ё донишҷӯро муайян кардааст. Дар ҳоле ки дар коллеҷҳои тиббӣ, касбӣ, даҳҳо ҳунар омӯхта мешавад ва ҳама наметавонад дар донишгоҳҳо дохил шавад.
Эраҷи Амон дар идома гуфт: "Пас, хонандагони деҳот бояд ба куҷо раванд? Ояндаи Тоҷикистон танҳо аз писарони нафарони доро, ки фарзандонашон дар шаҳр ва литсейҳо ва мактабҳои оддии пойтахт мехонанд, иборат нест. Бе ин ҳам деҳотиён вазъи сангини иҷтимоӣ, камбизоатӣ доранд, пас, онҳо бояд кӣ шаванд? Чаро ба онҳо имтиёз намедиҳем, инро бояд вазири маориф андеша кунад."
Аммо вазири маориф мегӯяд, ки иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи деҳот солҳои охир мусбат аст ва барои ҷалб кардани онҳо низ иқдомҳои зарурӣ ба роҳ монда мешаванд. Аз ҷумла, ба хонандагони макотиби деҳот имтиёзҳо аз қабили квота ва роҳандозии барномаҳои таълимии босаводгардонӣ дар назар гирифта шудааст.
Солҳои қабл шикояти устодон ва наврасон дар мавриди ба таққаллуб роҳ додани дастандаркорони озмунҳо ба нашри мерасид...