Мақомоти Исроил ба шаҳрвандони худ тавсия додаанд, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ намоянд.
Ситоди мубориза бо терроризми Шӯрои амнияти миллии Исроил дар арафаи Иди Пок, ки дар мазҳаби масеҳӣ ҳамчун Пасха ва дар дини яҳудӣ бо номи Песах маъруф аст, ба шаҳрвандони худ тавсия додааст, то аз сафар ба Тоҷикистону Гурҷистон ва Арманистону Озарбойҷон худдорӣ кунанд.
Ин ниҳоди амниятии Исроил равобити қавии ин кишварҳо бо Эронро як далели судури чунин ҳушдор ном бурдааст.
Соли гузашта низ дар арафаи иди Песах ба атбои Исроил тавсия шуда буд, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.
Он ҳам дар ҳоле ки зиёрати мазори гузаштагон ва нигоҳубини қабристонҳо як суннати аслии Иди Пок ё Песах аст ва як теъдод аз яҳудиёне, ки аз Тоҷикистон ба Исроилу Амрико ва кишварҳои дигари олам кӯчидаанд, дар арафаи ин ид талош мекарданд, ба хотири зиёрати мазори аҷдоди худ ба Тоҷикистон сафар кунанд.
Иди Песах (Пасха) имсол рӯзи 19 апрел таҷлил мешавад.
Оё ин ҳушдори Исроил дар робита ба сафар ба Тоҷикистон то куҷо қобили арзёбист. Ҳамасола то чанд нафар аз ҳамватанони собиқи яҳудии мо дар иди Песах аз Тоҷикистон боздид мекунанд? Ва ҷамъияти яҳудиён дар Душанбе ба ин иди мазҳабӣ чӣ омодагиҳое дидааст?
Бо ин суолҳо рафтем ба сӯҳбати Михаил Абдураҳмонов, раввин ё хохоми каниса ё синагогаи яҳудиён дар Душанбе.