Акбари Турсон дар раъси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ

Акбари Турсон

Акбари Турсон раҳбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ таъйин шудааст.
Ин донишманди тоҷик, ки 15 соли ахир дар Амрико ба сар мебурд, дар пайи ислоҳоти ахир дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба ин мақом таъйин шудааст.

Акбари Турсон дар авохири солҳои ҳаштодум ва оғози солҳои навадуми қарни гузашта низ раёсати Институт ё Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатти Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

СӮҲБАТИ АКБАРИ ТУРСОНРО ДАР ИН ҶО БИШНАВЕД:



Қабл аз ин, Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон пешниҳоди номзадии Акбари Турсон ба раҳбарии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттиро таъйид карда буд.

Вай аз ҷумла гуфта буд, ки "Акбари Турсон шахсияти хеле маъруф, номдоре аст, чӣ дар дохил ва чӣ дар беруни кишвар. Олими хеле босамар ва серкор ҳастанд. Фикр мекунам, ки баргаштани ӯ ба Тоҷикистон барои мо натиҷаи хеле хубе аст. Солҳои дароз дар Амрико кор кардааст. Сатҳи байналмилалии ташкили корҳои илмиро аз худ кардааст."

Акбари Турсон ба мақоми раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар ҳоле пазируфта шуд, ки ин донишманди тоҷик дар ду соли пеш бо Эмомалӣ Раҳмон дар Ню–Йорк мулоқот ва пешниҳоди худ дар робита ба ислоҳоти Академияи илмҳоро ироа карда буд.

Ин аст, ки раисҷумҳур дар моҳи ноябри соли гузаштаи 2010 барои ислоҳоти сохторӣ дар ин ниҳоди илмӣ фармон дод.

Ахиран бар асоси фармони раисҷумҳур даҳ пажӯҳишгоҳи илмии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар панҷ пажӯҳишгоҳ ба ҳам мутаҳҳид карда шуд.