"Афсона" -- театри кӯтоҳқадон

Ин ягона театри бачагонаест, ки дар он танҳо ҳунармандони кӯтоҳқомат нақофарӣ мекунанд.
Хурдтарин ҳунарманди он 12 сол дорад ва қадаш ҳамаги 65 сантиметр аст. Ин театр ҳамсоли истиқлоли кишвар буда ва аммо тайи се чор сол аст, ки махсус бо ашхоси кутоҳқад кор мекунад. Ҳунармандонро раҳбари театр Бегмуҳаммад Асомиддинов аз навоҳии мухталифи кишвар пайдо ва сарҷамъ кардааст.

Бо он ки ин мардум бо маҳдудиятҳои ҷисмонӣ ба дунё омдаанд ва ба чолишҳои ҷиддие рӯ ба рӯ ҳастанд, боз ҳам талош мекунанд, ки хотири дигаронро шод кунанд ва дар ҷомеа нақше дошта бошанд.

"Афсона" дар як ҳуҷраи хеле танги бинои Маркази фарҳангии ҷавонони пойтахт амал мекунад. Дар ин ҳуҷра, ки ягона ҷои тамрин ва утоқи кории кормандони "Афсона" аст, ҳунармандони роҳдур зиндагӣ низ мекунанд.

Репертуари «Афсона» намоишномаҳои гуногуни бачагона дорад ва онҳо ин ҳамаро дар мактабу кӯдакистонҳои кишвар намоиш медиҳанд ва аз даромади ба даст омада зиндагии хешро пеш мебаранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Театри кӯтоҳқадон



Бегмуҳаммад Асомиддинов мегӯяд, ӯ ҳудудан 200 нафари кӯтоҳқадро дар кишвар мешиносад, аммо аз сабаби набудани ҷамъияти вижа, шумори дақиқи кӯтоҳқадҳо дар кишвар муайян нест. Вазорати беҳдошту ҳифзи иҷтимоӣ низ дар бораи шаҳрвандони кӯтоҳқад омор надорад. Аммо аксари онҳо чун маълул ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, аз 80 то 100 сомонӣ нафақа мегирифтаанд.

Зиндагӣ барои ашхоси кӯтоҳқад дар Тоҷикистон ба маротиб душвор аст. Онҳо маъмулан дар инзиво қарор доранд ва ба хотири фирор аз табъиз кӯшиш мекунанд, ба чашми аҳли ҷомеа камтар намудор шаванд.