Аввалин флешмоб дар Тоҷикистон

Як гурӯҳ аз ҷомиаи интернетӣ имрӯз 8-уми апрел дар назди бинои ширкати «Барқи тоҷик» флешмоб - ҳамоиши сареъ ва сулҳомезеро баргузор карданд.
Ширкатдорони ин навъи ҷадиди эътироз дар Тоҷикистон шиорҳои «Рӯзи мотам: Мо аз энергетикаи миранда андӯҳгин ҳастем» ва «Қавмгароӣ + хешутаборбозӣ = фақр, фасод, қафомондагӣ = мардум инро намехоҳад!» - ро дар панҷараи атрофи «Барқи тоҷик» гузоштанд. Онҳо намоишкорона дар пояи ин шиорҳо бо нишони ҳамдардӣ гулгузорӣ карданд ва шамъ гиронданд.

НАВЪИ ҶАДИДИ ЭЪТИРОЗ

Зафар Абдуллоев, рӯзноманигори тоҷик, аз ширкатдорони флешмоб гуфт, ин навъ ҷадиди эътирози сулҳомези дар як ҷомиаи интернетӣ, ки
Зафар Абдуллоев
ширкатдоронаш мардуми гуногункасб ҳастанд, ба вуҷуд омад. Вай афзуд, дар сомонаи “Facebook» чанд нафар иттилоъ гузоштанд, ки аз мушкили ҷорӣ дар соҳаи барқрасонӣ ранҷ мебаранд, аз ин хотир, ба нишони эътироз дар назди бинои «Барқи тоҷик» ҷамъ хоҳанд омад: «Гул овардем. Бо бачаҳо малиҳат кардем, ки чароғи сӯхтаву гулчанбару дигар чиҳо орем ва ҷамъ шавем. Ба таври мусалмонӣ як ҷаноза мекунем, омин мекунему меравем. Баъзеҳо гуфтанд, ки шамъ меорем, ба таври насронӣ. Бо ҳамин мехоҳем нишон диҳем, ки мардуми аз сиёсатҳои «Барқи тоҷик» норозӣ аст. Мо ба «Барқи тоҷик» изҳори ҳамдардӣ мекунем.»

ФЛЕШМОБ- "ҲАМОИШИ ЛАҲЗАИНА"

Флешмоб дар луғати интернет як навъи эътироз буда, маънояш «ҳамоиши лаҳзаина» аст. Ширкатдорон - мобберҳо ҷамъ меоянд, лаҳзае ба ҳар навъ эътирози худро баён мекунанду мераванд ва амалашонро сари мизе дар ягон тарабхона ё ошхонаи сарироҳӣ баррасӣ менамоянд.

Аввалин флеш-моб дар Тоҷикистон



Собит, як донишҷӯ мегӯяд, аз ин аксия ҳангоми дарс хабар ёфтааст: «Омадем аз мардуме, ки мехоҳанд зиндагиро беҳтар кунанд, дастгирӣ кунем. Аз интернет дар бораи ин аксия иттилоъ ёфтам. Ин як шабакаи иҷтимоӣ аст, ки ҷамоати интернетӣ меноманд. Ҳамин гуна як фикр дар сари мо ҳам буд. Чун дидем, ки ин фикри моро дигарон ҳам доранд, сари дастгирашон ба иттифоқи назар расидем.»

ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ин аввалин флешмоб дар таърихи Тоҷикистони муосир аст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет, сомонаи «Facebook» баргузор мешавад ва дар вазъе, ки аз нақши онҳо дар таҳаввулоти ахири Мисру Тунис сӯҳбат мешавад. Дар флешмобе, ки дар назди бинои ширкати «Барқи тоҷик» баргузор шуд, тақрибан 30 нафар ширкат доштанд.

Крис, як ҷавони бритониёӣ, ки мегӯяд, як сол шуд дар Душанбе ба сар мебарад, ин флешмобро наззора мекард. Вай гуфт: «Ин хеле флешмоби хурд буд, шояд таҷрибаи аввалин дар Тоҷикистон аст. Дар Аврупо флешмоб он қадар амали маъруфе нест. Ҳангоми флешмобҳо то панҷсад -ҳазор нафар ҷамъ меоянд. Эътирозҳо ба ин мазмун дар Аврупо бештар дар шаклҳои дигар, аз ҷумла гирдиҳамоиҳо сурат мегиранд. Ин эътироз воқеан флешмоб буд, зеро сулҳомез буд ва хуб гузашт.»

"ЭЪТИРОЗИ СУЛҲОМЕЗ ҲАҚҚИ МАРДУМ АСТ"

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, аз ин аксияи мобберҳо хабар надорад: «Вале ман гумон мекунам, ки ҳар кас дар ҷомиаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ҳақ дорад назарашро бо роҳи сулҳомез баён кунад. Фақат ҳаминро мегӯям, ки аз 23-юми март ба ин сӯ тариқи тамоми расонаҳо мо ба мардум сабабҳои бебарқиро мефаҳмонем. Ман гумон мекунам, ин як ҳодисаи табиист, ки баъзеҳо аз ин фурсати дар нохунак «муносиб» истифода мекунанд.»

Вазорати энержӣ ва саноат ва низ ширкати «Барқи тоҷик» ахиран тариқи расонаҳо ба мардум эълон доштанд, ки далели бебарқии бардавоми баҳори имсол дар Тоҷикистон, камбуди об дар обанбори Норак аст. Онҳо овозаҳо дар бораи фурӯхтани барқ ба Афғонистону Покистон ва об ба Ӯзбакистонро «сафсатаву ҳарза» унвон карданд.

ИҚДОМИ КАМАҲАМИЯТ?

Ба ҳамин минвол, аввалин флешмоби мобберҳо бидуни пеш омадани ягон мушкил ва мухолифати мақомоти Тоҷикистон баргузор шуд.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, ин аксияи сулҳомез барои ҳукумат хатаре надошт ва макони баргузориаш низ аз лиҳози сиёсӣ камаҳамият буд: «Барои пиёда кардани ҳар гуна ҳаракат ва иқдоми ҳуқуқӣ, ҳукумат аз назари сиёсӣ баҳо медиҳад. Агар ба нафъи ҳукумат аст, кор намегирад, агар ба нафъи ҳукумат нест, метавонад муҷозот кунад.»

Оқои Мирзо аз чор узви Ҳизби демократи Тоҷикистон аст, ки соли 2006 дар пайи як пикет дар Душанбе боздошт шуда, 15 рӯзро дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Вай ду пикети дигарро, ки соли гузашта алайҳи сиёсатҳои Ӯзбакистон дар назди сафорати ин кишвар сурат гирифтанд, низ мисол овард, ки бидуни мушкил баргузор шуданд.

Аммо Зафар Абдуллоев мегӯяд, силоҳи бузургтарин алайҳи ноадолатиҳо сулҳ аст ва эътирози сулҳомез ҳама гуна сиёсатҳоро ба зону менишонад. Иддае дигар аз коршиносон, аввалин флешмоб дар Тоҷикистонро ба эътирози оҷонси «Тоҷнюс» аз манъи сомонаи он аз сӯи мақомот шабоҳат медиҳанд. Кормандони ин оҷонс соли гузашта дар посух ба даъвоҳои вазорати нақлиёт ва мухобирот дар бораи тахриб дидани ноқил ба ин ниҳод ноқил ё кабел бурда буданд.