Додгоҳи аврупоӣ дархости Русияро рад кард

Дархости Русия барои бознигарии ҳукми Додгоҳи аврупоӣ вобаста ба истирдоди Муҳаммадрӯзи Искандаров, рад шудааст.
Дархости Русия барои бознигарии ҳукми Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар вобаста ба истирдоди Муҳаммадрӯзи Искандаров- раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон аз сӯи ин додгоҳ дар таърихи 15-уми марти соли 2011 рад шудааст.

Давлати Русия ҳукми ин Додгоҳро, ки истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ҳисобида буд, ғайримунсифона шуморида ва дархост кард, ки он бекор карда шавад. Вале зинаи олии Додгоҳи аврупоӣ баъди баррасии дархости Русия изҳор доштааст, ки далоли пешниҳодкардаи Русия барои лағви ҳукми додгоҳ кофӣ нест, аз ин рӯ қарори иттихозшуда бетағйир боқӣ мемонад.

ЧАРО РАҲБАРИ ДЕМОКРАТҲО БАЗДОШТ ШУД?

Радди дархости Русия барои бознигарии ҳукми Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар мавриди истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Маскав ба Душанбе бори дигар мавқеи Русия дар баробари ин қазияро мавзӯи гуфтугӯ қарор додааст. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки Маскав аз ибтидо ба қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз лиҳози сиёсӣ муносибат кардааст ва аз ин ҷиҳат барои ин кишвар мушкил аст, ки ҳукми Додгоҳи аврупоиро эътироф кунад.

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо аз фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки Додгоҳи аврупоӣ собит кард, ки истирдоди Искандаров на дар чаҳорчӯбаи қонунҳо, балки дар натиҷаи муомилот сурат гирифтааст: «Бархӯрди Додгоҳи Аврупо нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Ва ин барои тамоми созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва созмонҳои дигари сиёсӣ шароитеро ба вуҷуд меоварад, ки дар бораи паҳлӯҳои дигари ин қазия сӯҳбат кунанд».

ҲАМСАРИ ИСКАНДАРОВ: «МӮҲТОҶИ ЧИЗЕ НЕСТЕМ»

Ҳамакнун бар пояи қарори ин Додгоҳ, Русия муваззаф аст, ки барои расонидани хисорот сӣ ҳазор евро ба Искандаров ҷуброн кунад. Ва ба ин далел, ки ин ҳукм таҷдиди назар нахоҳад шуд Додгоҳи аврупоӣ пардохти ҳаққузаҳмаи вакили дифои Искандаров дар Маскавро ба маблағи муодили се ҳазор евро ба дӯши Русия вогузор кардааст. Аммо бастагони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз ҷумла хонуми ӯ дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки онҳо ниёз ва мӯҳтоҷ ба ин маблағи ҷуброн нестанд. Барои хонум Ҳалима дидору мулоқот дар ҳар чаҳор моҳ бо шавҳараш дар зиндон иҷозат дода мешудааст. Вай гуфт ду ва гоҳе ҳам се рӯз ҳамроҳи ӯ дар зиндон ба сар мебурдааст. Хонум Ҳалима гуфт ӯ ва фарзандонаш мехоҳанд, ки Искандаров ҳарчи зудтар озод шавад, зеро ӯ бегуноҳ аст: «Аҳли ойила мо, ман ва фарзандонам мӯҳтоҷи чизе нестем. Фақат аз ҳукумати Русия ва Тоҷикистон мехоҳем, ки ӯро озод кунанд».

РУСИЯ ҶАВОБИ РАД ШУНИД

Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар номаи худ ба давлати Русия, ки нусхаи он ба вакили дифои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Маскав дастрас шудааст, далелҳои Русия барои лағви ин ҳукмро нокофӣ шуморидааст. Ин додгоҳ баъди расидагӣ ба шикояти вакили дифои Искандаров дар мавриди истирдоди ӯ аз Маскав ба Душанбе дар моҳи декабри соли гузашта эълом дошт, ки ин амал берун аз доираи қонун сурат гирифтааст.

Фирӯз Искандаров-писари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, дар номае, ки онҳо дарёфт кардаанд, ин додгоҳ ба Русия тавсия додааст, ки «адолат» дар мавриди қазияи Искандаров барқарор шавад. Вай гуфт ҳоло бо радди шикояти Русия аз сӯи ин додгоҳ шароит фароҳам шудааст, ки парвандаи падарашро ба таҳқиқи такрорӣ бикашанд: «Додгоҳи аврупоӣ дар охири қисми хулосаи худ навиштааст, ки дар инҷо экстрадисияи Искандаров ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ сурат гирифтааст ва дар инҷо қонуншиканиҳо аз ҷумла моддаи саввум ва панҷуми конвенсиюни аврупоӣ ҳаст ва аз ин сабаб бояд Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бояд баргардонида шавад ба Русия ва дар ин баробар дар назар гирифта шавад шаш соли дар маҳбас будани ӯ ва маблағе, ки дар ин муддат Искандаров аз даст дод ва метавонист ба фоидаи худ кор кунад ва низ зарари маънавӣ ин ҳамаро ман ҳамчун фарзандаш ва ҳамчун ҳуқуқшинос ба ӯҳдаи худ мегирам, ки як адвокати дигар доир ба корҳои шаҳрвандӣ бигирам ва бо ӯ ҳамкорӣ кунам то шикоёт навишта ба додгоҳҳои Русия равон кунем».

ШАШ СОЛ БОЗ ПУШТИ МИЛАҲОИ ЗИНДОН

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла Нусратулло Абдуллоев-раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотии худ гуфта буд, ки Тоҷикистон як давлати мустақил аст ва расидагӣ ба қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳам дар доираи ҳамин қавонин сурат мегирад.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров-раиси пешини идораи «Тоҷикгаз» ва Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 2005 аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздии маблағи давлат, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва талоши анҷоми кудато алайҳи давлат барои 23 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.