Мақомоти Тоҷикистон ба интиқоли шаҳрвандони худ аз кишвари ошӯбзадаи Яман оғоз кардаанд.
Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ, гуфт, ин ҳафта 23 нафар бо аҳли хонаводаашон, ки дар ширкатҳои “Здравэкспорт” ва “Техностройэкспорт” кор мекарданд, ба ватан оварда хоҳанд шуд.
Ба қавли ҷаноби Назрӣ, ин гурӯҳи шаҳрвандон тавассути ҳавопаймо аз роҳи Шориқа-Санъо-Шориқа-Душанбе ё ин ки аз роҳи Санъо-Дубай-Душанбе ба Тоҷикистон хоҳанд омад.
Тоҷикистон дар Яман намояндагии расмӣ надорад ва ҳоло ин вазифаро сафорати кишвар дар Арабистони Саудӣ иҷро мекунад.
Давлат Назрӣ мегӯяд, то замони сар задани нооромиҳо дар Яман, наздики 300 шаҳрванди Тоҷикистон дар он ҷо зиндагӣ ва кор мекарданд. Ба гуфтаи вай, аксари онҳо ба тавассути ширкатҳои русӣ, аз ҷумла “Здравэкспорт” ва “Техностройэкспорт” ба Яман роҳ ёфтаанд.
Вай афзуд, шаҳрвандони дигари кишвар дар Яман, ки ҳоло мушкили дарёфти моҳона доранд, баробари ҳал кардани мушкилашон санадҳои худро ба расмият дароварда, ҳафтаҳои оянда бархоҳанд гашт.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ як пизишки шастсолаи тоҷик Ҳомидҷон Очилов аз сӯи гурӯҳи номаълуме рабуда шуда буд. Ҳомидҷон Очилов зодаи ноҳияи Ҳисор буда, аз соли 2007 дар шаҳри Аттақи Яман ба ҳайси табиб кор мекард.
Саидаҳмад Беков, намояндаи ширкати “Техностройэкспорт” дар Яман, он вақт гуфта буд, ки дар ин кишвари арабӣ 47 пизишки тоҷик кор мекунанд, ки тавассути ширкатҳои русии “Техностройэкспорт”, “Здравэкспорт” ва “Экспортстрой” истихдом шудаанд.
Дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ як табиби шастсолаи тоҷик - Ҳомидҷон Очилов аз сӯи гурӯҳи номаълуме дар Яман рабуда шуда буд...