Минарӯбе, ки як бор иштибоҳ кард

Онҳоро "сапёр" ё минаҷӯ мегӯянд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, ҷони чандин нафари дигарро наҷот медиҳанд.
Ворид шудан ба заминҳои минакоришуда, маҳалҳое, ки зери ҳар қадам метавонад инфиҷоре сар бизанад ва ошкору хунсои минаву бомбаҳо вазифаҳои аслии онҳост.

КОРИ МУШКИЛ ВА ХАТАРНОК

Файзиддин Раҳмиддинов 30 сол дорад ва 5 сол қабл баъди хизмати сарбозӣ бо хоҳиши худ ба сафи гурӯҳҳои минарӯби кишвар шомил шудааст. Ӯ аз аввалин нафароне аст, ки ба воситаи саги махсуси минаҷӯй, дар поккории майдонҳои хатарнок иштирок мекунад.

Файзиддин мегӯяд, ба ин кори аз нигоҳи дигарон хавфноку хатарнокаш, ки ҳатто метавонад ба марги инсон ва ё маҷрӯҳ шудани ӯ анҷом ёбад, одат кардаву ҳарос надорад. Танҳо бояд, ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро аз даст надиҳад. Аз сӯйи дигар ба қавли ӯ, ҷустуҷӯйи мина бо саг назар ба дигар таҷҳизот осону бехавфтар аст: «Инҳо омӯзиши махсус дидаанд ва моддаи таркандаро аз бӯяш меёбад ва пасон дар ҷойи худ менишинад. Чаро бо саг осонтар аст минаҷӯӣ? Чун
таҷҳизоти махсус минаҷӯӣ бо пайдо шудани ҳар оҳану метал, садо мебарорад. Аммо саг фақат бӯйи моддаи таркандаро меҷӯяд. Бар ивази ин кор ба саг тӯбча медиҳем, ин ҳаққи заҳматаш аст. Мо ба хотири маблағ кор мекунем ва инҳо барои тӯб, ки бо он бозӣ мекунанд.»

Ҳоло Файзиддин сардори гурӯҳи сагҳои минаҷӯй аст ва ин ҷонваронро барои ширкат дар амалиётҳои поксозии минаҳо омода мекунад.

МИНАРӮБОН АКСАРАН ҶАВОНАНД

Бояд гуфт аксари минаҷӯён дар Тоҷикистон мисли Файзиддин ҷавонанд. Онҳо дар асоси озмун интихоб ва пас аз курсҳои махсуси омӯзиши, дар барномаву созмонҳои мухталифи минарӯбӣ ба фаъолият ҷалб мешаванд. Фаъолияташон тариқи шартнома сурат мегирад.

Мусрифбек Ассадуллоев, бо ширкат дар як озмун, дар созмони «Кӯмаки мардуми Норвегия» ба кор шурӯъ кардааст. Мусрифбек мегӯяд, шартҳои аслии барои интихоби минаҷӯёни оянда инҳо аст: «Қобилияти ҷисмониву зеҳнӣ ба назар гирифта мешавад, одам бояд кунҷков, ҳушёр ва хеле эҳтиёткор бошад, чун ин кор бисёр мушкилу хатарнок аст ва ҳар нафар ҳам наметавонад минаҷӯи кунад.»

МИНАҲО- НИШОНАЕ АЗ ДАВРОНИ ҶАНГИ ДОХИЛӢ

Бино бар омори расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 200 майдони хатарноки минакоришуда ошкор шудааст ва барои поксозии ин заминҳо аз минаҳои зиддинафару бомбҳои хӯшаии даврони ҷанги дохилӣ, сар аз соли 2003 дар кишвар барномаи амалиёти зидди минаҳо роҳандозӣ мешавад.

Бино бар ин барнома то имрӯз қаламрави 6 миллион метри мураббаъ замин аз мина тоза шудааст. Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, хатари мина ба ҷони сокинони минтақаҳои наздимарзӣ зиёд боқӣ мемонад.

ҶАВОНОНУ НАВРАСОН- БЕШТАРИН ҚУРБОНИЁНИ МИНАҲО

Дар Тоҷикистон имрӯз садҳо нафар мардону занон ва кӯдакону ҷавононе ба сар мебаранд, ки бар асари таркиши минаҳо, даст пой чашм ва ё ҷони худро аз даст додаанд. Танҳо дар соли 2010 даҳ нафар аз таркиши минаҳо зарар дидаанд, аммо дар маҷмӯъ тибқи иттилои расмӣ, шумори қурбониёни мина дар кишвар 800 нафар гуфта мешавда, ки 30 дарсади онҳо кӯдакону ҷавононанд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон нахустин созмонест, ки сар соли 2001 дар Тоҷикистон корҳои омӯзиш ва огаҳии мардум аз хатари минаро шурӯъ кардааст.

Занҷирбек Карамов, танзимгари барномаи «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо» дар ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳҳои вижаи барномаи онҳо ҷавонону наврасонанд, чун дар деҳот онҳо нерӯи аслии кории хонаводаҳоянд ва ниёзҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маҷбурашон месозад, вориди чунин минтақаҳои хатарнок гарданд.

«Дар оила барои ҳезум, молчаронӣ ё дигар ниёзҳо бештар наврасону ҷавонон фиристода мешаванд. Мо дар ҳама мактабҳои назди сарҳадӣ гӯшаҳои махсуси хатари минаҳо, таъсис додаем ва дар он ҷо ҳама маълумотҳо оид ба пешгирӣ пешниҳоди хонандагон мешавад. Омӯзгорон ҳам дар семинарҳои махсус омӯзиш дода мешаванд, ва баъдан ба хонандагони ва дигар сокинони маҳал роҳҳои ҷилавгирӣ аз мина ва хатароти майдонҳои минкоришударо бирасонанд."

Бино бар пажӯҳишҳо, то андозае мардум огоҳ ҳаст, вале ин маънои онро надорад, ки хатар аз байн рафтааст. То замоне, ки заминҳо аз мина пок карда нашаванд, таҳдиду хатарҳо ҳам боқӣ мемонанд.

УМЕДҲОИ БАРБОДРАФТАИ ЯК ҶАВОНИ МИНАРӮБ...

Сарнавишти Меҳралӣ Муродов, яке аз сарбозони тоҷикро ҳам дар соли 2006-ум, инфиҷори мина дигаргун кард. То таркиш ӯ ҷавони солим буд ва ду чашми бино дошт, баъди таркиш ӯ ба як маъюби якумрӣ табдил ёфт. Меҳралӣ мегӯяд, беэътиноии масъулон нисбати ӯ ҳамчун як сарбози маҷрӯҳ бисёр дилсардаш кардааст.

Ӯ ки ҳоло дар Бадахшон ҳамроҳ бо падару модар ба сар мебарад мегӯяд, ҳамчун як нафари маҷрӯҳ ва нобино, ба як манзил дар шаҳр наздик ба беморхонаҳо эҳтиёҷ дорад. Вале бо вуҷуди талошҳо, то ба ҳол натавонистааст ба ҳадаф бирасад.

«Ростӣ мо роҷеъ ба кӯмакҳое, ки бояд ба мо дода шавад зиёд мешунавем, президент ҳам таъкид мекунанд ки маъюбон бояд дастгирӣ шаванд, аммо то имрӯз мо ягон кӯмак натавонистем дастрас кунем. Ман имрӯз аз ҷиҳати манзили зист бисёр азият мекашам. Духтурхонаҳо аз манзили зисти мо дур, дар маркази ноҳия ҷойгир шудаанд ва саломатиам хуб нест, ба кӯмаки табибон ниёз дорам.»

Бояд гуфт Миралӣ ҳам замони сарбозӣ дар қатори 20 ҳамтои дигараш тибқи як барномаи безарарсозии минаҳо, баъди курсҳои вижаи омӯзишӣ барои поксозии майдони минаҳо сафарбар шуда буд. Аммо инфиҷори мина тамоми нақшаву умедҳои ин ҷавонро ба зиндагӣ барбод дод.

Вале бо ин вуҷуд Файзиддин ва Мусрифбек, сапёр- минаҷӯёни дигари ҷавон мегӯянд, онҳо аз пешаи интихобкардаи худ пушаймон нестанд ва поксозии заминҳои минкоришудаву наҷоти одамон аз хатарҳои ин маводи таркандаро аз вазифаҳои аслии худ медонанд. Бино бар Қатъномаи Оттава, дар Тоҷикистон бояд то якуми апрели соли 2020, тамоми минаҳои ошкор ва поккорӣ шаванд.