Пирӯзии "Рӯдакӣ"-и Ҳошим Гадо

Рӯзи якшанбеи севуми апрел дар шаҳри Душанбе озмуни миллии театрии "Парасту-2011" ба поён расид.
Ҷоизаи аввали ин ҷашнвора ба театри Лоҳутӣ барои намоишномаи “Рӯдакӣ”-и Ҳошим Гадо ва ба театри “Маяковский” барои намоишномаи “Ишқи Парӣ”-и коргардон Баҳодур Миралибеков эъто шуд.
Вале аз он ки ҳеҷ кадом аз намоишномаҳо дар фестивали "Парасту" соҳиби шоҳҷоиза нашуданд, то ҳол рӯшан нест, ки дар ҷашнвораи "Наврӯз -2011" Тоҷикистонро кадом намоишнома муаррифӣ хоҳад кард...


Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Дшанбе бо намоиши “Шабе дур аз ватан”-и коргардон Низом Меликов ва театри Камоли Хуҷандӣ бо “Бозгашти айём”-и Сайрам Исоева соҳиби ҷои дувум ва “Дурахши ахтар”-и театри Хоруғу “Шумқадам”-и театри Кӯлоб сазовори ҷои севум шуданд.

Намоишномаи “Куштори 114-ум”-и Қурбони Собир, ки намоишномаи ғайриозмунӣ буд, ҷоизаи махсуси Вазорати фарҳанг ва ҳайати доваронро ба даст овард.

Ҷоиза барои беҳтарин коргардонро Ҳошим Гадо ва беҳтарин нақши мардро Абдумӯъмин Шарифӣ, ҳунарманди Театри ҷавонон, соҳиб шуданд.

Озмуни театрҳои касбӣ - "Парасту -2011" бо намоишномаи "Рӯдакӣ" ва дар таҳияи Ҳошим Гадо рӯзи 28-уми марти соли ҷорӣ ифтитоҳ шуда буд. Дар ин ҷашнвора 15 театр аз шаҳрҳо ва ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҷашнвораи театрҳои касбии "Парасту" пас аз чаҳор соли таваққуфи ин ҷашнвора сурат гирифт. Ҳарчанд бар асоси низомнома, фестивал-озмуни театрҳои касбӣ "Парасту" бояд дар ду сол як бор баргузор шавад, вале муддати чанд соли ахир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба сабаби мушкилоти молӣ ин ҷашнвора ва ҳамчунин фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ - "Наврӯз"-ро манъ карда буд.

Ҳамакнун қарор аст, ҷашнвораи байнамилалии театрҳои касбӣ - "Нарвӯз-2011" низ доир шавад, ки бар иловаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин театрҳои Эрон ва Афғонистон низ дар шаҳри Душанбе гирди ҳам меоянд.

Театри Эрон дар ин ҷашнвора бо намоишномаи "Рӯдакӣ" ширкат хоҳад кард. Қарор буд, дар ин фестивал Тоҷикистон намоишномае муаррифӣ бикунад, ки шоҳҷоизаи "Парасту-2011"-ро ба даст овардааст. Вале аз он ки ҳеҷ кадом аз намоишномаҳо дар фестивали "Парасту" соҳиби шоҳҷоиза нашуданд, то ҳол маълум нест, ки дар фестивали "Наврӯз -2011" Тоҷикистонро кадом намоишнома муаррифӣ хоҳад кард.

ҶАШНВОРАИ "ПАРАСТУ" ВА ВАЗЪИ ТЕАТРҲОИ ТОҶИК:


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазъи театрҳои Тоҷикистон