Ҳудуди 30 тан аз ду деҳаи ноҳияи Варзоб бо нишони эътироз алайҳи ширкати IRS гирдиҳам омаданд.
Сокинони деҳоти Ҳушёрӣ ва Ҳоҷа Обигарм аз ширкат тақозо карданд, ки барои барои онҳо роҳпулии собит таъйин шавад.
Ба қавли онҳо, то шурӯи соли равон дар нуқтаи пулчинии Ҳушёрӣ аз сокинони ин деҳот пул ситонида намешуд ва як моҳи қабл барои ҳар як убуру мурур 1 сомонӣ пардохт мекарданд. Аммо моҳи феврал мақомот зидахли ноҳия иддае аз сокинони деҳотро барои пардохт накардани ҳаққи роҳ ҷарима кардаанд.
Раҷаб, яке аз ҷаримашудагон мегӯяд, ӯро ба додситонии ноҳия даъват карда, гуфтаанд, ки ҳаққи роҳро ду моҳ пардохт накарда, инак, ҷарима шудааст:
"Ягон кас намедод, як ман не, ҳама. Аммо ҳамаи онҳоеро, ки ҳаққи роҳро пардохт накардаанд, ширкат сабт карда, бурда ба додситонӣ додааст. Ҳоло ин ҷо дар ин бора гап намезананд. Пеши мардум то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Дақиқашро намедонам, ки чанд кас ва чӣ қадар. Аммо аз ҳама камаш аз ман - 1 ҳазору 690 сомонӣ. Гузаред, то баромадани фармон гузаред, хӯҷаинамон ояд, баъд маслиҳат мекунем, нархро муайян мекунем, мегуфтанд. Меомадем, коргарошон "акаҷон, марҳамат гузаред" мегуфтанд. Пул намепурсиданд."
Сокинон мегӯянд, ҷарима аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин сӯ барои ҳар як убур 6 сомониву 40 дирам муқаррар шудааст. Онҳо аз намояндагони ширкати IRS (Иноватит Роуд Солюшнз) ва ҳукумати ноҳияи Варзоб талаб карданд, ки ин ҷаримаҳо бекор карда шаванд.
Намояндагони ширкати IRS, ки барои мулоқот бо сокинон омада буданд, гуфтанд, ки ҳар як убури афроди ҷаримашуда дар компютерҳои плаза сабт шуда, наворҳои видеоӣ низ вуҷуд доранд ва ҳалли қазия дигар на дар ихтиёри онҳо, балки мақомоти интизомӣ аст.
Шӯҳрат Бобоев, ҳуқуқшиноси IRS гуфт, ба хотири ҳалли мушкили сокинони атрофи плазаи Ҳушёрӣ ширкат тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз 5-уми апрел як аксияи якмоҳа баргузор мекунад: "Ширкат бо ҳукумати ноҳияи Варзоб, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати нақлиёт маслиҳат карда, ин иқдоми муваққатиро гирифт. Акнун натиҷаро мебинем, ки мардум чӣ гуна онро қабул мекунанд. Ҳоло 1 гузариш як сомонӣ мешавад. Қабл 7 сомониву 40 дирам буд. Ширкат ҳамин қадар имкон дошт, ки бар зарари молиявии худаш қиматро ба 1 сомонӣ поён барад."
Акбар Табаров, раиси ноҳияи Варзоб, ки барои мулоқот бо эътирозгарон омада буд, гуфт, қазияи афроди ҷаримашударо рӯзи душанбе, чаҳоруми апрели соли ҷорӣ, бо мақомоти додситонии ноҳия матраҳ хоҳад кард. Вай ҷамъомадагонро ба хештандорӣ даъват намуда, гуфт: "Охир, ин соат, бояд соати якдигарфаҳмӣ бошад. Ин ҷамъият аст, зиндагӣ аст. Мушкил буд ва оқибат ҳалли худро меёбад. Ба ҳамин муваффақияте, ки имрӯз расидем, биёед, муросо кунем."
Роҳи Душанбе-Хуҷанд бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1 апрели соли гузашта пулакӣ шуд ва масъулияти пулчиниаш ба IRS, ширкате, ки дар Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст, супурда шуд.
Ҳоло ин ширкат дар ин масир шаш плазаро фаъол кардааст, аммо аз оғоз то ба ҳол плазаи Ҳушёрӣ яке аз нуқтаҳои мушкилзо барои IRS будааст. Ин ширкат, ки то ба ҳол муассисашро ошкор накардааст, тайи як соли фаъолият чандин маротиба бо эътирозоти мардуми Варзоб рӯбарӯ шуд.
Сокинон мегӯянд, ҷарима бастани теъдоде аз мардуми деҳот эҳтимолан посухи ширкат ба ин эътирозот буд. Онҳо мегӯянд, ба муваффақияти аксияи ширкат низ эътимод надоранд, зеро чандин маротиба ҳамчунин ваъдаҳоро шунидаанд, аммо мушкилашон ҳал нашудааст.
Намояндагони ширкати IRS гуфтанд, ки ҳар як убури афроди ҷаримашуда дар компютерҳои плаза сабт шуда...