Рӯзи шанбеи дувуми апрел, намошномаи "Шабе дур аз ватан" барои аввалин бор ба саҳна гузошта шуд.
Намоишномаро Нозим Меликов, коргардон ва ҳунарманди театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бар асоси ашъори Бозор Собир, шоири тоҷики муқими Амрико таҳия ва пешкаши тамошобин гардонд.
Ин нахустин бор аст, ки театрҳои Тоҷикистон намоишномаеро бар пояи ашъори Бозори Собир, шоире, ки 16 сол боз дар Амрико дар ҳиҷрат ба сар мебарад, рӯи саҳна меоранд.
"Муҳоҷир" - нақши асосии намошномаро Абдулмӯъмин Шарифӣ ва нақши "Рӯъё"-ро Моҳпайкар Ёрова, ҳунамандони Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов иҷро карданд.
Сӯзи дил ва дарду доғи як тан инсони ватандӯсту ватанхоҳ дар симои шоир Бозор Собир, ки сарнавишт ӯро ба кӯи мусофират ва ғарибӣ бурдааст, мавзӯи меҳварии намошномаи "Шабе дур аз ватан" мебошад.
Абдулмӯъмин Шарифӣ - "Бозор Собир" - и саҳна ҳамроҳ бо Рӯъё шаберо пушти сар кард, ки гоҳе шодӣ мекарду гоҳе ашк мерехт ва гоҳе мерақсиду гоҳе худро сарзанишу маломат мекард ва ҳатто доду фиғонаш ба фалак мепечид.
Қаҳрамони асар ончунон ҳама ин ҳолату эҳсосоти як фарди дур аз Ватанро бо нозукиҳои хос манзур гардонид, ки ҳатто бархеҳо сари по истода, намоишномаро тамошо мекарданд, ҳамроҳ бо ӯ ашк мерехтанд ва ҳамрози ӯ буданд.
Хомӯшии толорро садои "аҳсану офаринхонӣ ва шодбошгӯиҳо" танҳо пас аз анҷоми намошнома, ки муддати яку ним соат ҷараён гирифт, ҳамроҳ бо кафкӯбиҳои давомдор халалдор кард.
Ин буд, ки тамошобинону мухлисон ва ҳунармандон ҳунари Нозим Меликов, коргардони "Шабе дур аз Ватан" ҳамроҳ бо Абдулмӯъмин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова, қаҳрамонони намошномаро бо гулу гулдастаҳо муборакбодӣ мекарданд.
Нозим Меликов, дар поёни намошнома изҳор кард, ки ин асарро ба устоди зиндаёдаш - Фаррухи Қосим, ҳунарманди маъруфу маҳбуб ва таъсисдиҳандаи театри "Аҳорун" бахшидааст.
Ба гуфтаи вай, барои ба рӯи саҳна омадани намоишнома ӯ ҳамроҳ бо ҳанрмандони театр ҳудуди яку ним моҳ заҳмат кашидаанд. Аммо Абдулмӯъмин Шарифӣ, қаҳрамони асосии "Шабе дур аз Ватан" гуфт, аз он хушҳол аст, ки дарди мусофират ва ғарибиро, ки дарди ҷаҳонӣ аст, пешорӯи тамошобин гардонад, то онҳо битавонанд эҳсосои ин сӯзӯ розро дошта бошанд.
Низом Қосим, шоир ва вакили Маҷлиси Намояндагон:
"Ҳар шеъри устод Бозор худ як намоишнома аст. Чунки шеъри тасвирӣ худ ҳолати шоир ва порае аз саргузашти ӯро тасвир мекунад. Лекин дар таърихи театри мо кам воқеъ афтодааст, ки аз шеърҳои парешон як намоишномаи маҷмӯъ таҳия карда бошанд, ки аз аввал то ба охир ба ин ҷаззобӣ тамошобинро ҷалб кунад. Лекин ҳунарманди мо Нозим Меликов, ки воқеан табиати шоирона дорад, тавонистааст, ки аз дарди шеъри устод Бозор Собир дурдонаҳои бисёр қимматбаҳоро дарёбад ва ба тамошобинон пешкаш кунад.
Дар муваффақияти ин намоишнома саҳми Абдулмӯъмин Шарифӣ, ин ҳунарманди бисёр шоиртинати мо бузург аст ва мо ин инро имрӯз дидем. Масалан тасаввур кардам, ки дар рӯ ба рӯи ман устод Бозор Собир бо ҳама он печутоби дилу ҷон. Бо ҳама печутоби рӯҳ, бо ҳама азобҳо ва бо ҳама ғаму шодиҳое, ки дорад, истодааст. Ӯ симои як шоири ватанхоҳро бисёр самимона офарида тавонист. Метавон гуфт, ки ин намоишнома дар "Парасту"-и имсола мавқеи бисёр намоён дорад ва натанҳо дар ин ҷашнвора, балки умуман дар таърихи театри тоҷик мавқеи намоён хоҳад дошт ва фикри ман ин аст, ки ин намоишномаро ба қадри имкон ба доираи васеътари тамошобинон пешкаш кунем."
Ортиқи Қодир, ҳунарпеша ва муннақиди театр:
"Тавассути ин намоишнома дарди шоирро, он тасвирҳои бисёр баланди шоиронаи устод Бозорро ҳам коргардон ва ҳам ҳунармандон ва бахусус Абдулмӯъмин бисёр амиқ дарк карданд. Барои ҳамин ҳам мо рафтем ба кӯи бачагиҳо ва деҳоти худ, пайраҳаҳои деҳаву қадам задан аз паси подаву дигару дигарро эҳсос кардем. Дар ин намоиш меҳри Ватан, меҳри на ин ки бо сухан ва бо шиор, балки ҳамон самимият, самимияте, ки устод Бозор Собир дорад, ҳамон содагиву хоксорие, ки устод Бозор дорад, яъне муҳаббати самимии як инсонро аз тариқи модар, падар, деҳа, пайраҳаҳои деҳа, ҳар як дарахти деҳа, ҳатто моҳу ситораҳо ва осмони деҳа, кӯҳу ҳӯсор ва подароҳи деҳа аз чамиданҳо, аз чашиданҳо ва аз шамиданҳо имрӯз бузургии Ватанро дарк кардем. Ташаккур мегӯям ба ҳунармандон, ки имрӯз дар масири "Парасту" бисёр намоишномаи баркамолу зебои шоиронаро дидем."
Қурбони Собир, ҳунарманди театр ва синемо:
"Ба ҳангоми тамошои намошнома ашкҳои ман рехтанд ва ин заифӣ нест. Чун барои тамошои ҳамчунин намоишномае, ки мазмуни баланд дорад, бояд тамошобин омода бошад. Зеро намоишнома тафаккургаро аст ва касро ба фикр кардан водор мекунад. Бардошти махсус мехоҳад. Намоише аст, ки пур аз ақл ва пур аз панд. Дар ҳақиқат, тамошобин бо театр имрӯз тавъам буданд.
Нури Наср, мухлиси театр:
"Аз дидани ин намоишнома хеле мутаассир шудем. Нафаре дар паҳлӯи ман нишаста буд ва мегуфт, "қариб ҳамаи намоишномаҳоеро, ки дар чаҳорчӯби ҷашнвораи "Парасту" намоиш доданд, тамошо кардам. Дар ин намоишнома чизеро дарк кардам ва чизе дошт, ки сараш бояд андеша кард." Фикр мекунам, ин баҳои воқеӣ ва баландтарин ба намошномаи "Шабе дур аз ватан" аст. Месазад, ки ин намоишнома ба ҷашнвораҳои байналмилалӣ, бахусус, ба кишварҳои форсизабон бурда шавад. Албатта, он баҳои арзандаеро хоҳад гирифт."
"Шабе дур аз Ватан" охирин намошномае буд, ки дар чаҳорчӯби барномаи ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои Тоҷикистон - "Парасту-2011" ба намоиш гузошта шуд. Дар маҷмӯъ дар ин ҷашнвора 15 театр аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат ва асарҳои саҳнавии худро ба маърази тамошо гузоштанд.
"Бозор Собир" ба ёди кӯдакиҳо, раҳу пайроҳаҳо, ҷӯйу чашмаҳои зодгоҳаш, дидори Модари зораш, чашму рухсор ва зулфи парешони дилбари нозаш, кӯҳӯ пуштаҳо ва лолазорҳои диёраш, мазори гузаштагон ва ҳар хасу хоки Ватанаш мерафт ва бо онҳо сухани пур аз дард мегуфт...