Раҳпаймоии хушунатомези рӯзи шанбе дар Қандаҳори Афғонистон, дастикам 9 кушта ва 46 захмӣ ба ҷой гузошт.
Рӯзи шанбе ҳудуди 2000 нафар дар Қандаҳор низ ба хотири маҳкум кардани иқдоми як калисо дар аёлати Флоридаи Амрико ба сӯзондани «Қуръон», китоби муқаддаси дини Ислом, ба кӯчаҳо рехтанд.
ТАЗОҲУРОТИ ХУНИНИ АФҒОНИСТОН
Раҳпаймоии хунини Қандаҳор ҳамагӣ як рӯз баъд аз айни эътирозҳо дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх дар шимоли Афғонистон доир шуд. Он эътирозҳо, қарори маълум, мунҷар ба ҳамлаи издиҳом ба дафтари СММ ва ҳалокати 12 нафар, бо шумули кормандони СММ шуд.
Хабарнигори Радиои Афғонистони Озод Содиқ Риштинай, ки мустақиман аз маҳалли баргузории раҳпаймоии Қандаҳор гузориш медод, мегӯяд, ки гирди ҳам омадани мардум дар майдони Шаҳидон аз соати нӯҳи субҳи шанбе оғоз ёфт. Ӯ мегӯяд, бархе аз тазоҳургарон бо чӯбу санг низ мусаллаҳ буданд ва алайҳи маъмурони пулис ва сарбозони хориҷӣ санг меандохтанд.
Ба гуфтаи Содиқ Риштинай, шумори бузурге аз нерӯҳои амниятӣ дар ин рӯз ба хиёбонҳои Қандаҳор басиҷ шуда, пулис ба хотири гирифтани пеши роҳи ҳаракати издиҳом ба сӯи идороти давлатӣ ва дафтари СММ, ба сӯи ҳаво тир меандохт.
Ба гуфтаи мақомоти тиббии Қандаҳор, дар ҷараёни хушунатҳо дастикам 9 нафар ҷон бохта ва беш аз 40 тан ҷароҳат бардоштаанд. Залмай Аюбӣ, сухангӯи волии Қандаҳор гуфтааст, ин афрод замоне кушта шуданд, ки издиҳом даст ба хушунат ва сӯзондани мошинҳову дӯконҳо зад.
ХУНБОРТАРИН ҲОДИСА БАРОИ СММ ДАР АФҒОНИСТОН
Рӯзи ҷумъа бар асари ба хушунат печидани айни эътирозҳо дар шаҳри Мазори Шариф, маркази маъмурии вилояти то кунун ороми Балх дар шимоли Афғонистон, 8 корманди СММ аз ҷониби издиҳоми хашмолуд кушта шуданд. Эътирозҳои Мазори Шариф, ҳамин тавр, 4 тан аз эътирозгаронро низ кушта ба ҷо гузошт.
Вазорати умури дохилаи Афғонистон ба хотири таҳқиқи қазия, як ҳайъати баландпояашро ба Мазори Шариф фиристодааст. Шумори эътирозгарон дар Мазори Шарифро пулиси маҳаллӣ ҳудуди 5 000 нафар баршумурда, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон Змарай Башарӣ мегӯяд, издиҳом дар маркази Балх баъди адои намози ҷумъа роҳи қароргоҳи СММ-ро пеш гирифт, вале дар роҳ эътирозҳо ба хушунат печид ва чунин хунину пурқурбонӣ шуд.
Генерал Муҳаммад Довуд, фармондеҳи нерӯҳои амнияи вилоятҳои шимолии Афғонистон гуфт, дар иртиботи ин қазия алакай ҳудуди 20 тан аз созмондиҳандагони ошӯб ва ҳамла ба дафтари СММ боздошт шудаанд.
Издиҳом дар Мазори Шариф 4 тан аз муҳофизони непалии СММ ва 3 корманди ғайринизомиаш, бо шумули як халабони норвегӣ ва ҳуқуқдони шведи ин идораро ба ҳалокат расондаанд. Бовар меравад, корманди севвуми кушташудаи СММ аз Руминия бошад.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва ҳамтои афғони ӯ Ҳомид Карзай куштори маъмурони СММ дар Мазори Шарифро маҳкум карданд.
РОҲИБИ ҶАНҶОЛБАРАНГЕЗ ВА КИТОБСӮЗ
Китоби барои дини Ислом муқаддаси “Қуръон”-ро дар як калисо дар Флоридаи Амрико ҳанӯз рӯзи 20-у март сӯзонданд. Роҳиби ин калисо Террӣ Ҷонс дар соли гузашта низ бо эълони қасди сӯзондани “Қуръон” дар солгарди ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр хашми миллионҳо пайрави дини ислом дар саросари ҷаҳонро барангехта буд.
Иқдоми ахири калисои ӯ ба сӯзондани “Қуръон” ин дафъа бозтоби чандоне дар матбуот пайдо накард ва мардум дар Афғонистон низ аз ин амал асосан замоне огоҳӣ ёфтанд, ки раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай баъди чанд рӯз чунин таҳқир нисбат ба “Қуръон”-ро маҳкум кард.
Раҳпаймоиҳо алайҳи сӯзондани китоби муқаддаси мусалмонҳо дар шаҳрҳои Шибирғону Ҳироти Афғонистон низ доир шуд, вале хушбахтона, ин эътирозҳо бидуни хушунат анҷом ёфтааст. Рӯзи ҷумъа дар раҳпаймоии Шибирғон ҳудуди 1000 нафар гирди ҳам омада, алайҳи таҳқири “Қуръон” шиор зада, аз роҳиби калисои Флорида талаб мекарданд, ки тавба кунад. Абдулмунир, яке аз эътирозгарон дар Шибирғон гуфт, то замоне ки Террӣ Ҷонс тавба накунад ва аз кулли мусалмонони дунё узр нахоҳад, онҳо бар эътирозҳои худ идома хоҳанд дод.
Аммо Терррӣ Ҷонс, бино ба хабарҳо, аз чунин ранг гирифтани ҳаводис изҳори таассуф карда, вале гуфтааст, дар ин хушунатҳо кадом масъулиятеро барои худ эҳсос намекунад.