Бо ибтикори вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷашнвораи «Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон» оғоз ёфт.
Ин ҷашнвора то рӯзи 9-уми апрел дар саросари кишар идома хоҳад кард. Сафар Шоҳсаидов, масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳадафи ин ҷашнвораро ҷалби мактабиён ба китобу китобхона унвон карда, гуфт: «Дар ҷомиаи муосири иттилоотӣ, ҳанӯз ташаккул наёфтани фарҳанги бархе аз кӯдакону наврасон ба назар мерасад. Ворид гардидани технологияи нави иттилоотӣ, интернет ва умуман пайдо шудани сомонаҳои бархе китобхонаҳову марказҳои иттилоотӣ, моро водор месозад, ки кӯдакону наврасонро бо онҳо ошно кунем. Онҳо бояд барои боло бурдани дониши худ аз ин василаҳои нави гирифтани дониш истифода кунанд. Баргузории ин ҷашнвора як такони бузурге барои ин ҳадаф хоҳад дод.»
НАСРУЛЛО: "КИТОБҲОИ КӮДАКОНА КАМ НАШР МЕШАВАД"
«Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакони Тоҷикистон» як барномаи ҳукумати ин кишвар аст, ки барои солҳои 2006 -2015 тарҳрезӣ шудааст. Тайи як ҳафта дар саросари кишвар озмунҳои мактаббачагон, вохӯрии адибон бо кӯдакону наврасон дар мактабҳо, фурӯши китобҳои бадеӣ барои мактабиён, муаррифии китобҳои тозанашр ва як қатор тадобири дигар роҳандозӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Камол Насрулло, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи кӯдаконаи «Чашма» мегӯяд, ҳафтаи китоб як таҷрибаи дар ҷаҳон бесобиқа аст, аммо худи китоб хеле кам аст: «10 сол пеш умуман китоби кӯдакона чоп намешуд. Ҳозир бештар чоп мешавад. Аммо ин ҳам хеле кам аст. Ҳоло мушкили аслии мо маблағ барои нашри китобҳо аст. Мушкили адибон, ки барои кӯдакон менависанд, дар Тоҷикистон нест. Мо адибонеро дорем, ки агар тарҷума шаванд, дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам эътироф хоҳанд шуд»
Дар бораи камбуди китоб барои мактабиён, Сафар Шоҳсаидов гуфт, ҳамасола барои силсилаи «Китобхонаи мактаб» вазорати фарҳанг беш аз 235 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, то имрӯз 50 ҷилд китоб, умдатан осори классикони адабиёти форсу тоҷикро ба нашр мерасонад. Танҳо нашриёти «Адиб» тайи соли равон 35 номгӯи китоби бадеӣ барои мактабиёнро ба нашр расондааст, ки ҳар яке беш аз 5 ҳазор нусха набудаанд. Аммо ба қавли масъулин, нашриётҳои дигар ҳам ҳастанд, ки барои бачагон ва наврасон китоб нашр мекунанд, вале дар бораи теъдоди онҳо маълумот дар даст надоранд.
Як фурӯшандаи китоб мегӯяд, дар қиёс бо солҳои пеш китобҳо барои бачагон ва наврасон бештар нашр мешаванд: «Фурӯши китобҳо нисбати солҳои пеш хеле хуб шудааст. Сол то сол хуб мешавад. Беҳбудӣ кам бошад ҳам, ҳаст.»
НАРХИ ГАРОНИ КИТОБҲО
Дар ҳамин ҳол, Мунаввара, омӯзгори яке аз макотиби пойтахт мегӯяд, нархи китобҳо гарон ҳастанд: «Дар намоиши имрӯза, нархи китоб ба маоши мо рост намеояд. Масалан ман хостам, ки барои худам ва талабагонам ду китоб харам, аммо яке 25, дигаре 18 сомонӣ буд. Аммо ман агар китоб харам, бақия хароҷоти зиндагиамро аз куҷо меёбам?»
Дар намоишгоҳи китоби бачагон ва наврасон дар назди Иттиҳоди нависандагон, ҳудуди 300 номгӯи китоб умдатан аз сӯи нашриёти «Адиб» пешниҳод шуда буд, ки бештараш ба синни мактаб рабт надорад. Қисмати бузурги китобҳои бадеӣ барои мактабиён низ афсонаҳо ва қиссаҳои таърихиро дарбар мегиранд. Як масъули нашриёти «Адиб» далели қиматӣ ва камии китобҳо барои мактабиёнро гаронии маводи чоп, коғазу ранг унвон кард.
Моҳира, китобдори яке аз мактабҳои пойтахт мегӯяд, барои таъмини хонандагоне, ки маблағ надоранду хондан мехоҳанд, бояд китобхонаҳои мактаб ғанӣ гардонида шаванд: «Мегӯянд, ки бачаҳои имрӯза китоб намехонанд. Ин гап дуруст нест. Ман китобдор ҳастам. Бачаҳои зиёд меоянд, ки китоб гиранд. Аммо китоб нест. Ҳасту русӣ. Аз замони шӯравӣ мондаанд. Ҳукумат ба китобхонаҳо барои харидани китобҳои нав маблағ ҷудо кунад ва ҳам нашри онҳоро ба роҳ монад, хеле хуб мешавад.»
КИТОБХОНӢ КАМ ШУДААСТ
Набиҷон, хонандаи мактаби рақами 35-и пойтахт мегӯяд, дар китобхонаи мактаб китоби бадеӣ дастрас кардан душвор аст: «Аз мактаб китоби «Афсонаҳо», «Бузаки ҷингалапо» дода буданд вақте синфи 2 -3 мехондем. Аммо ҳоло китоби бадеиро аз «Олами китоб» мехарем.»
Коршиносон мегӯянд, дар мактабҳои Тоҷикистон ҳатто обуна ба матбуоти мактабӣ низ хеле кунд ба роҳ монда шудааст.
Ҷумъаи Мирзо, муовини сардабири ҳафтаномаи «Анбоз» мегӯяд, ин ҳафтанома ҳоло бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр мешавад, дар ҳоле ки дар замони Шӯравӣ бо теъдоди 370 ҳазор нусха нашр ва то кишварҳои ҳамсоя низ паҳн мешуд: «Бигузор дар қонуни масъулияти падару модар ин нукта низ зикр шавад, ки ҳар падару модар муваззаф аст барои фарзандонаш маҷаллаву рӯзнома ва китобҳои бадеӣ харад. Кӯдак агар имрӯз матбуоти худашро нахонад, пагоҳ бузург шавад, матбуоти бузургсолонро намехонад. Ин як зинаест барои кӯдак барои фардо.»
Коршиносон мегӯянд, то замоне, ки ҳукумат ба таври ҷиддӣ дар фикри сармоягузории нашри китобҳои бадеӣ барои мактабиён нашавад, танҳо бо баргузории чунин ҷашнвораҳо наметавон адабиёти мактабиро аз вартаи бӯҳроне, ки ду даҳсола боз қарор дорад, берун кашид.