Вазорати тандурустӢ барномаеро рӯи даст дорад, ки ҳадафи он огаҳии мардум ва ҷилавгирӣ аз гирифторӣ ба бемориҳои марбут ба ҳайвонот аст.
Зеро ба таъкиди масъулони беҳдоштӣ, дар ин авохир дар байни аҳолӣ бемории буғумдард зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ба гуфтаи мутахассисон, аз истифодаи гӯшти говҳои бемор пайдо шудааст. Иллати аслии ин вазъро коршиносони соҳа ба вайроншудани зербинои хадамоти байторӣ ва ваксин нашудани ҳайвоноти хонагӣ вобаста медонанд.
ЭМГУЗАРОНИИ ҲАЙВОНОТ
Ба иттилои масъулони Хадамоти байтории Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби як барномаи вежа ба эмгузаронии чорво дар манотиқи мухталифи кишвар оғоз карданд. Аммо ин маърака ҳанӯз саросарӣ нест ва ба гуфтаи мақомот дасткӯтоҳӣ имкон надодаст, ки тамоми чорвои хурду калон эмгузаронӣ шаванд. Муродалӣ Шарифов, сардори Маркази эмгузаронии хадамоти байтории Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО гуфт: «Мо ба қарибӣ дар ду вилояти калони ҷумҳурӣ ваксинзании ҳайвонотро анҷом додем, насиб бошад дар ноҳияҳои дигар сар хоҳем кард. Лекин дар ноҳияҳои атрофи пойтахт ва худи шаҳр нагузаронидем, чунки тибқи қарор ҳукумати шаҳр, нигоҳ доштани чорво дар шаҳр манъ аст. Дуруст аст, ки ин масъалаи муҳим аст, лекин чӣ кор кунем, ки маблағ кам аст».
Хадамоти байтории Тоҷикистон дар ҳоле ба эмгузаронии чорво шурӯъ кард, ки афзоиши маризиҳои хоси ҳайвонот, ба мисли брутселёз ё буғумдард дар байни аҳолӣ нигарониҳои ҷиддии табибонро ба бор овард ва бемориҳои хавфнок бар асари ҳуҷуми сагҳои ҳорӣ, садҳо нафарро ба маризиҳои хавфнок гирифтор кард.
ҲАЙВОНОТ-БАРАНГЕЗАНДАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ
Ба таъкиди Маҳмадалӣ Табаров, сардори раёсати бемориҳои хавфноки вазорати тандурустии Тоҷикистон, тамоми намуди ҳайвоноти хонагӣ ва сагу гурбаҳои велгард метавонанд барангезандаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла буғумдард ва бемории ҳорӣ бошанд. Маҳмадалӣ Табаров мегӯяд, бештар бачаҳо тӯъмаи ин гуна маризиҳо мешаванд ва гоҳо барои якумр маъюб мемонанд: «Вазъ воқеан ногувор аст. Қариб 90 дар сади чунин беморон кӯдаконанд.Чунки ба молу гов асосан кӯдакону наврасон нигоҳубин мекунанд. Мо гурӯҳ-гурӯҳ шуда меравем. тафтиш мекунем. Чанд корхонаҳову ширкатхои хусусиро бастем, чунки тамоман ба талаботи санитарӣ чавобгӯ нестанад. Лекин ҳамаи онҳоро намешавад назорат кард. Боз ҳам роҳашонро ёфта гӯшту шири носанҷида ба дӯконҳо роҳ меёбанд».
Дар гузашта соҳаи байтории Тоҷикистон аз бахшҳои фаъоли хизмат ба аҳолӣ ва эмгузаронии ҳайвоноти хонагӣ як амри зарурӣ буд. Аммо ҳамакнун ба иттилои масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон, барои эмгузаронидан ва ё табобат кардани як бемор, камаш то 300 сомонӣ лозим аст, ки на ҳама сокинон, ба вижа афроди камбизоат тавони молии эмгузаронӣ ва табобатро доранд.
МУШКИЛОТИ ПЕШОРӮ
Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Табаров мегӯяд, бо пешниҳоди мутахасисони раёсати бемориҳои шадиди вазорати тандурустӣ, ҳукумат барномаи вижаеро рӯи даст гирифтааст, ки таъсиси фонди маблағгузорӣ ба соҳаи эмгузаронии молу чорво яке аз нукоти он аст. Дар ин сурат на танҳо ҳайвоноти давлатӣ, балки молу чорвои хусусӣ низ ба таври ройгон эм карда мешаванд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷаноби Табаров, ташкили қабристонҳо дар масофаи дур аз маҳалоти аҳолинишин барои ҳайвоноте, ки дар пайи бемориҳои сӯхтанӣ, брутселёз ва ҳорӣ фавтидаанд, аз дигар пешниҳодоти ин барнома мебошад: «Масалан тибқи талаботи соҳаи эпидемиологӣ, бояд ин қабристонҳо сари ҳар вақт дору зада шаванд, чунки ба воситаи боду ҳаво, шамол ва оби борон ҳам метавонад ин беморӣ сироят кунад.»
Ин дар ҳолест, ки мутахассисон ба маротиб афзудани корхонаву ширкатхои хусусии истеҳсолу фурӯши гӯшту шир, ки на ҳамеша маҳсулоташон ташхис мешавад, аз дигар омилҳои гирифтории бемориҳои марбут ба ҳорӣ, буғумдард ва ғайра дар миёни аҳолӣ арзёбӣ мекунанд. Ҳамзамон омили дигар фасод унвон мешавад, ки намегузорад аз болои фаъолияти чунин корхонаву ширкатҳо ба таври таври шаффоф ва мунсифона назорат бурда шавад. Хоса ин ҳолат дар дар дӯкону бозорҳо бештар ба мушоҳида расидааст.
НООГОҲИИ АҲОЛӢ...
Бо ин ҳама, ноогоҳӣ ва бепарвоии сокинон низ аз сабабҳои гирифтории онҳо ба бемориҳои марбут ба ҳайвонот низ талаққӣ мегардад. Як сокини шаҳри Душанбе, ки худро Абдусалом муаррифӣ кард, зимни сӯҳбат бо мо гуфт, вай ҳар ҳафта аз дӯконҳо гӯшт мехарад, вале ягон бор напурсидааст, ки ин гӯшт мавриди ташхиси духтурон будааст ё хайр: «Рости гап фикр накардам дар ин бора. Не, ина мепурсам, ки ин чи хел гӯшт аст. Тафтиш шудааст, нашудааст? Ман мебинам, ки гӯшти хубу устухонаш кам бошад, мехарам»
Аммо Малика, сокини маҳаллаи Кӯҳдомани шаҳри Душанбе гуфт, дар хонаашон ду гови ширдеҳ ва қариб бист сар гӯсфанд доранд ва шири говҳояшонро ба мардуми гирду атрофи шаҳр мефурӯшанд. Ба гуфтаи Малика, сари ҳар вақт аз ҳукумати шаҳр омада онҳоро барои нигоҳ доштани чорво ҷарима баста мераванд, вале ягон бор барои ваксинзании чорвояшон касе наомадааст.
КӮДАКОН - ҚУРБОНИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ
Дар ҳамин ҳол афроде низ ҳастанд, ки худашон ба умеди ниҳодҳои давлатӣ нашуда, дар талоши пайдо кардани ваксин ҳастанд ва баъзеҳо аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе барои ин мавод ба пойтахт меоянд. Мурод Носиров, сокини шаҳраки Обигарм аст, ки чунин кореро довталабона анҷом медиҳад: «Он солҳои пеш буд, ки хона ба хона гашта байторон моли мардумро ваксин мезаданд, хабар мегирифтанд. На танҳо фермаҳоро, балки гову моли ҳамаро. Ҳоло бепул, ки коратро буд мекунад? Дар ҷои мо духутури мол ҳам нест. Худам омада аз шаҳр духтур мебарам, ваксин мехарам ва молу говамро эм мекунам».
Бино ба омори раёсати бемориҳои шадиди Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар давоми соли 2010 ҳудуди 15 ҳазор нафар одамон мавриди ҳамлаи сагҳои ҳорӣ қарор гирифтаанд, ки 90 дар сади онҳо кӯдакон мебошанд. Ин гузориш ҳокист, ки дар тӯли як соли ахир, 15 нафар дар пайи бемории брутселёз ҷони худро аз даст додаанд. Бо ин ҳам, ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон, теъдоди гирифторони брутселёз ва ҳорӣ дар миёни аҳолӣ ва маргу мири одамон дар пайи чунин бемориҳои шадид, нисбат ба ду соли пеш 20 дар сад коҳиш ёфтааст.