Ширкати муштараки тоҷикию чиноии мавсум ба "Фаровон-Хатлон" қасд дорад, дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо гармхонаи парвариши меваю сабзиҷот бунёд кунад.
Ин ширкат бо сармояи доираҳои соҳибкории Чин дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба тозагӣ таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи Ван Шу Ай, раҳбари чиноии ширкат, ҳадафи аслӣ ин аст, ки дар зарфи се соли оянда тамоми бозори сабзиҷоти минтақа бо маҳсулоти ширкати "Фаровон-Хатлон" таъмин шавад.
ГАРМХОНАҲОИ ВАН ШУ АЙ
Вай афзуд, танҳо дар ҳудуди ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар имсол 30 гармхонаи бузурги парвариши помидору бодирин ва боимҷон дар масоҳати беш аз 8 ҳектор замин бунёд хоҳад шуд.
Ҷаноби Шу Ай, ки андак-андак ба тоҷикӣ ҳарф мезанад, гуфт: "Тибқи шартнома, ки барои 3 сол бастаем, мо 15 дарсади кулли даромадро дар ихтиёр хоҳем дошт. Вале бахши аъзами хароҷотро барои бунёди гармхонаҳо ҷониби Чин ба зимма дорад. Ин ҷо асосан помидору бодирингу боимҷон ва лӯбиё парвариш мекунем. Асосан навъи тоҷикии ин маҳсулотро, аммо дар як гармхонаи таҷрибавӣ ҳамчунин помидору бодиринги навъи хитоиро ҳам парвариш мекунем ва мебинем, ки чи хел дар бозор қабул мешавад. Агар бозоргир шуд, истеҳсолоташро афзоиш медиҳем."
"БОДИРИНГУ ПОМИДОР АРЗОН МЕШАВАД"
Ҳоло дар чаҳор гармхонаи санҷишӣ помидору бодиринги навъи тоҷикӣ парвариш шуда, ба гуфтаи саҳмдори ширкати "Фаровон-Хатлон" Рустам Валиев, маҳсулоти тавлидшуда дар бозор пурхаридор будааст.
Вай афзуд, бартарии сабзиҷоти тавлидшуда дар гармхонаҳои чиноӣ ин аст, ки барои парвариши онҳо танҳо аз гармии офтоб истифода шуда, ҳеҷ навъи дору ва гармидиҳии сунъӣ корбурд намешавад ва тамъи помидору бодиринг ҳам табиитар ва хушлаззат будааст.
Ҷаноби Валиев гуфт, ҳоло сабзиҷоти истеҳсолкардаи ширкати мазкур дар бозор ҷойи помидору бодиринги истеҳсоли Покистону Эронро танг кардааст: "Мо ҳарчанд ҳамагӣ 3-4 моҳ пеш ба кор оғоз кардаем, ҳоло ба поин бурдани қимати помидору бодиринг дар бозор муваффақ шудаем. Агар дар бозорҳои Душанбе нархи як кило бодиринг аз 15 то 20 сомонӣ аст, мо ба фурӯшандаҳо маҳсулотамонро аз 6 то 8 сомонӣ барои ҳар як кило медиҳем. Харидорон ҳам, тибқи мушоҳидаҳо, бештар помидору бодиринги тоҷикиро мехаранд ва ҳоло сабзиҷоти аз давлатҳои хориҷӣ овардашуда дар бозор, ки нархи гарон дорад, камхаридор шудааст."
НАРХҲОИ ДАНДОНШИКАН
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳоло қимати помидору бодиринг дар бозор чандон арзону дастрас нест ва як кило аз ин маҳсулот ҳудудан 12-15 сомонӣ арзиш дорад. Бисёриҳо иқрор мекунанд, ки ин нарх барояшон дандоншикан буда, то фаро расидани тобистон ва поин рафтани қимати помидору бодиринг аз харидории он дар бозор худдорӣ мекунанд.
Вале Рустам Валиев, саҳмдори ширкати муштараки "Фаровон-Хатлон", мегӯяд, дар сурати бунёди тамоми гармхонаҳо қимати сабзиҷоти истеҳсоли маҳаллӣ бамаротиб поин хоҳад рафт. Вай афзуд, дар пайи таъсисёбии ин ширкат ва бунёди чаҳор гармхонаи аввалин, ҳоло 20 кишоварзи маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва дастмузди кофӣ таъмин шудаанд.
Қарор аст дар оянда шумораи кормандону кишоварзони ширкат ба садҳо нафар бирасад. Шариф Юсуфов, яке аз кормандони ширкати тоҷикию чиноии "Фаровон", мегӯяд, дар зарфи се сол вай бояд аз мутахассисони чиноӣ тарзу усули гармхонадориро омӯхта, дар оянда ба ҳайси мушовир ва раҳнамо барои кишоварзони минтақа давраҳои омӯзишӣ барпо намояд.
АЗ ГАРМХОНА ТО "АТӮШ"
"Дар гузашта бекор будам ва барои ман маоши имрӯзаам, ки 580 сомонӣ аст, қаноаткунанда мебошад. Мо ҳамчунин метавонем ҳунари бисёр муҳимми гармхонадориро омӯзем. Дар оянда ҳамчунин парвариши меваҷот, аз ҷумла ангурро дар шароити гармхонаҳо ба роҳ монем, ки бисёр зарур аст ва ба ин восита метавонем тамоми сол бозорро бо сабзиҷоту меваҷоти тару тозаи маҳаллӣ ва арзонтар таъмин кунем",-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи идораи кишоварзии Хатлон, дар ду соли ахир дар қаламрави минтақа теъдоди зиёди мутахассисони эронию чиноӣ дар умури кишоварзӣ ҷалб шудаанд. Онҳо ба кишоварзони тоҷик усулҳои муосири кори кишоварзиро меомӯзанд.
Аммо, ба иддаои бархе деҳқонони тоҷик, соли гузашта дар ивази ингуна омӯзишҳо, эрониҳо тухмӣ ва донаҳои тарбузу харбуза ва дигар меваю сабзиҷотро ба кишварҳои худ интиқол додаанд.
Ба ҷуз ин, феълан дар қаламрави вилояти Хатлон даҳҳо муҳоҷири чиноӣ ба ҳайси соҳибкор будубош доранд. Танҳо дар бозори матоъу либосҳои мавсум ба "Атуш"-и Қӯрғонтеппа, ки ҳамчун "хитойбозор" низ маъруф аст, наздик ба 80 шаҳрванди Чин кору фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи идораи кишоварзии Хатлон, дар ду соли ахир дар қаламрави минтақа теъдоди зиёди мутахассисони эронию чиноӣ дар умури кишоварзӣ ҷалб шудаанд...