Мастона Эргашева - бонуи ошиқи тор

Мастона Эргашева

Мастона Эргашева, аз камтарин занҳоест, ки 45 сол пеш тор ба даст гирифтаву рӯи саҳнаи ҳунари тоҷик омадааст.
Ӯ ҳунари навозиши торро аз касе наомӯхт, вале ҳанӯз замони мактабхонӣ ба садои нозуки тор дил бохта буд.
Мастона Эргашева сабки хоси хонандагии худро дорад ва дар ин мактаби худ шогирдони зиёдеро тарбият карда ва мекунад. Вале аз ду фарзандаш, писару духтар, ҳеҷ кадом пайрави модар нашудаанд...


Нахустин суруди Мастона Эргашева ҳам замони мактабхонӣ бо лентаи репортиёр сабт шуда ва аз тариқи радиои Тоҷикистон садо додааст.

Маҳз ин суруди нахустин боис шуд, ки ӯ дар донишкадаи санъати Тоҷикистон, бахши ҳунарманди театр таҳсил кунад. Аммо боз ҳам рӯи саҳнаи овозхонӣ баргашт.

Соли 1978 шомили дастаи шашмақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шуд. Ҳамзамон дастаи занҳои рубобзанро таъсис дод, ки пас аз панҷ соли фаъолияти бемузд ва ба дунболи нахустин сафарии ҳунарии хориҷӣ ин дастаро мақомот пароканда карданд.

Мастона Эргашева дар фурсати хеле кӯтоҳ шӯҳрат касб кард, аз ҳунармандони дӯстдоштаи мардум, ҳатто хориҷ аз Тоҷикистон, хусусан дар Узбакистон шуд.

Вале пас аз 25 соли фаъолият дар дастаи шашмақомхонон, дар соли 2003 ин гурӯҳи ҳунариро бо хоҳиши худ тарк кард. Ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ба сифати устод омад. То кунун дар он ҷо ба шогирдон дарси мусиқӣ мегӯяд. Дигар рӯи саҳнаи маросимҳои расмӣ нест, дар телевизиони давлатӣ низ таронаҳояш зиёд ба рӯи навор намеояд. Мастона мегӯяд, мисле ки ӯро фаромӯш кардаанд.

Мастона Эргашева сабки хоси хонандагии худро дорад ва дар ин мактаби худ шогирдони зиёдеро тарбият карда ва мекунад. Вале аз ду фарзандаш, писару духтар, ҳеҷ кадом пайрави модар нашудаанд. Аммо мутмаин аст, ки шогирдон мактаби ӯро дубора эҳё хоҳанд кард ва духтарони торбадасти тоҷик бо садои дилнишин сардри маҷлиси гарми мардум хоҳанд буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бонуи ошиқи тор