Эълони номи муттаҳамони таркиши "Домодедово"

Доку Умаров

Мақомоти Русия баъзе аз ҷузъиёти парвандаи ҷиноии бомбгузории хунин дар "Домодедово"-ро эълон карданд.
Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишотии Додситони кулли Русия гуфт, ки "бар асоси парвандаи ҷиноии таҳқиқи амалиёти террористӣ дар фурудгоҳи Домодедово, муфаттишони кумитаи тафтишотӣ қарор карданд, ки Доку Умаров ва Аслан Бутукаев расман ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд."
Ҳамчунин ҳуввияти ҳафт тундрави дигар, ки дар бомбгузории соли гузашта дар метрои Маскав даст доштаанд, мушаххас шудааст...


Доку Умаров як раҳбари шӯришиён дар Қафқози Шимолӣ, ки мақомоти Русия дер боз ҷустӯҷуяш доранд, масъулияти бобмгузории моҳи январ дар фурудгоҳи Домодедоворо бар ӯҳда гирифтааст.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ду ҳамлаи маргталабонаи хунин дар метрои Маскав дар як соли пеш низ кори дасти ӯст. Дар ин ҳамла 40 нафар ҷон доданд.

"АМИР ҲАМЗА"

Аслан Бутукаев бо лақаби "Амир Ҳамза" ба гуфтаи муфаттишон, бомбгузорони маргталабро омӯзиш медодааст ва як бомбгузори фурудгоҳи Домодедово ба истилоҳ шогирди Бутукаев будааст.



Бино ба гузоришҳо, Доку Умаров ва Аслан Бутукаев шояд дар амалиёти нерӯҳои Русия дар Қафқози Шимолӣ рӯзи душанбе кушта шудаанд.

Ду сол боз аст, ки Русия дар ин минтақа алайҳи тундравони исломӣ меҷангад. Дар амалиёти васеъмиқёси рӯзи 28-уми март дар рустои Алкуни Боло дар ҷумҳурии Ингушистони ҳаммарз бо Чеченистон нерӯҳои Русия ба тундравон аз ҳавову замин ҳамла карданд.

Ба гуфтаи мақомот дар ин ҳамла се корманди мақомоти интизомӣ талаф шудаанд. Владимир Маркин гуфт, ду нафар шӯришӣ низ дар ҷараёни амалиёт боздошт шудаанд, ки ба бомбгузори маргталаб дар фурудгоҳи Домодедово кӯмак кардаанд.

ЁДЕ АЗ ҚУРБОНИЁНИ ТАРКИШ ДАР МЕТРО

Вай афзуд, "дар ҷараёни амалиёти махсус, ки ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Ингушистон идома дорад, ҳамчунин бародарон Ислом ва Илёс Яндиевҳо боздошт шуданд. Бар асоси тафтишот маҳз онҳо террористи маргталаб Магомед Евлоевро дар Маскав пешвоз гирифта, ӯро 24-уми январ ба фурудгоҳи Домодедово расонидаанд.”

Ду камарбанди тарканда ва ду абзори таркандаи худсохти дигар дар хонаи ин ду бародар ёфт шудааст. Ба гуфтаи Владимир Маркин, ҳамчунин ҳуввияти ҳафт тундрави дигар, ки дар бомбгузории соли гузашта дар метрои Маскав даст доштаанд, мушаххас шудааст.

Ӯ афзуд, амри байналмилалии боздошти як нафар содир шудааст ва боқимондаи онҳоро маъмурони амниятӣ соли гузашта куштаанд. Рӯзи сешанбе, 29-уми март, даҳҳо нафар аз сокинони Маскав ба маҳалли ҳамлаи террористии соли гузашта дар метрои шаҳр ҳозир шуда, барои қурбониёни ҳодиса гул гузоштанд.