Камшавии захираҳои оби Тоҷикистон

Барномаи омодагии Тоҷикистон ба тағйири иқлимро Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд сармоягузорӣ мекунанд.

Питер Хайeс, мутахассиси варзидаи умури тағйири иқлим ва ҳамоҳангсози барномаҳо дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ҳадаф аз иҷрои ин Барнома дар Тоҷикистонро дар шаш бахш арзёбӣ кард.

Аз ҳамин ҳоло, кишвар паёмадҳои тағйири иқлимро эҳсос мекунад ва имсол ба далели камобӣ ҳатто дар фасли гармо ҳам наметавонад нерӯи барқи кофӣ тавлид бикунад...


Вай гуфт, “аввал, тақвияти тавон ё потенсиали миллӣ ва минтақавӣ барои мутобиқат ба тағйири иқлим. Дувум, боло бурдани тавони иттилоъҷамъоварии институтҳо, корхонаву идораҳо. Севум, омӯзиши бахши энержӣ ва осебпазирии он бар асари тағйири иқлим. Чаҳорум, масъалаи мудирият ва истифодаи замин, таъсири тағйири иқлим ба бахши кишоварзӣ. Панҷум, омӯзиши тағйири иқлим бар асоси усулу шеваҳои илмӣ ва шашум, омӯзиши шабакаҳои рӯдхонаҳои Тоҷикистон, захираи об ва таъсири иқлим ба захираи оби рӯдхонаҳо, бахусус ҳавзаи рӯдхонаи Панҷ."

ИЛЛАТҲОИ БАШИДДАТ ОБШАВИИ ПИРЯХҲО



Илҳом Раҷабов, раиси Маркази омӯзиши тағйири иқлим дар Тоҷикистон, гуфт, дар чаҳорчӯби ин барнома, кишвар талош мекунад, то худро ба паёмадҳои эҳтимолии гармоиши курраи Замин аз ҳоло мутобиқ кунад.

"Дар иҷрои корҳои конкретӣ ин маблағҳо барои барқарор кардани марказҳои ҳавошиносӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 13 миллион доллар ва навсозии нерӯгоҳи Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон аст, ки аз сӯи ин барнома 10 миллион доллар ва аз сӯи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тавсеа 50 миллион доллари дигар ихтисос дода хоҳад шуд. Пас аз навсозӣ тавони нерӯгоҳ аз 60 мегават то 150 мегават хоҳад расид",-гуфт ӯ.

Ба қавли Питер Хайeс, мутахассиси варзидаи умури тағйири иқлим, омӯзиши рӯдхонаҳои Тоҷикистон ва камшавии захираи об бар асари тағйири иқлим ва ҳам фаъолияти инсон як бахши муҳими барнома аст ва бар асоси натиҷаҳои омӯзиш метавон, роҳҳои ҷилавгирӣ аз обшавии зуди пиряхҳо ва хушкидани чашмаҳоро пайдо кард.

Созмони Милал мегӯяд, дар сурати идомаи тағйири иқлим ба шакли феълӣ, пиряхҳои зиёде дар Тоҷикистон нобуд хоҳанд шуд ва захираҳои об дар Осиёи Марказӣ то 15 соли оянда 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт...


ЗАХИРАҲОИ ОБИ МИНТАҚА 30% КОҲИШ МЕЁБАНД?

Ба гуфтаи коршиносон аз як тараф гармоиши курраи Замин, аз тарафи дигар бодҳои олуда ба намак аз минтақаи Арал, бераҳмона буридани ҷангалзори доманакӯҳҳо дар Тоҷикистон аст, ки сабаби башиддат об шудани пиряхҳои кишвар ва ҳамингуна кам шудани захираҳои об шудааст.

Бино ба гузоришҳо, то кунун 600 ҳазор ҳектар ҷангалзорҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон ба биёбон табдил шудааст. Ҷаноби Хайeс мегӯяд, ки тадобири ҷилавгирӣ ва барқарории ҷангалҳо бахши ояндаи ин Барнома пас аз пажӯҳишҳо хоҳад буд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои камшуморест, ки бо назардошти камбизоатӣ ва шароити иқлимӣ ба барномаи байналмилалии мутобиқат ба тағйири иқлим пазируфта шудааст. Созмони Милал мегӯяд, дар сурати идомаи тағйири иқлим ба шакли феълӣ, пиряхҳои зиёде дар Тоҷикистон нобуд хоҳанд шуд ва захираҳои об дар Осиёи Марказӣ то 15 соли оянда 30 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Аз ҳамин ҳоло, кишвар паёмадҳои тағйири иқлимро эҳсос мекунад ва имсол ба далели камобӣ ҳатто дар фасли гармо ҳам наметавонад, нерӯи барқи кофӣ тавлид кунад. Ҳоло дар рустоҳои кишвар, мардум дар як шабонарӯз 22 соат аз нерӯи барқ маҳруманд.