25 сужаи шабакаи аввали Русия дар бораи Тоҷикистон

Михаил Ширвиндт, хабарнигори рус

Михаил Ширвиндт, муаллифи барномаи "Донистан мехоҳам"-и шабакаи аввали телевизиони Русия аз Тоҷикистон 25 сужа омода кардааст.
Ин яке аз барномаҳои шабакаи аввали телевизиони русист, ки бар пояи суолҳои тамошобинон омода мешавад.
Вазифаи мо ин буд, ки як "корти ошноӣ"-и ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вуҷуд орем...


Ҷаноби Ширвиндт, муаллифи барнома зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз Тоҷикистон суолҳои зиёд ба ин барнома расида буданд ва гурӯҳи ӯ қабл аз Наврӯз ба Тоҷикистон омад, то дар бораи чӣ тавр омода кардани самбӯса, оши палав, Наврӯз барнома таҳия кунад.

Вай афзуд, "чизе, ки мо филмбардорӣ кардем ва он чӣ, ки маро бо зебоияш мафтун кард, нерӯгоҳи Норак буд. Ин ҷо мо ба он суол, ки умуман ба Тоҷикистон рабте надошт, посух гуфтем. Мо содда дар бораи нерӯгоҳи Норак сужа кардем ва ҳамзамон ба ин суол, ки "нерӯгоҳи барқӣ чӣ тавр кор мекунад?" посух гуфтем. Мо онро метавонистем дар Братск ё Чин навор гирем, аммо чун ин ҷоем ва нерӯгоҳ ҳам ҳаст, маҳз ин ҷо дар бораи меъёрҳои фаъолияти нерӯгоҳ филм гирифтем. Ҳамчунин бедонаҷангро ба навор гирифтем, ки маро хеле ба ваҷд овард. Баъд ҷанги кабку хурӯсҳоро ҳам ба навор гирифтем. Хуллас, шояд ин ҷо мо тамоми намуди ҷанги парандагонро ба навор гирифтем. Ин маҳз он сужаҳое ҳастанд, ки кас аз доштани онҳо ифтихор мекунад ва беҳтар аз ҳар он чизест, ки дар Discovery мебинӣ."

Сармоягузории ин сафари гурӯҳи рӯзноманигорони русро, ки як ҳафта тӯл кашидааст, ширкати "Талко" ба зимма доштааст.

Игор Сатторов, масъули матбуотии ширкати "Талко"
Игор Сатторов, масъули матбуотии ин ширкат гуфт, ҳадафи ширкат тағйир додани фаҳмишҳои ғалат дар бораи мардуми Тоҷикистон аст: "Вазифаи мо ин буд, ки як «корти ошноӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вуҷуд орем, зеро Михаил Александрович як барномаи хеле аҷиб дорад. Он нақл мекунад. Иттилову дониш медиҳад. Маҳз ин гуна барнома имкон медиҳад, ки моро аз ҷанбаи дигар бинанд, ки мо дар асл дар зиндагӣ кӣ ҳастем."

Михаил Ширвиндт гуфт, сужаҳои Тоҷикистон аз охири моҳи апрел то ним соли дигар пахш хоҳанд шуд. Сужаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Норак, Кӯлоб, Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияҳои Рӯдакиву Данғара гирифта шудаанд.