Бар асоси қарори маҷлиси вакилони халқи Душанбе шоми рӯзи 26-уми март як соат интиқоли барқ қатъ хоҳад шуд.
Вакилони халқи шаҳри Душанбе аз иқдоми байналмилалии баргузории "Соати замин" пуштибонӣ ва пешниҳоди "Ташкилоти дастгирии ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ"-ро дар мавриди дастгирии аксияи экологии Бунёди ҷаҳонии ҳаёти ваҳшӣ дастгирӣ намудааст.
Ҳадаф аз ин иқдом масрафи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи ин захираҳо барои наслҳои оянда унвон мешавад. То кунун пешниҳоди хомӯш кардани барқ дар шомгоҳи 26-уми мартро 134 кишвари дунё ҳимоят кардаанд.
Акнун дар ҳимоят аз ин аксия бар асоси қарори маҷлиси вакилони Душанбе рӯзи 26 марти соли 2011 аз соати 20:30 то соати 21:30 системаи равшанидиҳии шаҳрӣ ва рекламаву ороишоти илюминатсионӣ хомӯш ва аз соати 22:00 то соати 23:00 интиқоли қувваи барқ дар қаламрави шаҳри Душанбе, ба истиснои корхонаву муассисаҳои ҳаётан муҳим, қатъ карда мешавад.
Рустам Тоҳиров, раиси созмони "Ҷавонони асри нав", созмоне, ки аз ин ташаббус пуштибонӣ карда буд, дар мавриди ҳадафҳои он мегӯяд: "Ҳадаф аз ташаббуси мазкур ин аст, ки мардум мизони истифодаи нерӯи барқро коҳиш диҳанд. Вобаста ба истифодаи зиёди нерӯи барқ ба сурати табиӣ истифодаи захираҳои табиӣ низ афзоиш меёбад. Яъне масрафи беш аз ҳадди захираҳое мушоҳида мешавад, ки барқароршаванда нестанд."
Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар ҳоле аз ин ташаббус пуштибонӣ кардааст, ки аз як ҳафта ба ин сӯ дар саросари Тоҷикистон ва аз ду рӯз ба ин ҷониб дар шаҳри Душанбе низ реҷаи махсуси истифодаи неруи барқ ҷорӣ шудааст. Далели ҷорӣ намудани ин реҷаи махсус камии сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи "Норак" унвон шудааст.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи соҳибназарон, ин ташаббус асосан иқдоми кишварҳои саноатӣ ва пешрафтаи аврупоӣ аст, ки ба далели саноати фаъоли худ нерӯи барқро ва ба ин васила захираҳои табиии барқарорнашавандаро бебаркаш масраф мекунанд.
Яъне, ин иқдом аслан шомили ҳоли барқе мешавад, ки дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ, ки бо истифода аз нафт, газ ва ангишт кор мекунанд ва ё нерӯгоҳҳои барқи атомӣ. Аммо дар шароите, ки ҳамаи нерӯгоҳҳои Тоҷикистон обӣ ҳастанд ва реҷаи махсуси барқ ҷорист, баргузории ин аксия чӣ гуна арзёбӣ мешавад?
Марат Мамадшоев, таҳлигари тоҷик мегуяд: "Албатта, бояд дарк кунем, ки кишвари мо ҳам ҷузъи як сайёраи бузург аст. Мо бояд аз ин иқдом дастгирӣ кунем, аммо ин пуштибонӣ бояд рамзӣ бошад. Даҳ дақиқа хомӯш кардани барқ кофист. Бе ин ҳам барқ тавассути реҷа дода мешавад. Аз дигар тараф барқи мо тавассути нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад ва зиёне ба табиат намерасонад. Ин захираи барқароршаванда аст. Аммо бар асоси ин иқдом дар ҳама ҷо як соат, вале дар мо ду соат барқ хомӯш мешудааст ва ин шубҳаву суоле ба миён мерад, ки чаро чунин аст. Барои ҳамин чунин иқдом дар назари ман аҷибу ғариб менамояд."
Ба ҳар сурат, шоми имрӯз бар изофаи реҷаи ҷоринамудаи "Барқи тоҷик" сокинони Душанбе шоҳиди аксияи байналмилалии хомӯшкунии барқ ҳам хоҳад шуд. Сар аз имрӯз ба сурати расмӣ реҷаи хоси интиқоли барқ ба маҳаллоти маскунии Душанбе эълон шудааст. Ин реҷа интизор меравад, ки то аввали моҳи апрел идома кунад.
Бархе аз созмонҳои зистмуҳитӣ, ки аз иқдоми баргузории ташаббуси хомӯш кардани барқ пуштибонӣ карда буданд, аз қарори вакилони маҷлиси пойтахт истиқбол карданд, аммо баъид аст, ин иқдом сокинони пойтахтро, ки чанд рӯз ба ин ҷониб мушкили барқ доранд, хушҳол кунад.
Рӯзи 26 март аз соати 20:30 то соати 21:30 системаи равшанидиҳии шаҳрӣ ва рекламаву ороишоти илюминатсионӣ хомӯш ва аз соати 22:00 то соати 23:00 интиқоли қувваи барқ дар Душанбе қатъ карда мешавад...