Э.Раҳмон: "Гандум захира кунед."

Раисҷумҳури Тоҷикистон бори дигар аз мардум даъват кард, ки барои ду соли оянда маҳсулоти ғаллаӣ захира кунанд.
Ин даъвати раисҷумҳур дар ҳоле сурат мегирад, ки FAO ё Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал гуфтааст, ҳосили имсолаи гандум дар ҷаҳон 3,4 дар сад зиёд хоҳад шуд. Бахусус, Ҳинду Покистон ва Қазоқистон ҳосили хуби гандумро дар назар доранд.
Тоҷикистон ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна гандум ниёз дорад. Аз ин миқдор ҳудуди 800 ҳазор тонна гандум дар дохили Тоҷикистон истеҳсол шуда, ҳудуди 600-700 ҳазор тонна гандуму орд аз Қазоқистон ворид мешавад...


Аммо ин созмон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли гандум, талабот ба он низ бештар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ талабот ба гандум аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна расидааст.

ОЁ ЗАХИРАИ ҒАЛЛАДОНА ИМКОН ДОРАД?

Ин аст, ки коршиносон даъвати раисҷумҳур дар робита ба захираи дусолаи ғалладонагӣ аз сӯи мардумро номумкин медонанд. Давлатмурод Ҷумъаев, таҳлилгари умури иқтисод, ба ин назар аст, ки сокинони шаҳрҳо имкони захираи ғалларо надоранд ва мардуми рустоҳо метавонанд ҳосили ғалларо танҳо то як сол нигаҳ доранд.

Ҷаноби Ҷумъаев афзуд, "як шахс ё хонавода имкони нигаҳ доштани захираи дусола дар хонаашро надорад ва даъвати раисҷумҳур ба он идораву ташкилот, соҳибкорону тоҷироне рабт дорад, ки ба ғаллаву орд сару кор доранд. Ҳадафи ин даъват таъмини захираи дусолаи орду ғалла дар ҷумҳурӣ аз сӯи ҳамин ташкилоту идораҳо ва тоҷирон аст, ки метавонанд гандуму ордро харида захира кунанд."

"КИШТИ ГАНДУМ СУДМАНД НЕСТ"

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи баъзе соҳибкорон, парвариши гандум дар баъзе аз ноҳияҳо дар шароити феълӣ судманд нест ва мардум мева парвариш карда мефурӯшанду бо пули он орду гандум мехаранд.



Сулаймон Кабутов, соҳибкор аз ноҳияи Қубодиён, дар ин бора гуфт, "хонаводае, ки чаҳор фарзанд дорад, моҳона ду халта гандумро орд мекунад, ки солона 24 халтаро ташкил медиҳад. Аз замини назди ҳавлӣ, аз 8 халта гандум ё ҳудуди 400 килограм зиёд истеҳсол намешавад. Ман дар ҳавлии худ боғ дорам, ҳосилашро фурӯхта орди Қазоқистон мехарам, ки нисбат ба коштани гандум даҳҳо бор барои ман судманд аст. Зеро парвариши гандум ва ҳосили он хароҷоти харҷшударо ҷуброн намекунад. Ба ин далел, аксари мардум аз ғаллакорӣ даст кашидаанд. Ба илова, гандумро танҳо то як сол нигоҳ доштан мумкин."

КИШТИ ГАНДУМ АФЗУДААСТ

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадятим Замонов, сокини ноҳияи Шаҳритус, гуфт, имсол мардуми ноҳия ба далели болоравии қиммати орду гандум ба камбуди обу хушксолӣ нигаҳ накарда, бештар гандум кишт кардаанд.

Вай афзуд, "имсол нисбат ба соли гузашта гандум зиёд кишт шуд, ба ин далел, ки нархи як халта орд ба 135 сомонӣ расидааст. Кишти гандум дар 15 сотихи ҳавлӣ имкон дорад, барои 6-7 моҳ бирасад. Аз ин рӯ, бархе аз деҳқонон заминҳои иттиҳодияҳои деҳқониро иҷора гирифта гандум мекоранд."

Ба гуфтаи ҷаноби Замонов, ҳоло як халта гандуми хуби 50 килоӣ, 125 сомонӣ аст. Дар ҳоле, ки як халта орди навъи қазоқистонӣ ва истеҳсоли Шаҳринави Тоҷикистон ҳудуди 130 сомониро ташкил медиҳад. Яъне қиммати гандум аз орд 5 то 10 сомонӣ фарқ дорад.

"ТОҶИКИСТОНРО ГУРУСНАГӢ ТАҲДИД НАМЕКУНАД"

Бино ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ дар 202 ҳазор гектар кишти тирамоҳии ғалладонагӣ анҷом шудааст ва дар назар аст, ки ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шавад.

Акрам Файзов, корманди вазорати кишоварзӣ дар бораи ҳосили соли 2010 гуфт, "соли гузашта дар ҷумҳурӣ дар бахши давлатӣ ва хусусӣ 857 ҳазору 545 тонна гандум истеҳсол шуда буд."

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна гандум ниёз дорад. Аз ин миқдор ҳудуди 800 ҳазор тонна гандум дар дохили Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва дар ҳудуди 600-700 ҳазор тонна гандуму орд аз Қазоқистон ворид мешавад.

Ба гуфтаи Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ, мардуми Тоҷикистонро гуруснагӣ таҳдид намекунад, балки имкони дастрасӣ ё тавони мардум ба озуқа мояи нигаронӣ боқӣ мемонад.